Устод дар бораи шогирд

Охири соли гузашта Шӯрои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзноманигори шинохтаи кишвар Саломиддин Мирзораҳматовро ба узвияти худ пазируфт. Шояд дар таърихи Иттифоқ ин гуна рӯйдодҳо камназир бошанд, ки касонро ба ғоибашон ба узвият мепазиранд ва ин нишони қадршиносӣ аз заҳамоти пайвастаи Саломаиддин Мирзораҳматов аст, ки ин шабу рӯ беҳтару хубтар аз дигарон бори заҳмати чеҳранигории шахсиятҳои таърихиро мекашад. Ба шарофати қалами вай даҳҳо тан аз шахсиятҳои варзида, сиёсатмадорони шинохта ба хонандагон шиносоӣ шуданд. Беғаразона ва мӯшикофона таҳлил шудани гузаштаву имрӯзаи персонажҳо арзиши очеркҳои Мирзораҳматовро боло бурдааст.

Ва дар остонаи хайрбод бо соли 2018 дар Китобхонаи миллӣ ҳам бо ширкат ҷамъе аз донишмандон ҳамоише бо номи “Публисистикаи Саломиддин Мирзраҳматов-муаррифгари чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ” баргузор шуда буд ва дар ҳошияи он китоби адиби тоҷик «Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик» рӯнамоӣ шуда буд.

Ахиран устоди Саломиддин Мирзораҳматов, собиқадори матбуоти тоҷик Муқим Абдураҳмонов мақолае дар бораи ӯ таҳия кардааст, ки як меҳрномаи устод дар васфи шогирдро мемонад. Мақоларо дар зер меорем.

О В О З И     Ш И Н О С

… Занги телефон баланд шуд. Гӯширо мебардорам ва садои ошною форами дӯсти азизамро мешунавам. Кайҳост, ки ба ин садо одат кардаам. Он ҳамеша маро руҳбаланд менамояд ва даме бошад ҳам аз олами ҳиссиёти мағшуши айёми пиронсолӣ бадар месозад. Садои ошно аз  дуриҳои дур, аз худи Қазоқистон, аз он кишвари паҳновар, аз вилояти Кокчетав меояд, ки замоне, дар айёми нобасомониҳои диёри нозанинамон дӯсти маро дар қатори садҳо ҳамватанони фирориамон ба оғӯши худ гирифта, ҷои кору манзили истиқоматӣ ва нону намак  додааст.

Ҳоло ба ёд оварданӣ мешавам, ки вохӯрии нахустинамон бо ӯ кай рух додааст. Қариб 40 сол аз ин пеш—рӯзҳои охирини соли 1981-ум, вақте дар Қӯрғонтеппа вазифаи муҳарририи рӯзномаи вилоятиро ба ҷо меовардам,  рафиқони  ҳамкорам ҷавонмарди қоматбаланди ситорагармеро ба наздам дароварданду ӯро чунин муаррифӣ карданд:  

-- Саломиддин Мирзораҳматов, касби асосиаш омӯзгорист, ба наздикӣ аз Афғонистон баргаштааст, он ҷо ба сифати тарҷимон кор мекард, хоҳиши дар идораи рӯзнома кор кардан дорад…

Он замон ҳанӯз ҳайати кормандони эҷодиамон нопурра буд. Рӯзномаамон, ки рӯзномаи ҳизби буд, узви ҳизб будан ва аз обутоби сиёсӣ гузаштани Саломиддинро фаҳмида, ботинан хурсанд шудам. Ба ӯ супорише додаму гуфтам, ки масъалаи корро баъд маслиҳат мекунем.  

Саломиддин супоришро хеле бармаҳал ба ҷо овард. Навиштаҳояш гарчи ҳанӯз чандон пухта набуд, ба ҳар ҳол ба ман писанд омад. Вай аз рӯзҳои аввали соли нави 1982-юм дар шуъбаи ҳаёти ҳизбии идораамон ба сифати рӯзноманигор ба кор шуруъ намуд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ ба ман аён шуд, ки вай хеле меҳнатдӯст, боинтизом, ростқавл, хушмуомила, ҷӯуянда ва ёбандааст. Ин хислатҳои наҷибашро ба назар гирифта, агар ҳоло қувваи ҳофизаам сустӣ накунад, дар соли дуюми фаъолияти меҳнатиаш ӯро мудири шуъба таин кардем, ки  ин вазифаи пурмасъулиятро ҳам уҳдабароёна ба ҷо меовард.  

Дар соли чоруми ҳамкориамон ӯро ба идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Коммунист Таджикистана » ба сифати рӯзноманигори махсус дар вилояти Қӯрғонтеппа ба кор гирифтанд. Табиатан инсони хоксор, ки буд, ҳарчанд аз рӯи вазифа боло рафта бошад ҳам, робитаашро бо мо намеканд. Ҳар гоҳ ба наздамон даромада, ҳолу аҳволамонро мепурсид, ба навигариҳои идораамон мароқ  зоҳир мекард, ҷояш ояд  беибо  маслиҳат ҳам мепурсид. Корҳояш пеш мерафт, торафт равнақ меёфт ва дар як муддати кутоҳ дар ҷомеаи нави меҳнатӣ ҳам мақому мартаба пайдо менамуд. 

Сад афсӯс, ки дар ин мобайн баъди маъракаҳои бозсозии нобарори горбачевӣ вазъи сиёсии ҷумҳуриамон тағйир ёфт, он замон калимаи  « оппозисия », яъне мухолифин, маъмул гардид. Ҳамаи он кувваҳое, ки зидди ҳокимияти қонунӣ буданд, дар паноҳи ҳамин калимаи кутоҳ қарор доштанд. Сарварони мухолифин, ки бо маблағхои ҳангуфт ва ишораи хоҷагони хориҷиашон амал мекарданд, дар сар то сари ҷумҳурӣи вазъиятро муташанниҷ гардонда буданд. Гирдиҳамоиои сершуморе, ки дар шаҳру ноҳияҳо  ба амал меомаданд, сохторхои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти корхонаю муассисаҳоро фалач мегардонд. 

Вале маркази асосии фаъолияти мухолифин шаҳру ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе қарор ёфта буд. Дар ёд дорам, моҳи августи соли 1992 қариб ҳар рӯз дар бинои комиҷроияи вилоят ҷамъомади ситоди вилоятӣ оид ба муътадил гардондани вазъи сиёсии вилоят барпо мегардид. Ману Саломиддин низ дар ҷамъомадҳои ситод иштирок мекардем. Дар ин ҷамъомадҳо байни намояндагони ҳокимият ва мухолифин баҳсҳои шадиду тулонӣ ба амал меомад.  

Боре аз ҷониби ситод ба хардуямон супориш шуд, ки матни Шартномаи байни ҳокимияти вилоят ва мухолифинро оид ба тарзу тариқи силоҳсупорӣ тайёр намоем ва рӯзи оянда ба ҷамъомади навбатии ситод пешниҳод намоем. Мо аз маҷлиси ситод баромада, рост ба идораи рӯзномаамон, ки акнун дар кӯчаи марказӣ,  рӯ ба рӯи комиҷроияи шаҳр вокеъ буд, омадем ва то бегоҳирӯзӣ он маводро бо маслиҳати якдигар омода сохтем.

Аммо рӯзи дигар маводи бо заҳматҳои зиёд омода кардаи мо на ба ин тараф маъқул шуд, на ба он тараф.  Ҳиссиёте моро ғолиб омад, ки тарафҳо ба эҳсосот дода шуда, ғофил монданд ва  хоҳ-нохоҳ минбаъд сабабгори саршавии задухӯрдҳои шадид гардиданд.  

