Абдуғаффори Партав аз ҷумлаи касонест, ки ҳам рӯзноманигорӣ ва ҳам нависандагӣ кардааст. Ҳикояву повест ҳам навиштаву очерку лавҳа низ. Ва гоҳи дигар кори тарҷумонӣ ҳам кардаааст. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи ӯ мехонем:
АБДУҒАФФОРИ ПАРТАВ (Партоев Абдуғаффор) 13 августи соли 1943 дар деҳаи Арали ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) таваллуд ёфта, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба кори матбуот гузашта, дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» («Маданияти Тоҷикистон – «Адабиёт ва санъат»), нашриёти
Озарахш шояд ба муаррифии зиёд ниёз надорад. Аз шоирони маъруфи кишвар аст. Беҳтарин мутриб, беҳтарин оҳангсоз ва барои ҷавонони эҷодгар беҳтарин устод. Инҳо чанд ҳарфеанд, ки дар остонаи зодрӯзи адиби номвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ рехтанд. Ва он чӣ гуфтанду хондем арзёбии ҳаводоронаш аз шеъри ӯ, баҳои мунаққидон ба ашъораш буд. Ва расмҳое ҳам интишор ёфтанд, ки лаҳзаҳои зиндагии ӯро таҷассум мекарданд. Ӯ дар саҳна ҳам шеърашро мехонад ва ҳам таронаҳои хуш месарояд.