Муҳаммадиқбол Атоев сазовори ҷоизаи Кумитаи ҷавонон шуд

    

Муҳаммадиқбол Атоев, рўзноманигори ҷавон, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мудири Шуъбаи матбуоти даврии  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», барои дастовардҳои соли 2015 дар соҳаи рўзноманигорӣ ба Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ,  сарфароз гардид.
     Муҳаммадиқбол  Атоев  бо заковат ва андешаҳои солиму созандаи хеш ҳамчун ҷавони ватандўсту меҳанпараст дар миёни ҳамкорон ва ҷавонони кишвар маҳбубу маъруф аст.
     Мавсуф дар тўли соли 2015 ҳамеша пайгири вазъияти сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон буд. Маврид ба зикр аст, ки дар таҳлилу баррасиҳои Муҳаммадиқбол  Атоев  доир ба авзои ҷаҳони имрўз, танишҳои сиёсӣ, бархӯрди қудратҳо ва сиёсатҳо ҳамеша мавқеи миллӣ ва сиёсати давлатии Тоҷикистон дар ҷойгоҳҳои хоса қарор дорад.   
     Мавсуф муаллифи зиёда аз 100 мақолаи сиёсию публитсистӣ ва 400 мавод дар васоити ахбори оммаи чопию электронӣ мебошад, ки аксаран ба ҳаёти ҷавонони дохилу хориҷи кишвар равона шудаанд.
     Ҳайати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастоварди корманди худро қадршиносӣ ва Атоев Муҳаммадиқболро барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза табрик менамояд.
     Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадиқбол Атоев  қабл аз ин бо ифтихорномаву диплом ва сипосномаҳои зиёд аз ҷониби вазорату идораҳо қадршиносӣ шудааст.

Барчаспҳо: