Ин мисраи устод шодравон Лоиқ ишораест ба мероси ў, ки мунтахаберо аз он дар китоби “Девони замон” мехонем. Ва дабиётшиноси маъруфи кишвар Абдураҳмони Абдуманнон сарсухани ҷолиба ба ин китоб навишта, ки ҳоло меорем.
Хуб, Лоиқ барои шеъри мо, васеътар бигирем, барои адабиёти мо ва агар боз ҳам густурдатар биандешем, барои фарҳанг ва ниҳоят, барои ҷомеаи сӣ соли охири қарни 20-ум ва баъд чӣ корҳоеро анҷом дод, ки худ бо
Бахшида ба Рӯзи Оила дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзўъи «Бобоҷон ва бибиҷони меҳрубон» баргузор гардид. Ҳадаф он буд, ки бачаҳо симои воқеъии бобову бибии худро дар коғаз тасвир кунанд. Ҳар тасвир бинише дорад саршор аз тахайюли бою рангини олами кӯдакӣ. Суоле, ки мураббиён пеши худ гузоштанд, ин буд: Бачаҳо бобо ва бибии худро метавонанд тасвир кунанд?
Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта буд, боздид ва шиносоии варзишкорони муваффақи кишвар, ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи эълони озмуни ҷумҳуриявии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” ташкил намояд.
Имрӯз, ду абаршоир, устодони назми муосир, ду шаҳсутуни шеъри миллат-Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат зодрӯз доранд. Ҳар касе бо шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот дорад, мебинад, ки даҳҳо тан аз ашъори ин ду шоири мумтоз пораҳо мегузоранд ва атрофи шеърҳо баҳс мекунанд. Рӯзест, ки ҳамагон аз шеър сухан мегӯянд, аз зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат ёд мекунанд.
Дар зер чанд намуна аз шеърҳо дар бораи ин ду абармарди шеъри тоҷикӣ меорем.
Имрӯз, 20 май, соати 17, дар толори калони Иттифоқи нависандагон, бахшида ба зодрӯзи шоирони бузург, устодони назми муосир – Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ, бо иштироки шоирон, созандагон ва мухлисони осори ин ду абармард базми шеър барпо мегардад.
Хоҳишмандон, марҳамат!!