Алӣ Бобоҷон - амакҷони шеъргўяки ман
“Адабиёт аз назари ман мисли чаҳор боғи рангинест, ки дар он ҳар гул бўю ҷилои хоси худро дорад, мегўяд шоир. Агар ба боғ дароеду ҳамаи гулҳо якранг бошанд, дилгир мешавед. Ман ҳам барои рангорангӣ ва сарсабзии боғи адабиётамон ало қадри ҳол ҳарорати дили худро мебахшам. Дар ҳар жанре, ки нависам, тараннуми меҳру садоқат ва корнамоии халқи азизамро қарзи худ мешуморам.” Алӣ Бобоҷон.
Алӣ Бобоҷон аз ҷумла шоирони маъруфи кӯдакнавис аст. 10 феврали соли 1936 дар шаҳри Конибодом дида ба олам кушодааст. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва журналистони СССР (1972) мебошад.
Соли 1959 факультаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Фаъолияташро дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”) оғоз намуда, минбаъд дар дигар нашриёт идома мебахшад. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст.
Аз соли 1960 то 2000 сол дар нашриёти «Маориф», рўзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал» ва «Занони Тоҷикистон” кору фаъолият намудааст. Сипас дар нашриёти «Адиб» фаъолияташро давом додааст.
Муаллифи қариб 600 очерку мақола ва публисистика аст, вале шўҳрат ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст. Аввалин асарҳояш соли 1955 рўи чоп омадааст.
Алӣ Бобоҷон асосан барои бачагону наврасон менависад. Осори манзумаш дар маҷмўъаҳои
«Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Гули бодом» (1966), «Парвози орзу» (1971), «Мавҷи суруд» (1973), «Некӣ ба некӣ» (1976), «Усто- парасту» (1978), «Нилуфар» (1980), «Осмондара» (1981), «Намаки зиндагӣ» (1986), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кўҳистон» (1993), «Базмия» (2000), «Шеъри истиқлол» (2001), «Сад барги Ҳисор» (2001), «Обаки зарин» (2003), «Паӣғоми парасту» (2003), «Алифбои паррандаҳо» (2004), «Меҳрпаӣванд (2006), «Мусиқии баҳор» (2008), «Наврўзи наврасон» (2012) ба табъ расидаанд.
Бисёр шеърҳои ў дар силсилаи «Китобхонаи бачагони халқҳои СССР» ки ҷумҳуриятҳои шўравӣ ба табъ мересонданд, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию ўзбекӣ, арманию озарӣ қазоқию қирғизй, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.
Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд.
Силсилаи мақолаҳои ў дар ҷилдҳои гуногуни Эниклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.
Алӣ Бобоҷон 50 сол ин ҷониб ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳури дар равнақи суруди миллӣ заҳмат мекашад. Соли 1984 дар Озмуни «Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон» ҷои аввал насибаш гардидааст. Дар хазинаи фонди тиллоии радиои Тоҷикистон зиёда аз 40 шеърҳояш ба оҳанг дароварда шудааст.
Барои шеърҳои аз ҳаёти кўдакон сурудааш борҳо ғолиби озмуни рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ гардидааст. Алӣ Бобоҷон дар маҷмўаи нави ашъори худ оҳангҳои дўстӣ ва садоқат, ҷавонӣ ва муҳаббатнамоӣ ва тақдири фарзандони Ватан бо сарчашмаҳои илҳоми муаллиф аст.
Шеъру таронаҳои шоир аз партави идеалҳои олии инсонӣ саршоранд.
Шеръҳои Алӣ Бобоҷон ба бачагон хислатҳои беҳтарини инсонӣ–накукорӣ, адолатнокӣ ва меҳнатдўстӣ мепарваранд.