Рӯзи 2 сентябри ҳамон соли махуфи 1992-юм аз пагоҳирӯзӣ сар карда, дар назди комиҷроияи вилоят аввал намояндагони майдони Озодӣ баъди нисфирӯзи намояндагони майдони Шаҳидон ба гирдиҳамоӣ чамъ омада, ҳар яке бо шӯру ғазаб суханронӣ карда, талабҳои худро пешниҳод менамуд. Вазъият торафт тезутунд мешуд. Аён буд, ки ягон ходиси нохӯш  сар мешавад. Азбаски манзили ман аз ин ҷо хеле дур, дар маҳаллаи ҳамонвақтаи НИХИ воқеъ буду ҳаракати нақлиёт манъ шуда буд, пиёда ба роҳ баромада, қарибии бегоҳирӯзӣ ба хона расидам. Рӯзи дигар маълум шуд, ки баъди бозгашти ман дар ҳақиқат гирдиҳамоӣ ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтааст.

Бо хамин робитаамон бо Саломиддин канда шуд.

Ҳоло аниқ дар ёдам намондааст, тирамоҳи соли 1997 буд ё 1998, ки тасодуфан дар шаҳри Хуҷанд бо ҳам вохӯрдем. Маълум гардид, ки вай охири моҳи ноябри ҳамон соли саршавии ҷанг ба Қазоқистон рафта  будааст ва ҳоло он ҷо бо тиҷорат машғул аст. Ман ба ӯ гуфтам, ки баъди се рӯзи дар Қӯрғонтеппа сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ аввал ба Душанбе, сонӣ ба Исфара омадам ва алҳол рӯзноманигори « Садои мардум » дар вилояти Ленинобод мебошам.

Ҳамин тавр робитаамон боз барқарор гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол як бор бо ҳам вомехӯрем. Вай дар Хуҷанд низ дӯстони наздик дорад, монанди рӯзноманигорон ва адибони шинохта Бобоҷони Икром ва Неъматулло Мирсаидов, ки якеро шахсан, дигареро ғоибона, аз рӯи навиштаҳояш нағз мешиносам. Саломиддин баъди дидорбинӣ бо онҳо ҳатман ба Исфара, ба назди ман ҳам меояд ва мо чун бародарони чонӣ бо ҳам вомехӯрем ва бо суҳбатҳои ширин ғубори яксола аз дилҳо бурун меорем.

Бо мурури замон фаҳмидам, ки вай то соли 1996 ба сабаби ташвишҳои зиёди муҳоҷират ва тиҷорат бо кори эҷодӣ машғул шуда натавонистааст. Ин, албатта , табиист, зеро фаъолияти эҷоди муҳити нисбатан орому хотири ҷамъро тақозо менамояд. Ниҳоят ба у чунин фурсат фаро расидаасту боз калам ба даст гирифтааст. Боиси таваҷҷӯх аст, ки ин дафъа ҳамчун рӯзноманигор ва адиби баркамол сабку услуби худро аниқ муайян кардааст – чеҳранигорӣ.

Имрӯз, ки баъзе «таърихнигорон»-и навбаромад дар бораи шахсиятҳои маъруфи халқамон донистаю надониста ва  муғризона андешаҳои ботил меронанд, вазифаи пуршарафи ҳар як аҳли қалам аст, ки адолати таърихиро ҳифз намояд. Саломиддин ҳам бо ҳамин ният чанд сол маълумот ҳамъ кардаю бо шоҳидони зиндаи даврони шӯравӣ сухбатҳо ороста, дар бораи фарзандони фарзонаи миллатамон – Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, Султон Мирзошоев очеркҳои таърихӣ навишт, ки дар онҳо ба хизматҳои барҷастаашон баҳои холисона дода шудааст.

Китоби Саломиддин таҳти унвони « Қаҳрамонони асил ва дурӯғин», (таърих дар чеҳраҳхо ), ки соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии бародарии Қазокистон ба забони русӣ нашр гардидааст, кӯшишест дар офариниши симои ҳақиқии қаҳрамонони худ—иштирокчиёни ҳодисаҳои фоҷиабори ибтидои солхои 90-уми асри ХХ. Пайдост, ки он замон шахсиятҳои мухталиф ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ баромада, ҳар яке дар вусъати ҳодисахо ва анҷоми онҳо ба таври худ ҳиссае гузоштааст. Муаллиф аз байни онҳо чор нафар—Отахон Латифӣ, Бурӣ Каримов, Шодмон Юсуф ва Мирбобо Мирраҳимовро интихоб карда, портрети сиёсии ин фардҳоро, ки дар маркази гирудорҳои он давраҳои шӯрангез қарор доштанд, офаридааст. Вай ба мавзуи интихоб кардааш, офаридани симои воқеии шахсиятҳо бо нигоҳи тоза, холисона, бидуни ғаразҳои шахсӣ даст мезанад. Дар натиҷа симои қаҳрамононаш чун дар оина мунъакис гаштаанд.

