Садбарги сафед ва гурбача супориши дигари “Дастони моҳир” ба атфол

Гурба ҳайвони хонагист, ки барои ҳама шинос аст. Агарчи на ҳама дар хона сагу гурба нигоҳ медоранд, вале тифлон хуб медонанд, ки гурба ҳайвони аслан хонагист. Агар дар хона ҳам онро надида бошанд, вале дар кӯчаҳо зиёд мебинанд, бо онҳо бозӣ мекунанд, чун гурбаҳо хислатан дӯстони тифлаконанд.
Садбарги сафед ҳам барои атфол бегона нест. Онро метавон сари ҳар қадам дид. Ҳатто бо роҳе, ки атфол ба Китобхона меоянд, гулгаштҳои зиёдро мегузаранд, ки ҳатман чашмашон ба навъҳои гуногуни садбарг бармехӯрад.
Гузашта аз ин ҳоло айёми хуши тобистон асту шаҳри Душанбе саропо гулпӯш аст. Аз ин рӯ дар чунин айёми хуш ва фазои гулпӯш баргузор кардани маҳфиле, ки гул дар он мавзуъ бошад, зебост.
Ин буд, ки имрўз дар маҳфили“Дастони моҳир” ҳамин ду мавзуъ ба ширкаткунандагон супориш шуд: гурбача ва садбарги сафед бо гулдон.
Хоҳишу пешниҳоди бачагонро ба назар гирифта, муаллима ба онҳо тарзи омода намуданашро фаҳмонид. Шарт он буд, ки ҳам гули сафед ва ҳам гурбача бояд аз пахта омода карда мешуд.
Бачаҳо бо тавсияи муаллим аввал гулдон сохтанд, чун гул бе гулдон наметавонад бошад.
Гулдонро аз коғази ғафс, нигинҳо ва гулҳо аз пахта ва чӯбчаи пласмасӣ, гурбача аз  рангаи ғафс, пахта сохта шуданд.
Он чи бачаҳо сохтанд, дар аксҳо мебинед.