Зарра бо хуршед пайвандад, ғаме аз хок нест...

Сухан аз шоири ҷавонмарг Пайрав Сулаймонист, ки 84 сол пеш, дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон олами моро тарк кард. Бо гузашти ин 84 сол ҳам мисрае аз ашъораш маъние худро гум накард. Он замон аз маъруфтарин шоирони замонаш буд ва ин замон ҳам аз ҳамон маъруфшудагон аст. Ҳамоно ӯро мехонанд ва аз тасвирҳои зебову маъниҳои дилрасаш ҳаловат мебаранд. Ҳикмати зинда будани баъд аз марг низ барои шоир ҳамин аст, яъне ӯро ёд кунанд ва ашъорашро бихонанд.

Пайрав Сулаймонӣ 15 апрели  соли 1899 дар кӯчаи Ҳавзи Рашиди шаҳри Бухоро дар оилаи Абдукаримҷони тоҷир ба дунё омад. Ба хотири бобояш ӯро Сулаймон ном гузоштанд, аз ин рӯ ӯро Отаҷон низ ном мебаранд. Пайрав тахаллуси шоирии ӯст.  

То соли 1911 дар мактаби ибтидои Бухоро, солҳои 1911-1914 дар мадрасаи форсии Марв хонда, аз соли 1914 то 1916 дар назди муаллимони хусусии забони русӣ дарс омӯхт.  Аз ибтидои  солҳои 1916 то 1918 дар Омӯзишгоҳи илмҳои табии Когон, ки марбути русҳо буд, таълим гирфтааст. Ин имкон дод, ки забони русиро хуб омӯзад ва бо ин васила бо адабиёти рус ошно шавад.

Аммо таҳсилаш дар Когон тӯл накашид ва ба охир нарасид. Соли 1918 амири Бухоро таъқиби сарсахтонаи зиёиёни рӯшанфикрро оғоз кард, то аз бедории афкори мардум ҷилавгирӣ намояд. Пайрав ҳам ногузир шуд тарки таҳсил кунад ва муддате хонанишинӣ пеша намояд. Агар ба зарурат ҳам берун мебаромад, либоси занона ба бар мекард ва ба сар фаранҷӣ мекашид. Ҳамин эҳтиёткорӣ ӯро аз таъқиби амирӣ наҷот дод.

Бино ба навиштаи муҳаққиқи ашъори Пайрав Сулаймонӣ, донишманди марҳуми тоҷик Соҳиб Табаров, бобои модариаш Муҳаммадяъқуби Мухлис аз шоирони хуби замонаш маҳсуб мешуд. Писари Мухлис Ҳошим Шоиқ тағои Пайрав буд. Соли 1921, вақте Ҷумҳурии Халқии Бухоро Ҳошим Шоиқро Сафири кишвар дар Афғонистон таъин мекунад, вай Пайравро чун котиби дуюми сафорат бо худ ба Кобул мебарад. Аммо дар Кобул Пайрав наметавонад беш аз як сол бимонад.

Баъди бозгашт ба Бухоро муддате пас ба Машҳад, ки холаҳояш он ҷо иқомат доштанд, меравад. Донишманди тоҷик сабаби сафари Пайрав ба Машҳадро ихтилофи хонаводагӣ медонад. Вай бо Нина ном тотордухтаре ошиқ шудааст, вале волидайн мухолифи издивоҷаш буданд. Дар чандин шеъраш Пайрав ба гирифтори ишқи тотордухтар будани худ ишора ҳам кардааст. Аммо дар Машҳад низ вай зиёдтар аз як сол намонд.

Пайрав аз Ҷумҳурии Мухтор эълон шудани Тоҷикистон истиқбол кардааст.  Ў робитаашро бо нашриёт  ва газетаву журналҳои  тоҷикии  Душанбе, Самарқанд, Тошкант  мустаҳкам  менамояд,  ба кори эҷодӣ  ҷиддитар  камар  мебандад.

Аз октябри 1930 то май 1931 Пайрав дар идораи  Нашриёти давлатии Тоҷикистон  ва то соли 1933 дар шўъбаи Самарқандии он кор кард.

Пайрав Сулаймонӣ 9-уми июни соли 1933, айёме, ки нав ба синни 34 медаромад, аз бемории домана дар шаҳри Самарқанд вафот кард. Ӯро дар мазори Шоҳи Зинда ба хок супурданд.

Шеърҳои нахустини Пайрав «Мувашшаҳ» (соли 1916) «Бародари ҷонӣ» (соли 1916)  «Иштиёқ» (соли 1918) «Ба  Саъдуллоҷон» (тақрибан  солӣ 1920)  ва ғайра  гувоҳӣ  медиҳад, ки ў бо таъсири  назми  классикӣ    ва махсусан лирикаи он ба машқи шеър хеле барвақт шуғл варзидааст. Дар шеъри «Ба муносибати  Инқилоби Бухоро»(соли 1920) шоир аввалин  бор ва мавзўи  инқилоб  рў овардааст, ки дар он шодии халқ  ва махсусан  ҷавонон тантанавор  садо медиҳад. Дар ин шеър  шакли  мустазод, оҳанг, нидо, зада, санъатҳои шеър ва махсусан  саҷъ  барои  равшану барҷаста гардидани мазмуну ғоя мадад расондааст.

Аммо  аввали солҳои 20 дар эҷодиёти Пайрав  миқдори ин гуна шеърҳо кам буда шоир бештар лирикаи ишқии пурсўзу гудоз офарид.

Мавзўъи  байналхалқӣ дар эҷодиёти Пайрав мавқеъ дот. Ў дар шеърҳои «Ду ҳуҷум» (соли 1927) «Ба ҷамъияти  Ҳилоли  Аҳмар» (соли 1927) «Якуми май ва МОПР» (соли 1928) , «Ҳиндустон» (соли 1928), «Аз дасти ту буд» (соли 1929), «Ба фалокатзадагони зилзилаи Эрон» (соли 1928), «Як қурбонии буржуазии Аврупо» (соли 1930), «Ба милитаристони Япония» (соли 1932) ва ғайра ба бисёр масъалаҳои муҳими байналхалқиӣ, махсусан ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ дар Чин, Хинд, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои Осиё, мубориза бар зидди ҷангҷўёни импераристӣ ва ғайра даст зада, равияи ашъори Садриддин Айнӣ, Абулқосим  Лоҳутиро аз адабиёти тоҷик  ва  Максим Горкий, В. Маяковскийро аз адабиёти рус дар ин мавзўъ давом ва инкишоф дод.

Дар охири солҳои 20 таваҷҷўҳи Пайрав ба мавзўъ ва масъалаҳои ҳаёти социалистӣ ва алалхусус, сохтумонҳои азими он дар Тоҷикистон  зиёдтар гардид. Дар шеърҳои «Сарват ва меҳнат» (соли 1930) «Ба зарбдор» (соли 1930) «Бар зидди  оппортунистони  «чап»  ва рост  ба ёрии  зарбдорон» (соли 1930) «Марши пионерон» (соли 1931) « Корвон»  (соли 1931) «Навиди  Вахшстрой» (соли 1933) ва ғайра  ба мавзўъҳои муҳими рўз даст зада, дар тасвири реалистии ҳаёт ва рангҳои романтикӣ  моҳирона  истифода бурдааст.

Пайрав шоири лирик аст. У дар лирикаи ишқӣ ва махсусан дар лирикаи иҷтимоӣ ва гражданӣ комёбиҳо дорад. Пайрав жанрҳои эпикии назм низ қувваозмоӣ карда достонҳои «Тахти хунин» (1931), «Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва матбуоти ранҷбарии тоҷик» (1931) ва достони нотамоми «Манораи марг»-ро офарид.

Пайрав дар офариниши шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам истеъдоди калон дошт. Дар гўшаи «Шашпар»-и Ж. «Бигиз» бо лақаби мустаори «Шашпардор» ашъори ҳаҷвӣ-нақизаҳо ба табъ расондааст.

Пайрав мутарҷими моҳир ҳам буд. Тарҷумаи шеърҳои ба В.И. Ленин бахшидаи А. Жаров, шеърҳои шоири зангии ШМА Ленкстон Ҳиюз, мазҳакаи Н.В. Гоголи «Ревизор» драммаи Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво» романи А. Серафимович «Сели оҳанин» баъзе мақолаи илмӣ – оммавӣ педагогӣ ва ғайра аз ҳунари тарҷумонии Пайрав гувоҳӣ медиҳад. Шеърҳояш ба русӣ, ўзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.

Се шеъре, ки интихоб кардем, ин ҷо мекорем, то хонандагони арҷманд бо ашъори мондагори Пайрав Сулаймонӣ ошноии муқаддамотӣ дошта бошанд.

Гар ту дар пайванд бошӣ, аз ҷаҳонам бок нест:
Зарра бо хуршед пайвандад, ғаме аз хок нест,
Аз гирифторонифитрокатсару сомонмаҷўй,
Хомаи аҳлиҷунунронуқтаи идрок нест.
Нест як ҷоме, кибо ёди туаш лабрез нест,
Нест пероҳан, ки аз ишқи туаш садчок нест.
Хастагонатро илоҷе нестҷуз уммеди сабр,

Нест ошиқ ҳар ҳаваскоре, ки лофи ишқ зад:
Бар тани ҳар кас қабои ошиқӣ чолок нест.
Хомтабъонро бигў, оби Хизр ҷустан хатост,
Дар ҷаҳон оби ҳаёте ҷуз шароби пок нест.
Сар ба Сар пучаст, зоҳид, маслакидеринаат,
Чашм во кун, он кимеҷўӣ ту, дар афлок нест.
Зоҳидо, то чанд аз маъшуқу майманъам кунӣ?

