Мунтазири лутфи ёронам ҳанӯз...Ёде аз шоири ғӯрамарг Ҷумъа Дӯст
Ҷумъа Дӯст. Баробари ба забон овардани ин ном меҳри беандоза ба қалбҳои ёру дӯстон, кулли хешу ақрабо ва инчунин дӯстдорони адабиёт ҳувайдо мешавад. Дубора рӯҳи поку ҷовидонааш бидуни ихтиёр бо чеҳраи шоду шукуфабораш пеши назар меояд. Ӯ ниҳоли навбари ғарқи гул дар майдони фарохи адабиёт буд. Бо сабки услуби шеъри навину муосир ва диди тозаю нав. Саҳифаҳои матбуоти солҳои 80-уми қарни гузаштаро дар қатори шоирони барҷастаю ҷавон шеърҳои шодравон Ҷумъа Дӯст рангу ҷило мебахшиданд. Вале, сад афсӯс! Дар айнӣ авҷи камолоти эҷодӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бо аҳли оилааш рӯзи 24-уми ноябр соли 1986 аз маҳфили мо рафт, ҷовидони рафт. Орзую омолҳои ширини бисёре ба дил дошт. Бо хеш абадӣ ба хок бурд. Танҳо барои имрӯзу ояндагони дӯстдорони адабиёт шеъру қитъаҳо нишона монд. Бале, бенишон нарафт. Ба қавли устод Гулназар Келдӣ то шеъраш ҳаст, то меҳраш дар дили ёру дӯстон маскан гузидааст, ӯ бе нишон нахоҳад рафт.
Пас аз марги Ҷумъа Дӯст соли 1990 аз тарафи нашриёти “Адиб” аввалин ва охирин китоби ӯ бо номи “Гули баҳман” ба табъ расид. Агар умр бақо менамуд, шодравон Ҷумъа Дӯст ба синни мубораки 68 қадам мегузошт. Дар ҳалқаи ёру дӯстон ва дӯстдорони адабиёт ҷашн мегирифт. Хазинаи адабиёти муосирро бо шеърҳои тозаи хеш пурҷило менамуд. Афсӯс. Ӯ ҳаётро хело зуд падруд гуфт...
Лағҷи Сиёвардан. Роҳи морпеч, тангу валангори Айнӣ- Панҷакент. Воқеъ, дар наздикии деҳаи Урметан. Ҳар боре, ки ба он ҷо гузар менамоям, ҳалоки фоҷеабори зиндаёд Ҷумъа Дӯст ба ёдам мерасад. Чи рӯзи сахте буд, он рӯзи сиёҳ. Чунин воқеаи мудҳишу гӯшношунидро касе ёд надорад. Гургони фикру андеша тану вуҷудамро талла менамоянд. Соатҳо дар ҳақи Ҷумъаи ғуррамарг қалбам пурхун мешавад.Оҳу шеван ба фалак бармехӯрад. Ба чор сӯ нигоҳ мекунам. Вале ҳамдарде ба хеш намеёбам. Нақлиёти зиёде рафтуо доштанд, байни сангу хок. Касе - касеро байни чангу хок намешинохт. Боло кӯҳи баланду дар пастии ҷарӣ рӯди пуртуғёни Зарафшон бо кибру ғурури мастона ҷористу ҷорист. Дар баробари вазидани бод сангу хок ҳар лаҳза ба руйи роҳ фуруд меомад. Нақлиёти мусофирон чун мӯрчагон байни сангу хок рафтуо доштанд. Худо паноҳ диҳад ба ин рӯзи баде, ки ба сари шоир Ҷумъа Дӯст ва аҳли оилааш ва инчунин бародараш Шоҳмаҳмад (собиқ директори мактаби миёнаи Вешканд ва раиси ҷамоати деҳоти Урметан) ба вуқӯъ омад. То ҳанӯз ба гӯшам навҳаи холаи Гулизор, модари ӯ, ки мӯйпарешон, рӯйканону бемадор дар болои тобути ду ҷигарбанд Шоҳмаҳмаду Ҷумъа, Қумрӣ-келин ва 3 нафар наберааш- Умеди 6 сола, Фурӯғи 3 сола ва Манижаи 2 сола менамуд, садо медиҳад. Ҳамдеҳагон ва ёру дӯстон дар ҳаққи эшон хун мегиристанд. Ҳавлии пур аз мурдаро дида медӯхтаму гӯё баробари зану марди гирён ва модари бемадори Ҷумъа кӯҳҳо ба садо меомаданду рӯди Зарафшон навҳа мекашид ва сангу хок месӯхту фарёд менамуд. Фавти фоҷеавии Ҷумъа барои ёру дӯстон, кулли пайвандону афроде, ки ӯро медонистанду мешинохтанд, талафоти гарон буд...
