Мирзошоҳрух Асрорӣ: рӯзноманигор ва вазири муваффақ
Нашр шуд 2018-08-31 16:06
Замоне аз муваффақтарин вазирон маҳсуб мешуд. Аммо курсии вазирӣ барояш осон ба даст наёмада буд. Барои расидан ба ин вазифаи баланд, солҳо дар соҳаи фарҳанг кор кард: хабарнигор ҳам буду сармуҳаррири радио ҳам, директори он ва баъдан дар чандин вазифаи дигари фарҳангӣ ифои вазифа намуд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 августи соли 1953 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ходими давлатӣ ва сиёсатшинос. Шўъбаи форсӣ – англисии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон 1975 ва Донишкадаи сиёсат ва идораи шаҳри Тошкандро 1991 хатм намудааст. Фаъолияти кориаш соли 1975 аз омўзгори забони форсӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 44- ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) оғоз гардидааст. Солҳои 1975-1979 минҳайси тарҷумони забони дарӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ифои вазифа намуда, солҳои 1978-1980 муҳарири нашрияи «Ирфон» буд. Солҳои 1980-1982 хизмат дар сафи Артиши Шўравӣ ва солҳои 1983-1986 инструктори Кумитаи Марказии ЛКСМ –и ҶШС Тоҷикистон. Солҳои 1986-1989 Сармуҳаррири барномаҳои ҷавонони Радиои Тоҷикистон, солҳои 1989-1992 директори барномаҳои Радиои Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 Раиси кумитаи кор бо ҷавонони назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 1995-1997 сардори Раёсати телевизион ва радиои Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 1997-2003 мушовири вазир – роҳбари дастгоҳи кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2003-2006 сардори Идораи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе буд. Аз 1 декабри соли 2006 вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С.24.
Муаллиф. Н. Амиршоҳӣ.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Мирзошоҳрух Асрорӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед бихонед:
Проблема человеческого достоинства в средневековой исламской этике (историко филосовский анализ). – Душанбе, 2017. – 26 с.
Ифтихори миллиро фаромўш насозем: Мусоҳиба бо вазири фарҳаги Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Асрорӣ; // Минбари халқ. – 2008. – 9 январ.
Умедворам ВАО дар таблиғи дурусти қонунҳо саҳм мегирад: Мусоҳибаи Б. Дарвешзода бо вазири фарҳанг М. Асрорӣ // Минбари халқ. – 2009. – 9 апрел.
Истиқлолият – Шоҳсутуни Кохи миллат: Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон // Илм ва ҳаёт. – 2009. – №7-9. – С.3-9.
Баъди вазир шуданам, вазъи моли ман тағир наёфтааст!: Мусоҳибаи ошкорои радиои «Имрўз» ва шунавандагони он бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон // Фараж. – 2009. – 23 апрел.
Фарҳанг ва ташаккули маърифати омма: Мусоҳибаи А. Абдусамадов бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Асрорӣ // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 18 апрел.
Фарҳанг соҳаест, ки ба тамоми фаъолияти мардум вобаста аст: Мусоҳибаи ихтисосии Б. Шафеъ бо собиқ вазири фарҳанг М. Асрорӣ доир масъалаҳои фарҳанги миллӣ // Паёмномаи фарҳанг. – 2016. – №3. – С. 114-122.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