Зарфи шаш моҳи охир кормандони шуъбаи такмили адабиёт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нигоҳдори китоб аз нашриётҳои кишвар бо теъдоди 1549 нусха (805 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 964 нусха (235номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул намуданд.
Аз ҷониби раёсати “Тоҷикматлубот”, Фонди ФР “Содействие”, “Россотрудничество”, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, КМ Туркия, Маркази илмии Камоли
Хурдтарин нусхаи чопи сангии Қуръони карим дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, ки бо хурдӣ ва зебогии махсус диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Андозаи дарозии ин китоби муқаддас 1,8 см буда, бараш 1,2 см ва вазнаш 1,6 грамм мебошад.
Дар ҳар як саҳифа 12 сатр навишта шуда, дар анҷомаш 10 муҳри курашакл зада шудааст.