Шанбеи низофату покӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аз сари субҳ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату покӣ буд. Кормандон атрофи биноро тоза карданд, ҷӯйборҳои сабзазори ҳотаи китобхонаро аз хасрӯбаву баргҳои хазон тоза намуданд, алафҳои хушкидаро берун оварданд.

Бехи гулҳои сабзро нарм карданд, қисматҳои хазонрасидаи онҳоро тоза карданд.

Ҳамчунин дохили бино ва утоқҳои кориро низ тоза карданд.

Рӯзе буд рӯзи покиву низофат, рӯзи тозагӣ ва поккорӣ, ки қариб ҳар ҳафта чун анъана баргузор мешавад.

Расмҳо аз Хусрави Милод