Рӯзе, ки шеър бар лаб аст....

 Имрӯз, ду абаршоир, устодони назми муосир, ду шаҳсутуни шеъри миллат-Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат зодрӯз доранд. Ҳар касе бо шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот дорад, мебинад, ки даҳҳо тан аз ашъори ин ду шоири мумтоз пораҳо мегузоранд ва атрофи шеърҳо баҳс мекунанд. Рӯзест, ки ҳамагон аз шеър сухан мегӯянд, аз зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат ёд мекунанд.

 Дар зер чанд намуна аз шеърҳо дар бораи ин ду абармарди шеъри тоҷикӣ меорем.

Гулрухсор

Сеҳри сухан

(Аз пайи тобути розпӯши Устод Муъмин)

Ӯ рафт, суханваре ба ҷояш нарасад,

Аз лафзи дарӣ дурри сафояш нарасад.

Ойинаи обшор зангор гирифт,

Аз шаршарае савту навояш нарасад.

Ҳарфи наву ашъори наву шеваи нав,

Сабки нави асроргушояш нарасад.

Зангӯлаи дарси орифон аст хамӯш,

Аз мактаби дарбаста садояш нарасад.

Аз анҷумани адаб, ки бори аҷаб аст,

Ирфони нигоҳи ошнояш нарасад.

Аз ранги сухан ганҷи шараф бурд, намурд,

Дорои гадо ба хоки пояш нарасад.

Гӯянд: “Равему боз оянду раванд”,

Ӯ рафт, Қаноате ба ҷояш нарасад!...

Порча аз марсияи  Фарзона бa устод Лоиқ

Салом эй рафтанат ташрифи дигар

Салом, урдубиҳишти тозаву тар

Салом, эй Лоиқи имрузу фардо

Салом, эй шоири хуршеду дарё

Салом, эй муҳтавои ишқу ҳастӣ

Бимон бо соғари саршори мастӣ

Бимон қомусу фарҳанги муҳаббат

Бизан дар ҷони мо занги муҳаббат

Бимон, моро ватандорӣ биомӯз

Саводи хештандорӣ биомуз

Салом, эй кофару эй ринду бутсоз

Мусулмонии мо бо ту шуд оғоз.

***   ***   ***

Эй фарднавои ҳамсароён, Лоиқ,

Эй садри судури раҳкушоён, Лоиқ.

Эй нестият зи ҳастии мо зебо,

Ғайбат зи ҳузури мо дурахшон, Лоиқ.

***   ***   ***

Шаҳҷоизаи ҳаёти моӣ, Лоиқ,

Милоди пас аз вафоти моӣ, Лоиқ.

Дар банди қафасмӯҳраи худ фарсудем,

Муншии хати наҷоти моӣ, Лоиқ

***   ***   ***

Озарахш :

Халоиқ зинда хоҳад дошт Лоиқро,

Ки Лоиқ зинда медорад халоиқро!

  Ато Мирхоҷа

Барои аллома, шоири бузурги форсизабонони олам Муъмин Қаноат

Муъминтар аз ӯ миёни мо нест,

Ин тозагуҳар зи кони мо нест.

Андешаи коинотсайраш,

Дархурди дилу забони мо нест.

Табъаш бувад ошёни Анқо,

Яъне, ки дар ошёни мо нест.

Зардуштниҳоду рӯдакиҳарф,

Нуре, ки сиришти ҷони мо нест.

Шоҳи абадии мулки шеър аст,

Мулке, ки аз ин ҷаҳони мо нест.

Ӯ ҳайкали назм сохт, оё

Худ ҳайкали қаҳрамони мо нест?

Монандаи қуллаи Бадахшон

Оё масали тавони мо нест?

Як Носири Хусрави нав оё

Дар розгаҳи равони мо нест?

Холӣ зи шарори ҷонфурӯзаш

Оташкадаи Карони мо нест.

Пиронасар оташе, ки дорад,

Дар ҳеҷ дили ҷавони мо нест.

Гӯянд зи ному аз нишонаш

Давре, ки дар он нишони мо нест.

Пайғамбари шеъри форсӣ ӯст,

Тардид дар ин баёни мо нест!

Набиюллоҳ Суннатӣ

Ҷ а н н а т м и с о л

Гуфтам чаро даҳрӯзаҳо,

Ин осмон дар нола аст?

Ҳотиф нидоям карду гуфт:

Чашмам ба маргаш жола аст:

Муъмин Қаноат даргузашт!

Абрӯи абри пургиреҳ,

Таъзиядорӣ менамуд,

Бо марги Бозори Сабур,

Инак биборад ҳамчу рӯд

Муъмин Қаноат даргузашт.

Кулбори шеъри порсӣ,

Бо як-ду шоир монду бас.

Тарсам, ки миллат боз ҳам

Қадраш надонад баръабас.

Муъмин Қаноат даргузашт.

Тарсам, ки шеъри миллатам,

Ҳамчун ятими хастае,

Талбанда гардад дар ба дар,

Чун ҳолиё побастае.

Муъмин Қаноат даргузашт.

Алъон баҳори кишварам,

Барвақт чун пойиз шуд.

Тарсам нагӯянд одамон,

Шеъри дарӣ ночиз шуд.

Муъмин Қаноат даргузашт.

Рӯҳаш даме парвоз кард,

Гуфто барои анҷуман:

Бишнос қадри шоирон,

Дар ҳиҷрату андар Ватан!

Муъмин Қаноат даргузашт.

Дар моҳи поки раҳматаш,

Одинарӯзи анбарӣ.

Ҷаннатмисоле аз ҷаҳон,

Ҷонро намуд аз тан барӣ.

Муъмин Қаноат даргузашт.

Рустам Ваҳҳоб

Шаҳодати инсон

Ба таъзими устод Муъмин Қаноат

Нигоҳи равшани ту обшори Яздон буд,

Сукути лаҳзаи ту достону девон буд.

Силеҳи сулҳ намондӣ зи даст то дили хок,

Ҳамеша хонақаҳат арсагоҳу майдон буд.

Сурӯши минавият раъди аҳриманафкан,

Ниёишат нафаси ҷонфишони Раҳмон буд.

Ҳазор соли дигар дар қаламрави Хуршед

Нидо кунанд, ки “ӯ шоири Хуросон” буд.

Ғамат ба сина ниҳон ҳамчу ганҷи Қорун буд,

Нишот дар кафи ту парчами парафшон буд.

Иёри шеъри ту ҷуз дурри Рӯдакӣ набувад,

Ки дар сиришти ту фарҳанги Оли Сомон буд.

Зи ҷумла рутбаву унвону ифтихори ҷаҳон

Ҳамин бас аст, ки Исми ту Тоҷикистон буд.

Барои насли башар дафтари муҳаббати ту

Шаҳодатест, ки қарни ту қарни Инсон буд.

Ниҳода тан ба Ватан, ҷон бар осмон бурдӣ,

Чӣ ҷовидона нишастӣ, чӣ ҷовидон бурдӣ.