Гурба ҳайвони хонагист, ки барои ҳама шинос аст. Агарчи на ҳама дар хона сагу гурба нигоҳ медоранд, вале тифлон хуб медонанд, ки гурба ҳайвони аслан хонагист. Агар дар хона ҳам онро надида бошанд, вале дар кӯчаҳо зиёд мебинанд, бо онҳо бозӣ мекунанд, чун гурбаҳо хислатан дӯстони тифлаконанд.
Садбарги сафед ҳам барои атфол бегона нест. Онро метавон сари ҳар қадам дид. Ҳатто бо роҳе, ки атфол ба Китобхона меоянд, гулгаштҳои зиёдро мегузаранд, ки ҳатман чашмашон ба навъҳои
Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар даврони истиқлолият ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст. Забони тоҷикӣ имрўз дар ҳақиқат ба як забони тавонои расмиву коргузорӣ табдил ёфта, тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Имрўз забони давлатии мо дар паноҳи давлат қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду густариши он тамоми иқдому чорабиниро дар амал пиёда менамояд. Асари «Имло ва забони адабӣ»-и доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода ба масъалаҳои ташаккули таърихии имлои забони тоҷикӣ бахшида шуда, аз чор боб ва замимаҳо иборат аст. Боби аввал масъалаҳои хат ва алифбои забони авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ ва