Ҷумъа Дӯст 11- уми майи соли 1952 дар рустои Вешканди ноҳияи Айнӣ дар оилаи Бобои Дӯст ба дунё омадааст. Бобои Дӯсти кишоварз бо меҳнати ҳалолу обу арақи ҷабин 2 духтару ду писари солеҳро ҳамроҳи холаи Гулизор ба воя расонданд. Бобои Дӯст як инсони бо фазли хирад ва номдори деҳа буд. Аз эҷодиёти бузургони адабиёт ва халқ шеърҳои зиёдеро медонист. Шоҳмаҳмаду Ҷумъа дар баробари таҳсил дар мактаби миёна ба саҳро рафта, ба кору бори падар ёрмандӣ менамуданд. Шеъру сурудҳои қиблагоҳро бо иштиёқ гӯш намуда, меҳри адабиёт ба қалбашон рӯз то рӯз маскан мегузид. Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки ҳар ду бародар пас аз хатми бомуваффақияти мактаби миёна, пасу пеш ба Донишгоҳи Миллӣ, факултаи забон ва адабиёти тоҷик қабул шуданд. Шоҳмаҳмад пас аз хатми донишгоҳ касби пуршарафи омӯзгориро пеша намуд. Ҷумъа бошад аз соли 1974 то рӯзи ҳалоки фоҷиавиаш дар шӯъбаи адабии радиои тоҷик кору фаъолият намуд. Ҳар як барномаи радиоро мардум бо иштиёқ гӯш карда, фикру андешаҳои хешро барои пуробу ранг шудани барномаҳо ирсол менамуданд. Хусусан барномаҳои адабии радио шавқовару дилангез ҳисоб меёфт.
Солҳое, ки марҳум Ҷумъа Дӯст дар радио адои вазифа менамуд, шиносоии ману ӯ пайдо шуд. Гоҳ -гоҳ баъд аз машғулиятҳо ба хонаи радио омада, бо ӯ ҳамкорӣ менамудам. Ҳар дафъае, ки ба аёдати модари барҷомонда ва бузургвораш ба деҳа ба дидорбинӣ меомад, ҳатман ба деҳаи Урметан меомад. Бо ҳам ҷойҳои тамошобоби таърихии Урметани бостонӣ ва боғҳои дилкушои Ниёба, Эматк, Дашти бед ва Гулистонро тамошо намуда, ба ашхоси бузургу номдораш соатҳо сӯҳбатҳо меоростем. Ҳар як нақлу саргузаштҳои эшонро ба дафтари хотира қайд менамудем.
Ҷумъа Дӯст дар шаҳри Душанбе шӯъбаи адабии радио кору фаъолият менамуду вале иҷоранишин буд. Хонаи танги иҷора имкон намедод, ки модари мушфиқу гиромиқадри худро ба шаҳр орад. Биноан тез-тез ба дидорбинии ӯ ба деҳа меомад. Аз сӯҳбатҳои гарму ширини модари хеш баҳра мегирифт. Мо дилбастагиҳои зиёди ӯро нисбати модари чашминтизор дар шеърҳои “Модар”, “Ёди падар”, “Ду нома”, “Рағза”, ва “Деҳаи ман” дида метавонем. Чунончӣ шоир дар як рубои сурудааст:-
Эй модари ҷоннисор, чунӣ бе ман?,
Ғамхораву ғамгусор, чунӣ бе ман?.
Ман бе ту ятими дар ба дар хоҳам буд,
Эй модари дилфигор, чунӣ бе ман?.
Аммо, омадани Ҷумъа дар моҳи ноябри соли 1986 ба дидорбинии мо аввалу охирин буд... Воқеаи нохуш - садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Лағҷи Сиёвардани Урметандеҳ сабабгори ҷавонмаргии Ҷумъа Дӯсту аҳли оила ва марги бародараш Шоҳмаҳмад гашта, қалби ҳазорон афроди адабиётдӯстро реш-реш кард. Холаи Гулизор бо алами фарзандон пас аз ҳашт моҳ дунёи фониро падруд намуд...
Дӯсти ҷониам Ҷумъа Дӯст гуле буд, ки тез шукуфту зуд хазон шуд. Ҷояш дар чашмонам холӣ, вале ёдаш ва меҳраш дар қалбам сахт маскан гирифтааст, зиндаю ҷовидонӣ.
Пас аз марг бо мақсади хотираи абадии шодравон соли 1987 мактаби таҳсилоти миёнаи умуми деҳаи Вешканд ба номи ӯ номгузорӣ гашт. Ҳамкорону дӯстон аз шаҳри Душанбе барои мазораш санги нишон монданд. Дар охир бо як рубоии худи шоир ин сатрҳоро ҷамъбаст мекунем, ки гӯё аз фавти худ огоҳ буд:-
Рафтам сари гӯри падару сояи ман,
Омад зи паям боз чу ҳамсояи ман.
Монанди ятимаки падар гум карда,
Худро ба даруни гӯр зад сояи ман.
Муаллиф Шараф Боқӣ. Бознашр аз гурӯҳи Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаби Фейсбук.
Баъди нашри ин матлаб дар Фейсбук аз ҷониби муаллиф афроди зиёде шарҳ навиштанд ва аз ин шоири озодаву ҷавонмарг ба некӣ ёд карданд. Дар зер чанде аз онҳоро бидуни ислоҳ меорем.
