Инъикоси Иҷлосияи таърихии XVI дар саҳифаҳои матбуот

Ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-ноябр таҷлил мегардад, дар Шуъбаи матбуоти даврӣ гўшаи маҷаллаву рўзномаҳое, ки дар он мавзўҳои номбурда инъикос ёфтааст, таъсис дода шуд.

Дар гўшаи мазкур хабару мақола ва гузоришу маълумотҳои рўзномаву маҷаллҳо, ки  бо забонҳои тоҷикию русӣ ва ўзбекӣ  роҷеъ ба масъалаҳои муҳими Иҷлосияи таърихии кишвар,  ки дар мавзўҳои он  таҳлилу баррасӣ аз таърихи баргузории Иҷлосия то ба имрӯз самтҳои асосии рушду нумӯи мамлакат дар  онҳо таҳлил шудааст, ҷамъовари гардида, дар хизмати  хонандагон қарор доранд. Хонандагони китобхона  метавонанд бо ворид шудан ба Шуъбаи матбуоти даврӣ аз ин нашрияҳо истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки 25 сол куқаддам, аз 16 ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16—уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва он саҳифаи наверо дар китоби давлатдории тоҷикон боз кард. Маҳз дар ин иҷлосия пояҳои мустаҳками давлатдории навини тоҷикон гузошта шуда, заминае барои барқарории сулҳу суббот дар ҷомеа ба вуҷуд омад. Кишвар аз вартаи нобудиву парокандагӣ, беҳокимиятӣ, даргириҳои бемаънӣ раҳо ёфта, сохти конститутсионӣ барқарор ва волоияти қонун таъмин гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки 27- октябри соли равон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Нишонаи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардад.

Абдураҳими  АБДУҚАҲҲОР,
мутахассиси Шуъбаи
матбуоти даврӣ

Барчаспҳо: