«Имло ва забони адабӣ»-и профессор Назарзода

Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар даврони истиқлолият ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст. Забони тоҷикӣ имрўз дар ҳақиқат ба як забони тавонои расмиву коргузорӣ табдил ёфта, тибқи  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Имрўз забони давлатии мо дар паноҳи давлат қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду густариши он тамоми иқдому чорабиниро дар амал пиёда менамояд. Асари «Имло ва забони адабӣ»-и доктори илми филология, профессор  Сайфиддин Назарзода ба масъалаҳои ташаккули таърихии имлои забони тоҷикӣ бахшида шуда, аз чор боб ва замимаҳо иборат аст.  Боби аввал масъалаҳои хат ва алифбои забони авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ ва алифбои арабиасоси тоҷикиро фаро гирифта, дар он ба овардани намунаҳои алифбо ва хат, инчунин садонокҳо ва ҳамсадоҳои ин забонҳо аз лиҳози тағйироти хронологӣ ва таърихӣ баррасӣ шудааст.
     Боби дуюми китоб ба масъалаҳои имлосозии забони тоҷикӣ дар давраи шуравӣ бахшида шудааст. Ин боб бахши аслии асар буда, аз шаш фасл иборат аст ва дар он ба таври муфассал дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, масъалаҳои гузар ба алифбои лотинӣ ва русӣ, фарҳангҳои имлои забони тоҷикӣ маълумот дода шудааст.
     Боби сеюм масъалаҳои марҳилаи навини ташаккули имлои забони тоҷикиро дар даврони Истиқлол нишон медиҳад. Он аз се бахш иборат буда, мавзўҳои забони тоҷикӣ ва сиёсати забонӣ, такмили имло ва таҳияи фарҳангҳои имлои забони тоҷикиро дар бар мегирад.
     Боби чорум бештар хусусияти татбиқӣ дошта, дар он дар намунаи навишти истилоҳот таъсири имлои забон ба хусусиятҳои вожагонии забон нишон дода шудааст. Он аз се бахш иборат буда, дар бахши аввал маълумоти таърихӣ оид ба илми истилоҳшиносӣ, даврабандии таърихи ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ дар давраҳои охири рушди забон (охири қарни ХХ то ибтидои асри ХХI), оид ба натиҷаҳои конференсияи забоншиносӣ дар соли 1967 (охирин ҳамоиши гуногунҷабҳаи забон­шиносӣ дар давраи Шўравӣ ) дода шудааст.
  Итминон дорем, ки асар барои муҳаққиқон ва пажўҳишгарони масъалаҳои гуногуни забони модарии мо дар таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ маводи хубе хоҳад буд ва он барои оммаи васеи хонандагон ва дўстдорони забони  ноби тоҷикӣ пешбинӣ мешавад.  Китоби мазкурро хонандагони гиромӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти рақами инвентарии №248591 то 248608  дастрас  намуда  метавонанд.

 Маҳмадшариф Каримов,
Сардори Шуъбаи нигаҳдории китоб

Дарёфти мавод: