Суолу ҷавоби бомавқеъ аз шароити Китобхонаи миллӣ

Корманддони Шуъбаи библиографияи миллӣ дар мактабҳои  рақаи 30, 15, 41, 88, 93, 94 мулоқот бо хонандагонро аз мавзуъи бойгонии бойи Китобхонаи миллӣ оғоз карданд. ва гуфтанд, ки бинои нави Китобхона барои нигаҳдории 10 миллион дона китоб пешбинӣ шудааст.
Дар мулоқот, ки дар доираи барномаи вижа сурат гирифт, сухан аз чигунагии истифода аз ин хазинаи бузурги китоб рафт. Кормандони шуъба ба хонандагон гуфтанд, ки дар Китобхонаи миллӣ роҷеъ ба ҳар адиб, олим, ҳатто сарояндаву ҳунармандон агар мехоҳанд бидонанд, китобу мақола пайдо мекунанд.
Дар мулоқот миёни кормандони китобхона ва хонандагон саволу ҷавоб сурат гирифт. Бештари саволҳо атрофи дастхатҳои нодир, курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифода аз картотекаҳо, толори хониши электронӣ, истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет буданд.
Маврид ба таъкид аст, ки ин диду боздидҳо ва мулоқот бо хонандагон дар мактабҳо дар доираи барномаи “Даъват ба китобхона дар таътили тобистона” сурат мегирад.