Бухоро , 1921. БИЁ- БИЁ

Биё, биё, биё, эй сарвқадди симинбар,
Нишин, нишин, нишин иняк даме, аё дилбар.
Бинеҳ, бинеҳ, бинеҳ он дасти хеш бар дўшам,
Ниҳам, ниҳам, ниҳам ин дасти худ ба зери камар.
Бирав, бирав, бирав, эй зоҳиди маломатгўй,
Бигў, бигў, бигў ин пандро барои дигар.
Магар, магар, магар, он ваъдаҳо дурўғин буд.
Чӣ шуд, чӣ шуд, чӣ шуд он ваъдаҳот, эй дилбар?
Сари, сари, сари ман хоки он қадамҳоят,
Дилу, дилу, дилу ҷонам фидо кунам яксар.
Нигаҳ, нигаҳ, нигаҳе кун ба ҳоли Пайрави зор
Сад, саду, саду сад сол зӣ ба-дин кишвар.

Бухоро, 1921. ТАЗМИНИҒАЗАЛИРЎДАКӢ

Инак, он номеҳрубон ояд ҳаме,
Боз он сарвиравон ояд ҳаме.
Медамад бўи хушаз анфоси ў,
Дар равони мурда ҷон ояд ҳаме,
Соҳили Ому, фазои дилкашаш,
Дар назар хулду ҷинон ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама ҷўшу хурўш,
Ҳамчу шўхе саркашон ояд ҳаме.
Моҳиёнаш ҳамчу оҳуихутан,
Гаҳ аёну гаҳ ниҳон ояд ҳаме.
Даста – даста мурғҳо андар ҳаво,
Сўи Ҷайҳун корвон ояд ҳаме.
Пайрав, аз тазмини онустоди назм,
«Бўи ҷўи Мўлиён ояд ҳаме».

Хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз Пайрав Сулаймонӣ метавонанд ин матолибро мутолиа кунанд:

Аз осори адиб

Сулаймонӣ , П. Якуми май ва МОПР: Шеър // Сабзаи навхез. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1930. – С.52-53.      
Сулаймонӣ, П. Калам //  Намунаҳои  адабиёти тоҷик . – 1940. – С. 391.
Сулаймонӣ,  П. Маҷмўаи шеърҳо. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1941. – 154 с.
Сулаймонӣ, П. Қалам: Шеър // Пионер. – 1958. – №6. – С. 9.      Сулаймонӣ, П.  КаламКалами санъат ва меҳнат Мурғак : Шеърҳо // Машъал. –  1969. – №11. –  С. 7.
Сулаймонӣ, П. Қалам; Насими баҳорӣ; Тазмини ғазали Рўдакӣ; Адиби ҷавон: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1979. –  25 декабр.
Сулаймонӣ , П .  Мурғак / Барои   бачагони  то  синни     мактабӣ. – Душанбе:  Маориф, 1982. – 5 с.
Сулаймонӣ, П. Калам умри ҷовидони  ман  аст // Адабиёт ва санъат. –  1989. – 27 апрел.
Сулаймонӣ, П. Ҳол ва модӣ; Нишони бенишонӣ: Шеърҳо. – 1994. –  15 июл.
Сулаймонӣ, П. Қалам; Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2004. – 11 ноябр.

Адабиётҳо дар бораи адиб

Сулаймонова, Г. Меҳргоҳи дили ман: Оид ба оилаи Пайрав Сулаймонӣ // Занони Тоҷикистон . – 1989. – №3. – С. 12-14.
Акбаров, Ю. Хун дар димоғи булбули мискин: Доир ба ашъори  ошиқонаи  П. Сулаймонӣ // Садои Шарқ. –  1992. – №5. – С.134-142.        
Сулаймонӣ Л.  Он беҳ нишоне надиҳад  ному нишонам: Доир ба эҷодиёти  шоир  Пайрав Сулаймонӣ // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 15 июл.
Айнӣ, С. Пайрав зи миён рафт: Шеър // Маориф ва маданият. – 1979. – 25 декабр.
Аминзода, М. Ба ёди Пайрав:  Сулаймонӣ шоири халқӣ // Анбоз . –  1999. – №10. – С. 8.
Сулаймонӣ, Г. Умри бисёр дар як шеър: Ба муносибати 100 – солагии Пайрав Сулаймонӣ // Ҷумҳурият. – 1999. – 25 декабр.
Одинаев, Н., Олимов, П. Чанд мулоҳиза дар бораи Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 17 июл.
Гулрухсор. Зарра бо хуршед пайванданд…: Ба муносибати 110-солагии Пайрав Сулаймонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 10 декабр.
Раҳмон, Ш. Шоири ҳамсадои  халқ: Ёдбуди Пайрав  Сулаймонӣ // Садои Шарқ. – 2010. – №1. – С.108-120.

Бо истифода аз маводҳои
Энсиклопедияи Саветии
тоҷик таҳияи Миҷгонаи Кароматуллозода,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