Доктори илм Қосимшо Искандаров бидуни шак муаррих ва пажуҳишгари таърихи садаи бистуми Афғонистон аст. Бахусус, дар таҳлили рӯйдодҳои ду даҳаи охир хеле афкоре баён дошта, ки метавонад чун беҳтарин маводи таҳлилӣ дар шинохти имрӯзи сиёсатҳо атрофи Афғонистон хизмат кунад.
Қосимшо Искандаров 27 – уми августи соли 1953 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд шудааст. Доктори илми таърих (2004) аст.
Соли 1979 факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) ба охир расонда, дар кафедраи фанҳои ҷамъиятии филиали дар Қурғонтеппа будаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба кор шурўъ кардааст. Солҳои 1981-1985 сафари хидматӣ дар Афғонистон, 1985-1988 таҳсил дар аспирантураи Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1989-1993 ходими илмии ҳамин боргоҳ, 1993-1999 ходими калон, ходими пешбар ва мудири бахши Пажўҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон буд. Аз соли 2000 дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон ба ҳайси ходими пешбар ва мудири шуъбаи таҳқиқоти низои минтақавӣ фаъолият менамояд.
Бештар ба омўзишу таҳқиқи таърихи навини Афғонистон шуғл варзида, ба паҳлўҳои гуногуни ҳаёти кунунии кишвари ҳамсоя равшанӣ андохтааст.
Аз пажуҳишҳои Қосимшо Искандаров дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳо қобили дарёфтанд:
Искандаров, Қ. Муҳаққиқе дар таърихи Хуросон. – Душанбе: Амри илм, 2001. – 110 с.
Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ- сиёсӣ дар Афғонистон нимаи дуюми асри XX. – Душанбе, 2004.
Общественно-политические движения в Афганистане (1995-2001) . – Душанбе, 2004.
Политические партии и движения Афганистана во второй половине XX века. – Душанбе, 2004.
Муаррихе дар таърихи Хуросон. – Душанбе, 2006.
Афғонистон: Толибон ва ташаккули марказҳои террористӣ. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 132 с.
Афғонистон дар ибтидои қарни XXI. – Душанбе: Сармад-компания, 2010. – 236 с.
Искандаров, Қ. Калиди сулҳи Афғонистон дар Покистон аст: Мусоҳибаи рўзноманигор Амруллоҳи Низом бо доктор Қосимшо Искандаров, раиси Маркази омўзиши Афғонистон ва минтақа // Нигоҳ. – 2015. – 20 май.