Муҳаққиқ бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ кўшиш ба харҷ додаст, ки саҳифаҳои китобхонашиносиву китобдорӣ ва хусусан библиографияи ниёконро мавриди омўзиш қарор диҳад. Дар он таърихи библиографияи ниёкон давра ба давра мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифта, дастовардҳои ҳар як давра мушаххасан арзёбӣ шудааст.
Библиография ҳамчун соҳаи илм ҳоло ҷавон аст.
Ба истиқболи рӯзи сенамои тоҷик Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ намоиши китоб ташкил кард. Аксари ин китобҳо пажуҳишӣ буда, дар солҳои мухталиф интишор ёфтаанд.
Хонандагону пажуҳишгарон метавонанд аз Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар оид ба сайри таърихии сенамои тоҷик, беҳтарин ҳунармандони кино, филмҳои солҳои гуногун ва