Шўъбаи нигаҳдории китоб
Шуъбаи нигаҳдории китоб яке аз калонтарин ва қадимитарин шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, он соли 1993 ташкил ёфтааст.
Шуъба дорои 2084571 нусха китоб аст, ки 233738 нусхаи он бо забони тоҷикӣ, 1797975 нусха бо забони русӣ 51858 нусха бо забониа ӯзбекӣ мебошад.
Шуъба аз 40 воҳиди корӣ иборат буда, айни ҳол дар он 9 сармутахассис ва 14 мутахассис, 11 мутахассиси пешбар машғули фаъолият мебошанд.
Фонди китобхона ҳамчун қисми таркибии сарвати фарҳангии миллӣ мусодирнопазир буда, таҳти тартиби махсуси муҳофизат қарор дода мешавад. Шуъба вазифадор аст, ки ҳамчун нигаҳдорандаи осори миллӣ ҳамаи осори чопӣ, бахусус беҳтарин асарҳои ходимони ҷамъиятӣ, илмию фарҳангии тоҷикро ҷамъоварӣ намояд. Асарҳои чопи нодир ва нусхаҳои хаттӣ дар бойгонии китобхона нигоҳ дошта мешавад. Захираи шуъба аз китобҳои ба забони тоҷикӣ, русӣ ва дигар халқҳои ИДМ ва адабиёти мазмуни универсалӣ дошта иборат мебошад.
Ҳифзу нигаҳдории фонд ва иҷрои талабу дархости хонандагон аз муҳимтарин вазифаҳои шуъба аст.
Китобҳо аз 1 то 152 0000 нусха китоб бо рақами инвентарӣ ҷобаҷо гузошта шудаанд. Аз соли 1978 то имрўз захира ба тарзи хронологияи воридшавӣ гузошта шудааст.
Шуъба дорои 12 махзан буда, 10 махзани он бо забони русӣ, 1 махзан бо забони тоҷикӣ ва 1 махзани дигар китобҳоеро бо забонҳои гуногуни бо забони ИДМ дар бар гирифтааст.
Шуъба дар ду баст: аз соати 8:00 то 20:00 бе рӯзи истироҳат кор мекунад.
Сардори шуъбаи нигаҳдории китоб
Маҳмадшариф Каримов
Тел: 221 02 18
Фаъолияти шашмаҳаи шуъбарои аз ин ҷо бихонед: Дар 6 моҳ ба 49979 нусха маводи чопӣ дархост шудааст