Соли 2015 11 ҳазору 156 нафар аз шуъбаи матбуоти даврӣ рӯзномаву маҷалла мутолиа кардаанд. Ин дар қиёс ба як соли пеш 4489 нафар бештар будааст.
Ба хонандагон 42669 рўзномаву 11940 маҷалла пешниҳод карда шуд. Бо дархости хонандагон ба Шуъбаи абанементи байни китобхонаҳо 1541 номгўи маҷаллаҳо пешниҳод карда шуд.
Кормандони шуъба дар фонди пўшида рўзномаҳои бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашршударо санҷида, аз рўйи феҳристи алифбоӣ ҷобаҷогузорӣ карданд. Корҳои ташхисӣ дар фонди пўшидаи шуъба ҷараён дошта, бастаҳои рўзномаҳо барои мақовабандӣ омода гардидаст.
Барои таъмини талаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 47 номгўй рўзнома бо забони давлатӣ, 19 номгўй маҷаллаҳои дохилӣ, 6 номгўй рўзнома бо забони русӣ ва 55 номгўй маҷаллаи хориҷӣ қабул гардида, бо рақамгузории махсуси бибилиографӣ ба фонди шуъба ворид карда шуд, ки дар маҷмўъ 12363 нусхаро ташкил медиҳад.
Бахшида ба санаҳои расмии Рўзи модар, Матбуоти тоҷик, Наврўзи оламафрўз, “Иди китоб” ва СААД намоиши рўзномаву маҷаллаҳо ташкил карда шуд. Барои баргузории “Рўзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ” зиёда аз 100 номгўй рўзномаву маҷаллаҳо ба намоиш гузошта шуд.
Дар партави Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва истиқболи “Рўзи ҷавонон” бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврӣ бо ҳузури беш аз 1000 нафар ҷавонони касбу кори гуногун се Мизи мудаввар таҳти унвонҳои “Муҳимият ва нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷавонон”, “Масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А. Р., таҳлилгари масоили байналмилалӣ А. Раҳнамо ва Раиси шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон М. Асрорӣ ширкат ва суханронӣ намуданд
Бахшида ба 70 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ феҳристи рўзномаву маҷаллаҳои даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар қаламрави Тоҷикистон нашр шудаанд, мураттаб карда шуд, ки то имрўз ба тарзи пароканда буданд.
Мураттаб намудани “Донишномаи матбуоти тоҷик” ҷараён дошта, дар соли ҳисоботӣ маълумотномаи энсеклопедии 100 номгўи нашрияҳо таҳия шудаанд. 44 шумораи аввалин рўзномаи тоҷикӣ-“Бухорои шариф” баргардон ва бо шакли электронии ВОРД гардонида шуд.