Аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони таърихи адабиёт аст, ки ҳамзамон даст ба эҷоди асарҳои бадеӣ ва тарҷумаиҳолӣ задаву муваффақ ҳам шудааст. Яке аз сермаҳсултарин олимони тоҷик аст. Таҳқиқоти зиёду пурарзишаш бидуни шак сарвати илмии миллат аст.
Расул Ҳодизода 6 марти соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Адабиётшинос ва нависандаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1970), профессор (1984). Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1950) ва аспирантураи АФ Ҷумҳурии
Баъд аз зуҳри дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили идонаи «Ҳамешабаҳор»-и шоири баноми кишвар Хайрандеш доир шуд. Маҳифил ин бор ба Рӯзи модар бахшида шуда буд ва дар он аксаран бонувони суханвар гирд омада буданд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхона, ки бо суханони муқаддимавӣ аҳли маҳфил ва меҳмононро хайрамақдам мегуфт, дар бораи баҳру Наврӯз ва Рӯзи Модар ҳарф
Субҳи бармаҳали имрӯз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои тозагиву ободонӣ дар саҳни бинои Китобхона ҷалб гардидаанд.
Остонаи вуруди баҳори нозанин аст ва ин анъанаест, ки дар ин гуна рӯзҳо кормандон даст ба ободонӣ мезананд, атрофро тоза мекунанд, дару девори ин бинои муҳташамро мешӯянд, зери дарохтону буттаҳои атрофи биноро нарм мекунанд, сангпораҳо ва ҳар гуна алафҳои бегонаро, ки то ин дам рӯидаанд, мечинанд.
Муҳибуллоҳ Қурбон 3- юми марти соли 1948 дар деҳаи хушноми Чоркўҳи ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, барои идомаи таҳсил ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи педагогии шаҳри Хуҷанд дохил мешавад. Соли 1969 донишгоҳро ба итмом расонида, ба пешаи пуршарафи омўзгорӣ машғул мешавад.
Муҳибуллоҳ Қурбон аз чеҳраҳои боризи