27 -марти соли 2017
Агар умр вафо мекард, 13-уми марти соли равон Ҷумъа Одина, адиби номвар ва қурбонии ҳақиқату ростӣ ба синни мубораки 87 қадам мегузошт. Ҷумъа Одина аз ҷумлаи камшумортарин адибонест, ки гузаштаи нангини таърихро дар ҷомаи насри бадеӣ кашид ва низоми коммунистии вақтро такон дод. Романи “Гузашти айём”-и ӯ инқилоби тафаккур ба як давраи таърихии на танҳо миллати тоҷик, балки қавму миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ буд.