Зодрӯзи Усмон Шарифзода: Агар ӯ зинда буд, ба синни 72 медаромад
Тоҷикистон, модари ман, хонаи ободи ман,
Хотири ҷамъу дили шоду сари озоди ман,
Эй ғами ман, шодии ман, ишқи ман, бунёди ман,
Сарзамини гулфишонам, мулки ҳуснободи ман,
Шод бошу шод сабзу шод мону шод зӣ!
Ин чаҳор мисраъ аз Усмон Шарифзода аст. Шоири шӯридадил, оне, ки ҳар ҳарфи каломаш бӯйи Ватан дошт, меҳанпарасти воқеъӣ буд ва на дар сухан, балки дар амал. Кулли ашъораш ишқи меҳан аст ва ишқ дар каломи шоир ҳамин Ватан аст, ки агар Ватан набуд, на ишқ буду на зиндагӣ.
Агар дар ҳаёт мебуд, имрӯз аз баҳори 72 – умр гул мечид. Аммо дареғо, ки 8 сол пеш олами моро тарк гуфт ва ба раҳмати Ҳақ пайваст.
Усмон Шарифзода 31 марти соли 1945 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1964 мактаби миёнаи №80-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)-ро хатм намуда, соли 1971 шуъбаи шабонаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст.
Фаъолияти кориашро аз рӯзномаи «Комунна»-и ноҳияи Ленин оғоз мекунад. Баъдан чун ходими адабӣ дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ» кор кардааст. Муддате муҳаррири барномаҳо дар телевизиони давлатии Тоҷикистон ва корманди Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорон низ буд.
Ин шоири соҳибдил дар роҳи аз вартаи ҳалокат баровардани забон, аз забони ойила, кӯча ва бозор ба забони давлат ва саросарии ҷамъият, ба вусъати баланди байналхалқӣ баровардани забони модарӣ, ба хотири дар паноҳи қонун гирифтани забони модарӣ қатори дигар абармардони адабу фарҳанг муборизаҳо кардааст. Маҳз бо кӯшишу талошҳои ин марди шариф аз ҷониби Вазорати маорифи вақт соатҳои дарсии фанни таърихи тоҷик зиёдтар карда шуда, амиқтару дақиқтар омӯзиш оғоз ёфт.
Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон», «Дили модар», «Умре дар роҳ» чоп шудаанд.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш бо номи «Хонаи ишқ» соли 1985 ба табъ расидааст.
Соли 2006 бошад гулчини ашъораш бо номи “Қаламниҳоли ғам” чоп шудааст.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
15-уми июни соли 2009 аз олам даргузашт.
Хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз ашъори Усмон Шарифзода ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонанд пайдо ва мутолиа намоянд:
Шарифзода, У. Дили модар. – Душанбе,1984. – 173 с.
Шарифзода, У. Рўҳи зиндагонӣ. – Душанбе, 1990. – 232 с.
Шарифзода, У. Рўҳи саркаш. – Душанбе: Санадвара, 1998. – 104с.
Шарифзода, У. Қаҳқаҳаи гиряхез. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2004. –175с.
Шарифзода, У. Қаламниҳоли ғам. – Душанбе : Адиб, 2006. – 256 с.
Шарифзода,У. Аз ҳақтарошӣ то ҳақталошӣ. – Душанбе: Ирфон, 2007. – 112с.
Шарифзода, У. Моҳи накў: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 6 сентябр.
Шарифзода, У. Ёри ситорачинам: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964.– 16 феврал.
Шарифзода, У. Маранҷ: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 17 январ.
Шарифзода, У. Меҳри ватан: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 13 феврал.
Шарифзода, У. Мактуб ба деҳқон: Шеър // Ҳақиқат. – 1970. –10 ноябр.
Шарифзода, У. Гап надорӣ дўстам: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. - 10 январ.
Шарифзода, У. Ғазал // Комсомоли Тоҷикистон. – 1973. – 4 март.
Шарифзода, У. Ватан дорам: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 27 март.
Шарифзода, У. Ёди он лабҳо: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 22 март.
Шарифзода, У. Деҳаи ман: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1979. – 4 феврал.
Шарифзода, У. Гулрез: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 21 март.
Шарифзода, У. Мушкрўд; Ганҷи модарзод; Табобат мекунам дилро: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1980. – 18 ноябр.
Шарифзода, У. Дўст биё; Роҳи ҳамсоядухтар; Ғазал: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1980. – 19 январ.
Шарифзода, У. Офтоб; Ба В. И. Ленин: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 20 апрел.
Шарифзода, У. Бо савти чанг…; Шеър барои Сония Муродова, рақосаи театри халқии Файзобод: Шеърҳо // Точикистони советӣ. –1981. – 6 сентябр.
Шарифзода, У. Ба деҳқон: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 15 ноябр.
Шарифзода, У. Дидаи бедори халқ: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 24 октябр.
Шарифзода, У. Мавҷигул: Суруд // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 10 ноябр.
Шарифзода, У.Суруши аср: Шеър // Тоҷикистони советӣ. –1983. – 15 феврал.
Шарифзода, У. Замин бори замон бар дўш дорад; Шохаи арғувон; Бешуоӣ, Офтобо, бешуъои модарам: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 10 феврал.
Шарифзода, У. Ошиқони Варзоб; Дарё меравад: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1985. – 9 феврал.
Шарифзода, У. Зиндагӣ; Афсонаҳои ишқи ту; Ташна; Ишқбозӣ мекунам: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1986. – 24 август.
Шарифзода, У. Нома ба модар: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 24 декабр.
Шарифзода, У. Орзу; Дар санги чашма; Дунёи ман ишқ…; Зиндагӣ: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 26 март.
Шарифзода,У. Бо меҳнати хуни ҷигар: Шеър барои падараш Шариф Раҳим // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 2 апрел.
Шарифзода, У. Азизон, булбулам зери кафан, куш...(яъне кучост) Шеър ба хотираи шодравон Дўстмурод Алиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 18 апрел.
Шарифзода, У. Одамӣ гум кардам; Ғазали дил; Ҳайфи одам: Шеърҳо Точикистони советӣ. – 1990. – №. – 8. – С. 27.
Шарифзода, У. Ҳафт шаҳри ишқ ку? Одам куҷост ё тозиёнае ба худ; Ман меваи ғам ҳастам: Шеърҳо // Ҷумҳурият. – 1994. – 4 июл.
Шарифзода, У. Аз силсилаашъори «Модархудо»: Силсилаи шеърҳо. – 1999. – № 9. – С. 6.
Дар бораи шоир
Мўъмин, Ҷ. Қаҳқаҳи Усмон: Ба ифтихори 70 солагии адабиётшинос шоири ширинкалом Усмон Шарифзода // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2015. – 23 апрел.
Мўъмин, Ҷ. Қаҳқаҳаи Усмон: Ёде аз ашъори шоир Усмон Шарифзода // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 2 апрел.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