Даричаи ошноӣ: Расул Ҳодизода

Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони таърихи адабиёт аст, ки ҳамзамон даст ба эҷоди асарҳои бадеӣ ва тарҷумаиҳолӣ задаву муваффақ  ҳам шудааст.  Яке аз сермаҳсултарин олимони тоҷик аст. Таҳқиқоти зиёду пурарзишаш бидуни шак сарвати илмии миллат аст.

Расул Ҳодизода 6 марти соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Адабиётшинос ва нависандаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1970), профессор (1984). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии  Осиёи Миёна (1950) ва аспирантураи АФ Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон (1954) муддате дар ин Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи мушовирии адабиёти тоҷикро ба ҷо овард.

 Солҳои 1954 –1960 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ, солҳои 1960 – 1972 мудири сектори таърихи адабиёти Институти шарқшиносии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон буд. Аз соли 1972 дар ваззифаи мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳо кор мекард.

Тадқиқоти Ҳодизода «Баъзе масъалаҳои омўхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX» (1954), «Сарчашмаҳои таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX» (1956, бо забони русӣ) ва ғайра, баррасии мавзўю мундариҷа ва муҳимтарин хусусиятҳои бадеии адабиёти асри 19–ро фаро гирифта, барои омўзиши мукаммали масъалаҳои адабии ин давра асоси мустаҳкам гузоштанд. Дар рисолаҳои ў «Шоҳин» (1974) ва «Аҳмади Дониш» (1976) нуқтаҳои печидаю баҳсталаби ҳаёт ва эҷодиёти ин суханварон таҳлил шуда, моҳияти иҷтимоию таърихӣ ва арзишҳои эстетикию ғоявии осори  онҳо муайян ва ҷамъбаст гардидааст.

Расул Ҳодизода доир ба ҷиҳатҳои гуногуни адабиёти гузашта мақолаҳои зиёде таълиф кардааст. Таълифи як қисмати «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1966) ва баъзе бобҳои «Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XIIXIY»( қисмҳои 1 – 2, 1976 – 1983)  ба қалами ў тааллуқ дорад. Хидмати Ҳодизода дар таҳия ва нашри интиқодию оммавии мероси классикӣ назаррас аст.

«Асарҳои мунтахаб» (1959), «Ҳикоятҳои халқӣ дар «Маснавӣ» - и «Румӣ» (1963), «Дафтари дилкушо» - и Соҳиб (1965, ба забони русӣ), «Калила ва Димна» ( 1966), «Девон»- и Анварӣ, «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ» (1984, ба забони русӣ) ва ғайра аз нигоҳтаҳои ӯянд ва ё бо сарсухану тавзеҳоти ў нашр шудаанд. 

Расул Ҳодизода аз солҳои 60 ба эҷоди асарҳои бадеӣ пардохта, ба мавзўъҳои таърихӣ (маҷмўаи «Танбўри дилкаш», 1966)  ва муосир як силсила ҳикояҳо навишт. Ӯ ҳамчунин муаллифи повестҳои «Сапедадам» ( 1970, дар бораи Аҳмади Дониш) , «Парвози Шоҳин» (1980, дар бораи Шамсиддин Шоҳин), пйесаҳои «Бахт дар чист?» (1978)  ва «Маздак» (1980) мебошад.

Дар романи ў «Ситораи дар тирашаб” (1983) воқеаҳои муҳимми таърихию иҷтимоии асри 19 ва фаъолияти адабию ҷамъиятии Аҳмади Дониш инъикос гардидаанд.  Баъзе ҳикоя ва повестҳояш ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Расул Ҳодизода дар тарҷумаи классикони адабиёти рус ва ҷаҳон саҳм гирифтааст. Тарҷумаи «Хотираҳои шикорчӣ» ва «Арафа»-и  И. С. Тургенев, «Рўзи охирини маҳкум» - и В. Гюго мутааллиқ ба қалами ӯ мебошанд. 

Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Заҳматҳояш бо медалҳо ва ифтихономаҳои давлатӣ қадр шудаанд.

Аз бойгонии Китобхонаи миллӣ шумо метавонед аз осори ин адиб ва муҳаққиқи заҳматкашида китобҳо ва мақолаҳои зеринро мутолиа намоед:

Ҳодизода, Р. Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ / Таҳрири А. Маниёзов. Душанбе: Ирфон,1964. – С.183 .

Ҳодизода, Р. Парвози шоҳин: Маҷмўаи очерк, ҳикоя ва қиссаҳои таърихӣ. – Душанбе: Ирфон,1980. – С.232 .

Ҳодизода, Р. Адабиёти тоҷик (асрҳои Ҳодизода, Р. Ситорае дар тирашаб: Роман. – Душанбе : Ирфон, 1983. – С. 446 .

Ҳодизода, Р. Ишқи духтари Рум: Порча аз қисса // Адабиёт ва санъат.-1985. – 28 феврал.

Ҳодизода, Р. Аз Рўдакӣ то имрўз. – Душанбе: Адаб, 1988. – С.288 .

Ҳодизода, Р., Неъматзода, Т.  Адабиёти тоҷик. Барои синфи XI. – Душанбе: Маориф,1989. – С. 317 .

Ҳодизода, Р. Рисолаи ноияи Абдураҳмони Ҷомӣ: Ҷомӣ ва робитаҳои адабӣ. – Душанбе, 1989. – С.24-30.

Ҳодизода, Р. Дар заминаи тафаккури нав: Тафаккури нав дар адабиёти бадеи тоҷик // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 3 январ.

Ҳодизода, Р. Мунодии мактабу маориф: Афкори маорифпарварӣ дар ашъори лирики Аҷзӣ // Омўзгор. – 1990. – 27 ноябр.

Ҳодизода, Р. Тақриз ба ҷои муқаддима: Чойнома- Тўйнома. – Душанбе, 1990. – С.3-5.

Ҳодизода, Р. На ситораҳо мерезанд: Романи таърихӣ. – Душанбе: Адиб, 1991. –  С. 432 .

                               Адабиёт дар бораи Расул  Ҳодизода

Афсаҳов, А. Тадқиқоти муҳим: Рисолаи Р. Ҳодизода «Шоҳин»// Маориф ва маданият. – 1974. – 15 август.
Соболев, О. Сурати аслии Аҳмади Дониш ёфт шуд: Мусоҳибаи мухбир бо мудири шуъбаи Институти забон ва адабиёти Акдемиявии фанҳои Тоҷикистон Р. Х. Ҳодизода // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 1 апрел.
Самад, В. Достони ситораи саҳарӣ: Таҳқиқи романи Аҳмади Дониш Ситорае дар тирашаб аз тарафи  Р. Ҳодизода // Садои Шарқ. – 1985. – №1. – С.109- 110.
Бобоев, Ю. Фурўғи ситораи тирашаб: Оид ба романи Расул Ҳодизода. – Душанбе, 1988. – С.457- 468.
Гулмурод, П. Хомўш, ки ҷойи дам задан нест…: Аз эҷодиёти  адиби зиндаёд Расул Ҳодизода // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 10 июн.
Дар омода намудани ин мавод мақола аз Энсиклопедияи советии тоҷик ва маълумоти шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ истифода шуд.

Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ

Масъули ин бахш
Шуъбаи библиографияи
миллист