Муаллифи китоб Отахон Латифиро ҳамчун қаҳрамони асил муаррифӣ карда, устоди худ мехонад ва хислатҳои наҷиби -- ҳақиқатҷуйӣ, мардумдӯстӣ ва ҳимоят аз умдатарин манфиатҳои халқу кишварро моҳирона ба қалам додааст. Он се нафари дигарро бошад ҳамчун қаҳрамонони дурӯғин тасвир кардааст, ки хислатҳои худкомагӣ, шҳӯратпарастӣ, манфиатҷӯӣ, риёкорӣ ва ғайра хоси онҳост.

Асари номбурда ҳаводорони зиёд пайдо кардааст. Ба он  шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ—драмнавис ва рӯзноманигор Нур Табаров, муҳаққиқ  ва публисист Рашид Ганӣ Абдулло баҳои баланд додаанд. Ин китоб кайҳо даст ба даст паҳн шуда рафтааст ва ҳоло хеле камёб аст.

Ҳоло Саломиддин се китоби дигар ба чоп ҳозир кардааст ва ният дорад худи ҳамин сол ба Тоҷикистон омада, онҳоро ба дасти чоп супорад. Вай дӯстонашро ҳам фаромӯш намекунад. Дар бораи академик, олими машҳури соҳаи кишоварзи Бобо Сангинов, ҷонишини вазири кишоварзӣ, иқтисоддон ва устоди кишоварзон Азиз Холов, ходими намоёни ҳизбӣ, мутахассиси варзидаи кишоварзӣ ва сарвари кордон Усмонқул Шокиров, ки сад дареғ, онҳо ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, очеркҳои хонданӣ навиштааст.   

Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки   дӯст ва ҳамкасби ман дар зарфи беш аз чоряк аср дар мусофират бошад ҳам, вақтро беҳуда нагузаронидааст. Баробари фаъолияти тоҷирӣ каламро ҳам аз даст нагузошта, дар бораи фарзандони фарзонаи Тоҷикистон, таърих ва фарҳанги он очерку мақолахо, китобҳо менависад. Ба туфайли навиштаҳои ӯ, ки бо забони русӣ иншо мешаванд, ҷаҳониён бо таъриху фарҳанг, анъаноти миллӣ ва ҳаёти воқеии халки мо огоҳ мегарданд.

Мубоҳисаҳои фейсбукӣ самти дигари машғулияти ӯст. Пайдост, ки вай дар навиштаҳояш ба хаёти даврони шуравӣ, шахсиятҳои маъруфи он замон холисона баҳо медиҳад, чунин мешуморад, ки он замон бо вуҷуди норасоиҳояш таърихи мост, дигар ин ки он замони бунёдкориҳо буд. Ҳарифонаш бошанд барои ин ӯро  бо ҳар гуна унвонҳои ночаспон, аз ҷумла «миллатбадбин», «руспараст», «сталинист» ва ғайра муттаҳам карданӣ мешаванд.                                   

Саломиддин дар навиштаҳои фейсбукиаш ба ҳамаи рақибонаш ҷавобҳои сазовор медиҳад. Аз ҷумла ба якеи онҳо навиштааст: «Дар мавриди ситоиши Сталин ҳаминро гуфтаниам, ки барои ситоишам арвоҳи Сталин ба ман маош намедиҳад. Ин ақидаи ман аст касе барои ҳамин ақидаам маро бад бинад, бад дидан гирад, нороҳат намешавам».

