Кормандони шуъбаи кӯдакон ва наврасон дар доираи барномаи “Даъват ба Китобхона” рӯзе қабл вориди мактабҳои таълимоти умумии рақамҳои 24, 49, 74, 76-и пойтахти кишвар шуданд ва бо устодону хонандагон мулоқот карданд.
Дар мулоқот бештар дар бораи толори хониши кӯдакону наврасон суҳбат карданд ва аз бачаҳо хостанд дар рӯзҳои таътили тобистона вақти худро сарфи китобхонӣ дар ин толор кунанд.
Фазои фаъолияти китобхона метавонад манбаи ташаккули одоби муошират ва яке аз омилҳои самаранокии раванди хизматрасонӣ бошад. Ба китобхона хонандагони дорои фарҳанги гуногун ташриф меоранд. Бинобар ин китобдоронро зарур аст, ки худ дорои фарҳанги баланди муошират бошанд, то дар ташаккули фарҳанги хонандагон таъсир расонида тавонанд.
Тавассути фарҳанги миллатҳо тамоми мавҷудоти модиву маънавӣ ба мо намоёну дастрас мешавад. Бинобар ин фарҳангро принсипи эҷодии ҳаёти шахс ва тамоми ҷамъият номидаанд. Фарҳанг тамоми паҳлуҳои ҳаёту
Кормандони Шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо муддати як ҳафтаи охир ба мактабҳои № 62, 20, 9, 17 ва 18-и шаҳри Душанбе рафтанд ва дар мулоқоти бо муҳассилини ин макотиб масъалаи шеваҳои омӯзиши забонҳо дар Китобхонаи миллиро мавриди суҳбат қарор доданд.
Фиристодагони Китобхонаи миллӣ ба хонандагон аз мавҷудияти дарсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабӣ, инглисӣ, чинӣ ва куриёӣ