Абдуғаффори Партав: рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумон
Нашр шуд 2018-08-16 12:09
Абдуғаффори Партав аз ҷумлаи касонест, ки ҳам рӯзноманигорӣ ва ҳам нависандагӣ кардааст. Ҳикояву повест ҳам навиштаву очерку лавҳа низ. Ва гоҳи дигар кори тарҷумонӣ ҳам кардаааст. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи ӯ мехонем:
АБДУҒАФФОРИ ПАРТАВ (Партоев Абдуғаффор) 13 августи соли 1943 дар деҳаи Арали ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) таваллуд ёфта, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба кори матбуот гузашта, дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» («Маданияти Тоҷикистон – «Адабиёт ва санъат»), нашриёти «Ориёно», маҷаллаи «Тоҷикистон» ва шуъбаи илмию методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фаъолият бурдааст. Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи «Русский язык и литература в школах Таджикистана» мебошад.
Қиссаву ҳикоя ва тарҷумаҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Деҳи баланд», «Аҳли дил», «Нури дида», «Сарои канора», «Ҳикояҳои гурҷӣ» мунташир гардида, чанде аз ҳикояву очерку тарҷумаҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Ҳикояҳои адибони Тоҷикистон» (ба забони украинӣ), маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Хордаста», «Тазкираи адабиёти советӣ барои кӯдакон» (ҷилди 2), «Бо мавҷҳои зиндагӣ», куллиёти А.П. Чехов (ба забони тоҷикӣ; 1-4) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Баъзе аз навиштаҳояш дар китобҳои дарсӣ ва дигар дастурҳои таълимӣ, аз ҷумла, «Забони тоҷикӣ» (синфи 5), «Забони тоҷикӣ» (синфи 7) ва ғ. истифода ва чанде аз ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ тарҷума шуда, бархе дар Эрону Афғонистон ба табъ расидаанд
Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз нигоштаҳои Абдуғаффори Партав дар Китобхона миллӣ метавонед бихонед:
Деҳи баланд. – Душанбе: Ирфон,1984. – 120 с.
Аҳли дил. – Душанбе: Ирфон,1987. – 128с.
Нури дида. – Душанбе, 2003. – 96 с.
Ниниро об мебурд. – Душанбе: Нодир, 2010. – 39 с.
Андар шинохти Абдуғғфори Партав. – Душанбе: Эр-граф, 2012. – 104 с.
Одамшинос: Ҳикоя // Маориф ва маданият. – 1978. – 21 октябр.
Деҳи баланд: Ҳикоя // Маориф ва маданият. – 1979. – 7-10-12 июл.
Ниниро об мебурд: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. –1983. – 29 июл.
Моро хоҳар мефорад: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 25 ноябр.
Китоби аввал: Ҳикоя // Хорпуштак. – 1984. – №4. – С. 4.
Телефон: Ҳаҷвия // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 14 ноябр.
Оғози ширину анҷоми талх: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 10 апрел.
Чӣ навъ ҳаҷнавис мерўяд: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 5 июн.
Аз кўдакӣ сер нашудем: Ҳикоя // Газетаи муаллимон. – 1987. – 11 август.
Сарои канора: Порча аз повест // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 26 апрел.
Акнун ўро шинохтем: Ҳикоя // Илм ва ҳаёт. – 1990. – №7. – С. 35-48.
Фоли нек: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 28 март
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