Ба ҳарифи дигараш, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба фасодзадагӣ муттаҳам карданӣ шудааст, муроҷиат карда навиштааст: «Дар давоми 27 соли баъд аз пошхӯрии СССР ман ба хулосае омадам, ки роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ, ки дар ҷайбашон корти узви КПСС доштанд, аз пешвоҳои шумо дида, ба худо наздиктар будаанд. Зеро онҳо шабу рӯз дар хизмати халқ буданд ва зиндагии хеле хоксорона доштанд. Коммунист Ҷаббор Расулов, роҳбари Тоҷикистони шӯравӣ, ҳамаги ду костюм дошт. Дар хонааш ба ғайр аз мебели солҳои 30-юм ва як   гилеми фарсуда дигар чизе набуд.  Дар давоми 21 соли роҳбариаш иҷозат надод, ки хонааш боре ҳам тармим шавад. Лекин шаҳрои нав, садҳо корхонахои саноатӣ, ГЭС-ҳои Норак, Варзоби поён, Сарбанд, Шаршар, Бойғозӣ сохт. Заминҳои ташналабро обёрӣ кард ва дар ин заминҳо садҳо деҳаву шаҳраки нав бунёд ёфт.  Вақте ки баҳори соли 2012 ба хонаи Қаҳҳор Маҳкамов—охирин роҳбари Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ ворид шудам, гилемҳои обшуста,  мизу курсиҳои солҳои 70-умро дида, дар ҳайрат мондам.»

Дар маҷлиси ботантанае, ки бахшида ба  25-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байни Қазокистон ва Тоҷикистон барпо шудааст, ба Саломиддин ҳам сухан додаанд, ки ин аз обрӯю эътибор ва мақому мартабаи баланди ӯ дар ин кишвари дӯсту бародар гувоҳӣ медиҳад. Вай дар ин маҷлис ба мисли сафири ҷумҳуриамон баромад  карда, доир ба робитаҳои ҳасанаи ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар бисёр мисолҳои ибратбахш овардааст. Чунончи, соли 1994 Қазокистон дар байни давлатҳои иттиҳод нахустин шуда, байни Душанбею Олмаато роҳи ҳавоиро кушод. Имрӯз Олмаато барои Тоҷикистон дарвозаест ба сӯи ҷаҳони дигар.

Соли 1993, вақте ки фирориёни тоҷик дар кӯчаҳои Олмаато дар ҷустуҷӯи кору манзили зист сарсону ҳайрон мегаштанд, ин боиси ташвиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад ва онҳо ба ҷорӣ намудани «тартибот» шуруъ мекунанд. Он гоҳ шоир ва мутафаккири бузурги қазоқ, маҳбуби тамоми халқ Олҷас Сулаймонов ба ҳокими ҳамонвақтаи Олмаато ва вазири корҳои дохилӣ муроҷиат карда, илтимос менамояд, ки ҳамватанони моро озор надода, будубоши онҳоро дар Қазоқистон қонунӣ гардонанд. Бо ҳамин таъқибот қатъ  гардидааст. Имрӯз дар Олмаато гурӯҳҳои сершумори тоҷикон умр ба сар мебаранд. 

Ибтидои солҳои навадум дар Қазоқистон барномаи телевизионии «Кӯҳҳоро паст назада, даштро баланд бардорем», ки онро Олҷас Сулаймонов барандагӣ мекардааст, машҳур будааст. Ба он ходимони ҷамъияти,олимон, шоирон, нависандагон, ходимони фарҳанги на танҳо Қазоқистон, балки тамоми Осиёи Миёна ва Россия даъват карда мешудаанд. Мақсад аз он иборат будааст, ки баъди пошхӯрии СССР дар Қазоқистони навин, мустақил ва бисёрмиллат дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва муросои миллиро ҳамчун таҷрибаи нодир нигоҳ  доштан ва равнақ додан зарур аст.

Олҷас Сулаймонов ба барномаи навбатии телевизион дӯсти худ—шоири тавонои точик Муъмин Қаноатро таклиф кардааст. Суҳбати ду нафар мутафаккирони бузург хеле пурмазмун ва шавқовар сурат мегирад.

Онҳо дар бораи таърихи муносибатҳои байниҳамдигарии ду халқи бародар сухан ронда, чунин лаҳзаи хотирмонро ба ёд меоранд—ибтидои солхои 20-ум ходими намоёни давлатии қазоқ, узви комиссия оид ба тақсимоти миллию ҳудудӣ Султонбек Хочанов бо исрор  талаб мекард, ки Тоҷикистон на ҷумҳурии мухтор, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақили СССР бошад.

Инак, боз як мисоли ибратбахше, ки Саломиддин дар бораи ҳамзистии осоишта ва муҳити муътадилу созандагии Қазоқистони бародари овардааст: дар зарфи чоряк асри охир ба ин кишвар тақрибан 200 ҳазор нафар ҳамватанони мо барои кор ва зисти доимӣ омадаанд. Ҷомеаи мусоиди иҷтимоӣ ба онҳо имконият додааст, ки дар як муддати кутоҳ ба ҷамъияти Қазокистон пайваста, шаҳрвандони комилҳуқуқи давлати сермиллат гарданд. 

Имрӯз Тоҷикистон барои Қазоқистон яке аз бозорҳои асосии фурӯши ғалла, маҳсулоти ғаллагӣ ва зироатҳои равғандеҳ мебошад. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармояи Қазоқистон ворид мегардад. Барои ин ҳамин як мисол кофист: шароити мусоиди тиҷоратие, ки дар фазои ҳуқуқии Қазоқистон асос ёфтааст, ба ҳамватани исфарагии мо- Миразиз Усмонов имконият додааст, ки натанҳо дар он ҷо корхонаҳои калон  созад, балки дар Шимоли Тоҷикистон ҳам ба сохтмони заводи истеҳсоли халтаҳои селлофанӣ сармоя гузорад.    

Саломиддин дар баромадаш оиди густариши минбаъдаи дӯстиву ҳамкории байни халкҳоямон боз таклифҳои ҷолиб пешниҳод карда, хотири хозиронро шод гардондааст. Ҳангоми суханрониаш ҳозирон борҳо кафкӯбӣ намуда, таклифу пешниҳодҳояшро хуш пазируфтаанд.

Сарфарозам ва ифтихормандам, ки дӯсти ман, ҳамкасб ва замоне ҳамкори ман, инсони хоксору захматкаш, рӯзноманигор ва адиби комёб – Саломиддин Мирзораҳматов дар зарфи чоряк аср дар мулки бегона заҳри мусофират чашида, ба чунин мақому мартабаи баланд расидааст. Навиштаҳояшро хонда, кас гумон мекунад, ки ӯ дур аз Ватан бошад ҳам гӯё ягон лаҳза аз он ҷудо набудааст. Набзи диёрро аз инҷоиён беҳтар ҳисс мекардааст. 

…Имрӯз якшанбе, рӯзи истироҳат. Ҳоло гӯш ба қимор истодаам, ки ана, ҳозир ӯ аз рӯи одат ба ман занг мезанад ва ман боз овози шиноси ӯро мешунавам. Пас аз ҳолпурсӣ дар бораи корҳояш кутоҳ нақл мекунад, баъзан хабарҳои хуш ҳам мерасонад, ғаму шодиашро ҳам бо ман ба ҳам мебинад.  Ӯ маро устод мехонад, ки аз ин  хиҷолат мекашам. Охир худи ӯ кайҳост, ки ба дараҷаи устодӣ  расидааст…

х    х   х

Вақте ки ин мавод ба чоп ҳозир мешуд, Саломиддин аз Қазоқистон занг зада, чунин хушхабар расонд: Шӯрои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯро якдилона ба узвияти ИН Тоҷикистон қабул кардааст. Ӯро сидқан табрик карда, комёбиҳои тозаи эҷоди орзу намудам ва гуфтам:

-- Ба қавли бародарони рус  «…и дальше так держать »

Муқим Абдураҳмонов, Ш. Исфара.

Барчаспҳо: