Субҳи имрӯз Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода Кордори Сафорати Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфт.
Директори Китобхонаи миллӣ меҳмони олиқадрро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллӣ, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ошно намуд.
Имрўз дар маҳфили «Дастони моҳир» шўъбаи кўдакон ва наврасон бахшида ба рўзи «Ғалаба» мавзӯъ сохтани мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, аз ҷумла тонк матраҳ шуд. Бачаҳо тонк сохтанд ва гуфтанд, ки бо ин тонкҳо мехоҳанд Ватани маҳбубро аз ҳар душман ҳимоя кунанд.
Нўҳуми май рўзи «Ғалаба» бар Олмони фашистӣ мебошад. Мардуми собиқ шуравӣ 1418 рўзи дароз ва душвор интизорӣ кашида, боварӣ доштанд, ки он рўзи