Бозгул Додхудоева 80-сола шуд

  Бозгул Додхудоева дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чашм ба дунё кушода баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад. Сипас факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад. Аввал муаллим баъдан ҷонишини директор ва панҷ соли дигар директори мактаби рақами 38-и шаҳри Душанбе шуда, кор кардааст.

  Мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ шуда кор кард.

  Аз соли 1988 то 1992 боз ба ҳайси мудири маорифи шаҳр фаъолият кардааст. Аз соли 1992 то соли 1994 вазири маориф, аз соли 1994 то 2000-ум муовини сарвазири ҳукумати ҷумҳурӣ будааст.  

  Аз ҷумлаи бонувони фаъол дар талоши сулҳ буд ва ягона зан узви Комиссияи Оштии Миллӣ дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Аз Бозгул Додхудоева ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:

Додхудоева, Б. Кори  университетҳои халқро беҳтар  намоем // Маориф ва маданият. – 1980. – 13 май.                                                                                                                       

Додхудоева, Б. Шарафи омўзгор: Мақолаи ҷонишини вазири маорифи РСС Тоҷикистон ба муносибати рўзи муаллимон // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 3 октябр.

Додхудоева, Б. Пайванди таълиму истеҳсолот: Мақолаи ҷонишини вазири маорифи РСС Тоҷикистон Б. Додхудоева // Газетаи муаллимон. – 1984. – 22май.                                                                                                                                          

Додхудоева, Б. Ту ятим нестӣ: Сўҳбат бо ҷонишини якуми раиси Правленияи Тоҷикистон фонди советии бачаҳо ба номиВ.И.Ленин // Занони Тоҷикистон. – 1988. –  №6. –  С.1-2.

Додхудоева, Б. Тарбияи томактабӣ-муҳимтарин зинаи камолоти ҷавонони мо // Мактаби советӣ. – 1986. – №3. – С. 6-9.

Додхудоева,Б.Зинаҳои нахустин.  Дар  бораи  комёбиҳои  яксолаи  соҳаи  маорифи  республика // Тоҷикистони Советӣ. –  1985. – 10 апрел.

Додхудоева,Б. Иқболи баланд: Мақоми табрикии ҷонишини вазири  маорифи РСС Тоҷикистон бахшида ба иди занон - 8 март // Газетаи муаллимон. – 1985. – 8 март.

Додхудоева, Б. Пешрафту иттиҳод ба самараи таълиму тарбия вобаста аст // Нидои ранҷбар. – 1993. – 1-6 январ

Дар бораи Бозгул Додхудоева

Додхудоева, Б. Мекўшам, то ки халқамро ба кор оям: Мусоҳибаи Ҳ.Раҳмат бо Вазири маорифи ҷумҳурӣ Б. Додхудоева // Омўзгор. – 1992. – 30 декабр.

Додхудоева, Б. "Ҳуқуқи моро давлат ҳимоят мекунад": Мусоҳибаи Ҳ. Ализода бо муовини нахуствазир раиси Иттиоди занони Тоҷикистон  Б.Додхудоева перомуни масоили нақши зани имрўза дар сиёсат ва раванди иҷтимоии кишвар // Ҷумҳурият. –  1998. – 9 май.

Ализода, Ҳ. Ба асри XXI бо Эмомалӣ Раҳмонов: Ифтитоҳи ҷаласаи фаъолзанони ҷумҳурӣ бо иштироки раиси Иттиҳоди занони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозгул Додхудоева  // Садои мардум. – 1999. – 30 сентябр.

Абдураҳмон, Б. Шукрона бояд кард: Оиди кор ва фаъолияти роҳбари маркази таълимии бонувони "Сарвар "Бозгул Додхудоева //Бонувони Тоҷикистон. – 2016. –  июн. – С.8-9.

Таҳияи Парвина Қаюмова,

корманди Шуъбаи библиографияи милл