Нигоҳе ба таърихи библиографияи тоҷик
Нашр шуд 2017-10-11 17:39
Муҳаққиқ бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ кўшиш ба харҷ додаст, ки саҳифаҳои китобхонашиносиву китобдорӣ ва хусусан библиографияи ниёконро мавриди омўзиш қарор диҳад. Дар он таърихи библиографияи ниёкон давра ба давра мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифта, дастовардҳои ҳар як давра мушаххасан арзёбӣ шудааст.
Библиография ҳамчун соҳаи илм ҳоло ҷавон аст. Гарчанде баъзе шакл ва намудҳои фаъолияти библиографӣ дар замонҳои қадим ва дунёи антиқӣ, ки дар он давр ҳатто дар бораи мавҷудияти қоғаз ва китоб тасаввуроте ҳам набуд, бо истифода аз маводи дастрас (гирдаҳои сафолӣ, пўст ва барги дарахт, чарм, қиртос, сангу чўб ва ғайра) донишу афкори худро дар онҳо сабт ва дар хазинаҳою ганҷинаҳои нахустини инсоният, ки баъдтар номи китобхонаҳоро ба худ касб намуд, тарзҳои одии ҷоабҷогузории (таснифотӣ) китобхонавиро ихтироъ ва истифода менамуданд. Имрўз баҳри равшан намудани таърихи библиографияи тоҷик аз ҷониби номзади илмҳои таърих, дотсент, омўзгори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Қурбоналӣ Буриев рисола барои мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва библиографияшиносӣ таҳти унвони «Таърихи библиографияи тоҷик: аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХI» китобе чоп кард.
Муҳаққиқ бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ кўшиш ба харҷ додаст, ки саҳифаҳои китобхонашиносиву китобдорӣ ва хусусан библиографияи ниёконро мавриди омўзиш қарор диҳад. Дар он таърихи библиографияи ниёкон давра ба давра мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифта, дастовардҳои ҳар як давра мушаххасан арзёбӣ шудааст.
Муаллиф бештар ба осори илмии тахассусӣ, бахусус асарҳои олимони соҳаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ такя намуда, манобеи библиографӣ дар замони шўравӣ ва истиқлолияти кишвар интишорёфтаро бо назардошти талаботи илми китобдорӣ мавриди таҳлил қарор додаст.
Зикр кардан ҷойз аст, ки рисола ба олимон, донишҷуён, омўзгорон ва кулли мутахассисони риштаи китобдорӣ ва библиографишиносӣ хеле муфид хоҳад буд. Шумо метавонед ин рисолаи мазкурро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоед.
Валиев Ҷамил,
корманди шуъбаи
нигаҳдорӣ китоб