Маҷмўаи шеърҳои «Бачаҳои хуб», ки ба бачагони сини миёнаи мактабӣ бахшида шудааст, дар кори таълиму тарбияи наслҳои навраси замони мо аҳамият дорад. Шоир Алӣ Бобоҷон дар шеърҳои худ меҳру муҳаббати падару модар нисбат ба кўдак, дўстӣ ва поквиҷдонии онҳо, манзараҳои дилнишини Тоҷикистон ва сулҳу амониро тараннум мекунад.
Ватан
Ватан,эй гулшани доимбаҳорам,
Туй авҷи барорам, ифтихорам.
Ту моро модари ғамхор ҳастӣ,
Дар оғушат ҳамеша бахтёрам.
Туӣ боғи ҳаёту бахти одам,
Умеду такягоҳи сулҳи олам.
Туро монанди ҷонам дўст дорам,
Ватан, ҷонам, азизам, меҳрубонам!
*** *** ***
Дар яке аз рўзҳои авали фасли баҳор мусичае «ку-ку» гўён суруд мехонд. Маҳмудҷони хурдакак, ки онро завқ бурда тамошо мекард, ба модараш рў овард;
-Бигў, очаҷон,
Чӣ мегуяд он?
Модар ба саволи Маҳмуд чӣ ҷавоб медиҳад?
Вақте, ки шумо ин маҷмўаро то охир мехонед, ҷавоби модарро меёбед.
Маҷмўаи «Мусича» ба кўдакони синни томактабӣ бахшида шудааст. Шоир Алӣ Бобоҷон лавҳаҳои хуби ҳаёти кўдакон, ҳар гуна бозию шодӣ ва рафторҳои неку ибратбахши онҳоро тасвир карда, ба кирдори нозеби баъзе бачагон писханд мезанад.
Бинокор мешавам
Дадои ман бинокор,
Бинокори тиллокор.
Дар шаҳру деҳ месозад
Ҳар гунна қасру манор.
Он кас барин мешавам
Ман устои пухтакор.
Калон шавам, месозам
Манораи соатдор.
«Осмондара» маҷўаи шеърҳо ва қиссаву достонҳои шоир Алӣ Бобоҷон буда, маҳсули эҷоди чандинсолаи ўро дар бар мегирад. Муаллиф кору рўзгори дўстони хурдсоли худ, ҷаҳони завқу эҳсос ва табъу рўҳи онҳоро дар зимни манзараҳои табиати Осмондараи афсонавӣ тасвир намуда, аз дўстиву рафоқат ва самимияту садоқати кўдакон сухан меронад, қаҳрамононашро аз пайраҳаҳои бачагӣ гузаронда, ба роҳҳои васеи зиндагӣ ҳидоят мекунад.
Укоча
-Оча, очаҷон, оча,
Ман дорам як укоча.
Кокулчаҳояш заррин,
Куртааш аз алоча.
Дорад ба гарданаш вай
Марҷонаки сиёча
Чашмаконаш каб-кабуд,
Хушрўяку зебоча.
Гиря намекунад ҳеҷ,
Қобилу гапдароча.
-Донистам, эй доноча,
Укочаи ту-зоча!
«Тоҷикистони ман» (Маҷмўаи очеркҳо, шеър ва публисистика. Барои бачагони сини миёна ва калони мактабӣ). Душанбе; Маориф, 1983.
- Адабиёт аз назари ман мисли чаҳор боғи рангинест, ки дар он ҳар гул бўю ҷилои хоси худро дорад, мегўяд шоир. Агар ба боғ дароеду ҳамаи гулҳо якранг бошанд, дилгир мешавед. Ман ҳам барои рангорангӣ ва сарсабзии боғи адабиётамон ало қадри ҳол ҳарорати дили худро мебахшам. Дар ҳар жанре, ки нависам, тараннуми меҳру садоқат ва корнамоии халқи азизамро қарзи худ мешуморам.
Таҳияи Фирўза Аҳророва,
мутахассиси пешбари шуъбаи
кўдакон ва наврасон