Омилҳои самарабахши ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ дар китобхонаҳо
Фазои фаъолияти китобхона метавонад манбаи ташаккули одоби муошират ва яке аз омилҳои самаранокии раванди хизматрасонӣ бошад. Ба китобхона хонандагони дорои фарҳанги гуногун ташриф меоранд. Бинобар ин китобдоронро зарур аст, ки худ дорои фарҳанги баланди муошират бошанд, то дар ташаккули фарҳанги хонандагон таъсир расонида тавонанд.
Тавассути фарҳанги миллатҳо тамоми мавҷудоти модиву маънавӣ ба мо намоёну дастрас мешавад. Бинобар ин фарҳангро принсипи эҷодии ҳаёти шахс ва тамоми ҷамъият номидаанд. Фарҳанг тамоми паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти инсонро фаро мегирад ва ҳамчун механизм дар коркард ва ташаккули ақлонию шуурнокии шахс хизмат менамояд.
Имрўзҳо бо пешрафти илму техника ва талаботи ҷомеаи муосир маданият ё фарҳанги фаъолияти соҳаҳои хизматрасонии илмию техникӣ низ дар мамлакат рў ба рушд ниҳодааст. Аз ҷумла хизматрасонӣ дар соҳаи китобдорӣ низ бояд ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шаванд. Дар даҳ соли охир дар Тоҷикистон масъалаи бунёди китобхонаҳо ба миён гузошта шуд, ки ин ба баланд гардидани фарҳанги китобдорию хизматрасонӣ дар китобхонаҳо таъсири амиқи худро гузошт. Рушди фарҳанги китобдорию хизматрасонӣ дар китобҳонаҳо аз замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва дигар барномаҳои соҳаи китобдорӣ оғоз гардид, ки ба пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим такони ҷиддие бахшид. Ҳамин буд, ки дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ китобхонаҳои азиму замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Хусусан Китобхонаи миллии Тоҷикстон, Китобхонаи шаҳри Ҳисор, вилояти Суғд, шаҳри Қурғонтеппа ва ғайраҳо шаҳодат ба гуфтаҳои болост.
Зикр ба маврид аст, ки яке аз талаботҳои нозуки аҳли ҷомеа ин муошират маҳсуб меёбад. Фазои фаъолияти китобхона метавонад манбаи ташаккули одоби муошират ва яке аз омилҳои самаранокии раванди хизматрасонӣ бошад. Ба китобхона хонандагони дорои фарҳанги гуногун ташриф меоранд. Бинобар ин китобдоронро зарур аст, ки худ дорои фарҳанги баланди муошират бошанд, то дар ташаккули фарҳанги хонандагон таъсир расонида тавонанд. Ва ногуфта намонад, ки баландбардории фарҳанги суханронӣ бояд қисми инкишофи касбии китобдоронро ташкил намояд.
Барои баланд бардоштани мавқеъ ва нуфуз пайдо кардани китобхонаҳо дар ҷомеаи имрўза ҳар як китобдор бояд меъёрҳои хизматрасонӣ дар китобхонаро хуб дониста бошад ва бо риояи принсипҳои одоби муошират (этикет) хушмуомилагӣ, боадабона, мулоиматӣ, дақиқӣ, масъулиятшиносӣ ва зиракӣ метавонад ба муваффақият ноил гардад.
Дар замони муосир талаботҳои хонандаи имрўзаро ба инобат гирифта, барои китобдорон дониши васеъ доштан, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ будан, бархурдор будан аз илмҳои фалсафа, равоншиносӣ, педагогика ва аз уҳдаи истифодаи технологияи иттилоотию барномаҳои махсуси соҳавӣ баромадан, низ яке аз сифатҳои олии китобдорон мебошад. Бе доштани ин донишҳо китобдор дар китобхона наметавонад нақши воқеии худро дар оянда иҷро намояд. Зеро кори китобхонаҳо сирф кори ҷамъиятӣ буда, китобдор ҳамеша бо аҳли ҷомеа сарукор дошта, бояд боварии мардумро ба даст орад ва диққати онҳоро ба хониш ҷалб намояд. Воқеан китобдор бояд қалби китобхона бошад. Яъне доимо дар коркарди илму донишҳо машғул буда, дар таъмини ғизои маънавии ҷомеа саҳмгузор аст.
Имрўз бо муҷаҳҳазнамоии китобхонаҳо бо техника ва технологияи замонавӣ фаъолияти китобхонаҳо ҷараёнҳои навро касб менамоянд. Мо бояд дар қатори масъалаи баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ дар китобхонаҳо ҳамчунин ба масъалаҳои мутобиқ намудани равандҳои фаъолияти китобхонаҳо бо талаботи ҷомеаи муосир ба монанди: рақамигардонии маводи иттилоотӣ, бунёди захираҳои иттилоотӣ-электронӣ, сомонаҳо, баргардони захираҳои бузурги китобии китобхонаҳо (махсусан китобҳои нодир), созмондиҳии китобхонаҳои вертуалӣ ва аз ҳама муҳим омоданамоии мутахассисони соҳибтахассус ва соҳибмалакае, ки ба рушди минбаъдаи фаъолияти китобхонаҳо муҳиманд, низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Фаъолияти китобдорӣ ба давраи нав ворид гардид, ки дар он кор бо таҷҳизотҳои электронӣ ва хадамоти фосилавӣ тавассути шабакаи интернет амали муқарарии китобхона шудааст. Бояд қайд намуд, ки китобдор имрўз имкониятҳои зиёдеро ба даст овардааст, ки тавассути он метавонад захираи электронии маълумот ва иттилооти библиографиро дастраси ҳазорон эҳтиёҷмандон гардонад. Хонанда имрўз тавассути таҷҳизотҳои замонавӣ метавонад пурра ба захираи бойи электронии китобхонаҳо дастрасӣ дошта бошад ва ҳамзамон бо китобдор (библиограф) тавассути шабакаи интернет дар тамос бошад.
Пайвасшавӣ бо шабакаи интернет имконияти фаровонеро натанҳо ба муштариёни миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он ва аз нуқтаҳои гуногуни дунё шароит фароҳам меорад, то ки муштариён тавонанд тавассути он бо фарҳангу анъанаҳои халқи тоҷик, таърих ва ҳаёти имрўзаи миллат ошно гарданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти фаъолияти кор баҳри беҳтар гардонидани раванди хизматрасонӣ ба хонандагон, баландбардории нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи имрўза ва ояндабинии соҳа, пеш аз ҳама бояд ба омоданамоӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон диққати махсус дода шавад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ин масъала низ борҳо дар маркази таваҷҷўҳи ҷомеа гузошта шуда буд. Имрўз бо талошу заҳматҳои содиқонаи устодон, соҳаи китобдорӣ пойбарҷо аст ва устодонро мебояд ҳар чӣ бештар дар сиришти шогирдони хеш завқи ин риштаи илмро бедор созанд ва илми хешро ҳамчун майдони ҷилвагоҳи касбият баҳри шогирдонашон дареғ надоранд.
Ба маврид аст, ки дар охир бо иқтибосе аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон сухани худро ба итмом расонам. «Танҳо мутахссиси соҳибистеъдод ва соҳибтахассус метавонад дар ташаккул ва рушди ояндабинии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва иқтисодиёти он таъсири мусбат расонад».
Сайзароб Надиров, корманди
Китобхонаи миилли Тоҷиикстон