Шанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз кормандони Китобхонаи миллӣ чун анъанаи рӯзҳои баҳорӣ даст ба тозагиву низофат заданд. Зумрае дохили биноро тоза карданд, гуруҳи дигар дар даст белу каланд заминҳои атрофи онро побел карданд.
Замоне дар қисмате аз Китобхона бинои кинотеатри ба номи Ҷомӣ, яке аз қадимитарин кохҳои фарҳангӣ қарор дошт. Соли гузашта бо қарор шаҳрдорӣ он аз миён бардошта шуд ва зарфи чанд рӯзи охир пайи биноро кормандони бахши ободонии шаҳрдорӣ тахту ҳамвор мекунанд, то замини солҳо аз витамин покшударо дубора сабзахез кунанд.

Қисмате аз ҳамин замин ба Китобхонаи миллӣ низ наздик аст ва имрӯз кормандон сангу реги онро тоза карданд. рӯзҳои баъдӣ кор барои пурра ба замин табдил додани санглохе, ки ҳоло дар расм мебинед, идома хоҳад кард.