Ҷавонтарин хонандагони Китобхона. Меҳмонони имрӯз ва рӯзҳои гузаштаву оянда. Чеҳраҳои зебо, нигоҳи кунҷковона ва таваҷҷӯҳашон ба китоб касро ба ояндаи миллат дилгарм мекннад. Инҳо ҳамарӯза меоянд ва дар толори кӯдакону наврасон китоб мехонанд. Хурдакакон расм тамошо мекунанд, бо ёрии мураббиён маънову мафҳуми суратҳоро мефаҳманд ва иддае талош мекунанд бихонанд.
Сеюмин маҷмуаи шеърҳои Саидаи Зайдулло бо номи «Меҳроби ғазал» ба дасти хонанда расид. Баъди «Паймонаи меҳр» ва «Накҳати бўстони ҷавонӣ» ин севумин маҷмўаи шоираи ҷавон аст.
Саидаи Зайдулло номзади илми филология адабиётшинос, дар шаҳри Душанбе дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Падараш Зайдулло Зикаев мурабии гуштини тарзи «Дзюдо» буда, модараш Сайлӣ дўзанда аст. Соли 1999 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 – шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм какрдааст.
Ёддошти ҳаким Абӯалӣ ибни Сино: “Вакте ки ба китобхона дохил шудам, ҳавлие дидам бисёр васеъ ва калон, ки дорои хонаҳои зиёде буд. Дар хар хона сандукҳои пур аз китоб меистоданд, ки китобҳоро бо назму тартиб дар онҳо чинда буданд. Яке аз хонаҳои махсуси китобҳои арабӣ ва шеър, дигаре оид ба фиқҳ ва хамчунин хар як хона ба китобҳои ҷудогона хос буд. Феҳристи китобҳои гузаштагонро мутолиа мекардам