Аз субҳи имрӯз кор барои ободонии атрофи Китобхонаи миллӣ ҷараён гирифт.
Гуруҳе аз кормандон барои побели заминҳо ва тоза кардани он аз ҳар гуна гиёҳҳо, хасу хошок ва сангрезаҳо вориди майдон шуданд.
Ҳадаф аз ин талошҳо бо ободонӣ ба ҳусни Китобхона ҳусн бахшидан аст.
Сабзазори паси бинои пурҳашамати Китобхона макони тозаву дилкушоест, ки дар сурати пурра ба сабзазори хуррам табдил шудан ҳусни маконро
Дар мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ва сафири Фавқулодда ва Мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Аббосалӣ Гасанов дурнамои ҳамкориҳои китобхонаҳои ду кишвар ва таъсиси гӯшаи китобҳои тозанашри Озарбойҷон дар Китобхонаи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин мулоқот то зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ
Сухан аз шоири ҷавонмарг Пайрав Сулаймонист, ки 84 сол пеш, дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон олами моро тарк кард. Бо гузашти ин 84 сол ҳам мисрае аз ашъораш маъние худро гум накард. Он замон аз маъруфтарин шоирони замонаш буд ва ин замон ҳам аз ҳамон маъруфшудагон аст. Ҳамоно ӯро мехонанд ва аз тасвирҳои зебову маъниҳои дилрасаш ҳаловат мебаранд. Ҳикмати зинда будани баъд аз марг низ барои шоир ҳамин аст, яъне ӯро ёд кунанд ва ашъорашро бихонанд.
Пайрав Сулаймонӣ 15 апрели соли 1899 дар кӯчаи Ҳавзи Рашиди