Орифшо Орифов:
Замоне дар радио фаъолият доштам. Шодравон устод Ҷумъа Дустро аз наздик мешинохтам. Бисер инсони хоксор ва дониш манде буданд.Еди ин марди накухислат гиромӣ бод.
Маъруф Бободжон
Инсони шариф ва корманду хуби радиои чумхурй буд. Ашъораш самимй ва пур аз мехр буд.
Оқили Фозил:
Раҳматӣ Ҷумъа Дӯст ниҳоят инсони ҳалиму меҳрубон буданд.Аз Душанбе ба деҳа омада туи хатнаи фарзандашонро гузаронида,аз сабаби он ки ағбаи Анзоб душвор буд,мехостанд тавассути Самарқанд ба Душанбе раванд.Ҳангоми сафар бо мошини акояшон, ки аҳли оилаи Ҷумъабойро бояд ба шаҳри Самарқанд мерасониданд, ба садама дучор шуда онҳо вафот карданд.
Он солҳо ман дар деҳаи Вешканд ҳамчун омӯзгор фаъолият доштам.Нахустин маротиба ба рӯзномаи ноҳиявӣ пешниҳод намудам, ки мактабамон ба номи шоири ҷавонмарг Ҷумъа Дӯст гузошта шавад.Онро чанде аз ҳамкорон дастгирӣ карданд.Сипас қарори кумитаи иҷроия баромад.Хато накунам раиси онвақтаҶунайдов буданд
Додохони Эгамзод:
Ҳамсабақи азиз, дӯсти меҳрубон ва бародархонди зиндаёдам Ҷумъа Дӯст, дар хулди барин осудаву ором бош. Ту дар замири мо ҷовидон маъво дорӣ ва ҳар бегоҳи ҷумъа ниёиш мекунем, то рӯҳи покат шод бошад. Зеро:
Ҳосили давлати ҷавонии хеш
Домане пур зи обу хун дорӣ...
Бахром Фаизуллаев:
Чояшон чаннат бошад! Инсони биҳиштӣ буданд. Дар сарредаксияи гуфторҳои адабӣ-драммавии радио дар як кабинет устод Ҷумъа Дӯст, Галина Стешенко, Муҳаммадрахими Сайдар фаъолият мекардем. Пеш аз озими сафар шуданашон мо ҳамкорон чандин бор таъкид кардем, ки писартӯиро дертар, фасли баҳор гузаронанд, вале афсӯс, ки тақдирашон ҳамин будааст....
Атоӣ Абдулфайз:
Ҷумъабой ҳамкурси ман буд.
Мо соли 1974 бахши журналистии Донишгоҳи миллиро якҷо хатм кардем .
Давраи донишҷӯи дар ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Шаҳритусу Куйбешеву Ҳисор пахтачинӣ ҳам рафта будем.
Баъди Донишгоҳ ҳам, ҳар вақте аз Кӯлоб Душанбе меомадам. Идораи радио даромада хабараш мегирифтам.
Беҳтарин дӯст буд .
Табассуми ҳамешагиаш ҳеҷ аз ёдам намеравад .
Мусибати вазнине буд, бароям, ҳалокати ӯ ва аҳли оилааш..
Мегӯянд, Худованд дӯстдоштаҳояшро барвақттар мебарад .
Ҷӯмъабой шояд дар умраш пашшаро озор надода буд.
Ҷояш ҷаннат бошад! ...
Бобочон Шафеъ:
Ёди устод Ҷумъабой Дӯст гиромӣ бод. Ба мо ҳақи устодӣ доштанд, чанд солаке бо ҳам дар радио кор кардем. Оре, бехона буданд. Иҷоранишин. Вале баъдан аз радио хона ҳам гирифтанд. Аммо дар он хона шояд як сол ҳам назистанд. Марги беамон утодро бурд. Аз ишон касе нишон боқӣ намонд, ҳама ба ками Зарафшон рафтанд. Хонаи шоирро боз ба каси дигар доданд. Аз устод Ҷумъа Дӯст танҳо ҳамин китоби "Гули баҳман" бо сарсухани устоди зиндаёд Гулназар баъди маргашон чоп шуд.
Уғулой Ҷӯрабоева:
Ҷумъабойи раҳматӣ аз мо як сол калон буданд.Дар ошёнаи чоруми хобгоҳ ҳамроҳи Додохон Эгамов, Эҳсон Турдиқулов ва Фарҳод Қурбонов зиндагӣ мекарданд.Бо мо ҳамсоягонашон мисли бародар буданд.Ҳалиму хоксор,мулойимаҳвол,самимӣ...
Ин фоҷеаро шунида сахт андӯҳгин шуда будем.Илоҳо , бо бародар ва аҳли оилаи худ дар биҳиштҳо гашта бошанд,
Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бод!
Голиббек Гафуров:
Ин шахсиятҳои бузургро мешинохтам. Донишманду фарҳангдӯст буданд.
Афсус, ки умрашон кӯтоҳ будааст.
Равонашон шоду ëдашон гиромӣ бод !
Sattorzoda Abdunabi
Ёдаш гиромӣ бод.