Нақшу мақоми ВАО дар тарғиби Ваҳдати миллӣ

Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ нақши расонаҳои хабарӣ дар тарғибу ташвиқи Ваҳдати миллиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Имрўз дар толори Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот бо ҷавонон роҷеъ ба «Нақшу ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар рушду нумуи меҳан ва нақшу мақоми  ВАО дар тарғибу ташфиқи  Ваҳдати миллӣ» доир гардид.
Дар ҷорабинии манзкур  роҳбари Дастгоҳи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, адибони ҷавон,  донишҷўён ва кормандони китобхона ширкат доштанд.
Зимни суханронии худ  Абдураҳмон Хонов  роҳбари Дастгоҳи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иброз дошт, ки «ҳар нафаре, ки дар ниҳоди худ ҳисси ватандўстӣ, худшиносии миллӣ дорад, имрўз яъне  рўзи ҷашни Ваҳдати миллӣ  барои ў  ҳамчун як рўзи
муқарарӣ нест, балки  як рўзи ниҳоят азиз мўътабар ба шумор меравад »
.  
Номбурда  аз вохўрии нахустини роҳбари давлат бо ҷавонон, ки 2 –юми феврали соли 1993 баргузор гардида буд, ёдовар шуда, иброз дошт,  ки дар ҳамин мулоқоти таърихӣ роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд «бигузор мо як мудат  ба сери нон  нахӯрем, ранҷ
кашем вале бо кадом роҳе набошад  як давлатеро бунёд созем, ки дар он ҳуқуқи инсон, озодии сухан, бародариву баробарӣ ва муҳим аз ҳама оромиву осоиштаги ҳукмфармо бошад
».
Ҳамзамон Абдураҳмон Хонов қайд намуд, ки   Ваҳдати миллӣ барои ҷавонон бисёр дастовардҳои бўзургеро ба миён овард.  Мисоли равшани онро метавон дар бунёди Кумитаи кор бо ҷавонон,   таъсиси гранту квотаҳои Президентӣ,  дастгирии давлатии ҷавонон таъин гардидиани ин гурўҳ ба мансабҳои баланди давлатӣ ва бунёду азнавсозии ҳазорон майдончаҳои варзишиву толорҳои тамрин ва  ҳазорҳои дигарро метавон номбар кард.
Дар идомаи вохўри  муовини сардори Шуъбаи матбуоти даврӣ Ҷалолиддин Нуров аз нақши ВАО дар тарғибу ташфиқи Ваҳдати миллӣ сухан ронда қайд намуд, ки нақши воситаҳои ахбори омма махсусан матбуоти даврӣ дар  тар тарғибу инъикоси Ваҳдати миллӣ хеле назаррас мебошад .
Маҳз ВАО буд, ки моҳияту аҳамияти Ваҳдати миллиро  ба мардум расонид ва мардум хуб дарк  кардан, ки танҳо Ваҳдату ягонаги метавонад моро ҳаёти орому осуда бахшида , кишварамонро ба қуллаҳои баландӣ  пешравию шукуфои бурда расонад.
Дар чорабини ҳамчунин намоиши рўзномаву маҷаллаҳое, ки дар саҳифаҳояшон мавзўи Ваҳдат инъикос ёфтааст, пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

Абдураҳими  Абдуқаҳҳор,
Мутахассиси шуъбаи котибот

Барчаспҳо: