Имрӯз барои Китобхонаи миллӣ рӯзи поккориву низофат буд.
Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд.
Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.
Саҳни бино ва роҳравҳои онро чоруб заданд ва бо об шустанд.
Поккории имрӯза ба ҳусни бино ва атрофи он зебоии дигар зам кард...
Акси Хусрави Милод