Адиб ва рӯзноманигори шинохта Муҳибуллоҳ Қурбон 69-сола шуд

Муҳибуллоҳ Қурбон 3- юми марти соли 1948 дар деҳаи хушноми Чоркўҳи ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, барои идомаи таҳсил ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи педагогии шаҳри Хуҷанд дохил мешавад. Соли 1969 донишгоҳро ба итмом расонида, ба пешаи пуршарафи омўзгорӣ машғул мешавад.
Муҳибуллоҳ Қурбон аз чеҳраҳои боризи қаламкашони насли охири Шӯравист, ки шаклгирии шахсияти онҳо ба замони миллатхоҳиву истиқлолталабии насли зиёии тоҷик рост омадааст. Ин даврон ба зиндагиву фаъолияти кори Муҳибуллоҳ Қурбон бетаъсир набуд.  

         Муддати шаш сол аз соли 1976 то соли 1982 дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи адабиёти Маскав таҳсил мекунад. Баъд аз омўзгорӣ аз соли 1980 дар вазифаи мухбир дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» корро оғоз кардааст. Дар ин нашрия 10 сол фаъолият дошт.

         Соли 1990 ҳафтаномаи «Ҳафтганҷ»-ро дар назди ширкати давлатии «Хизмат» таъсис дод. “Ҳафтганҷ” аз нахустин нашрияҳое буд, ки унвони он бо ҳуруфи порсӣ чоп мешуд. Нашри он аз соли 1991 оғоз шуда, соли 1993 мутаваққиф гардид. Ҳудуди 17 сол дар сафорати ИМА дар вазифаи мушовири сиёсӣ кор мекунад.

         Фаъолияташ дар сафоратро соли 2014 дар китоби ёддоштие бо номи «Дар сафоратхонаи Амрико ва берун аз он» рўи чоп овардааст. Дар китоб ба нуктаҳои зиёди ҷолиби инсонсоз, назокати дипломатӣ ва давлатмеҳварӣ метавон вохўрд, ки барои як ҷавоне, ки ба шаклгирии ояндааш бетафовут нест, ҳатто дастуруламал буда метавонад.

         Соли 2008 маҷмуи ҳикояҳояш бо унвони «Калобаи навард» рўи чопро дид. Инчунин, дар соҳаи кинодраматургия ба гуфтаи худаш “қувва озмудааст”. Аз рўи филмномаҳои ў соли 1989 филми ҳунарии «Маҳбуб» аз ҷониби коргардон Ёрмуҳаммад Аралев ва соли 2011 аз рўи сенарияи «Соҳил»-и коргардон Раҷабалӣ Пиров филмҳои ҳунарӣ бардоштаанд.

         Ҳоло аз рўи сенарияи «Агар дуздӣ намебуд…» коргардон Муҳаммадрабии Исмоил дар Телевизиони «Сафина» омодаи таҳияи филми ҳунарӣ мебошад. Ў дар соҳаи синамои ҳуҷҷатӣ низ якчанд филмнома навиштааст ва аз рўи онҳо филмҳои мустанад гирифта шудаанд.

         Инчунин, Муҳибуллои Қурбон барои рушд ва тарғиби адабиёти бачагона низ бо чопи нашрияҳои бачагона «Гул-гул» ва барои наврасон «Гулчин», ки дар онҳо мунтазам асарҳои адибони тоҷик ва хориҷӣ ба табъ мерасанд, низ саҳмгузор аст.

         Ҳоло дар пайи роҳандозии нашрия барои бачаҳо ба забони инглисӣ бо номи «Guliston» мебошад.

         Ў аз шахсиятҳоест, ки ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ худро бетараф намедонад. Бештар аз нигоҳи милливу давлатмеҳварӣ ба қазияҳо баҳои худро дорад. Аз ҷумла хонандаи тоҷик ба навиштаҳои ў дар мавриди масъалаи баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон ошност.

         Барои такмили ихтисос ва таҷриба наздик ба 30 давлати дунё  сафар кардааст. Сайёҳат ба мамлакатҳои олам, аз ҷумла кишварҳои мусалмоннишин аз машғулиятҳои дўстдоштааш мебошад. Дар чанд соли охир ба ИМА, Туркия, Чин, Афғонистон, Арабистон, Бангладеш, Ҳиндустон, Малайзия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар сафар доштааст. Аз якчанд кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла аз Фаронса, Олмон, Маҷористон, Австрия, Булғористон, Руминия ва чандин кишварҳоим собиқ Шӯравӣ дидан кардааст.  

         Оиладор соҳиби шаш фарзанд мебошад.

Манбаъ: tojnews.tj

Хонандагон метавонанд бо ин китобҳо ва мақолаҳои адиб дар Китобхонаи миллӣ шинос шаванд:

Қурбон, М. Зери чодари қиргун. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 128 саҳ.
Қурбон, М. Шавҳаркуш. – Душанбе: Адиб, 1988. – 144 саҳ.
Қурбон, М. Нешханди Аюби Ғафурзод: Дар бораи рассоми ҳаҷвнигор //Адабиёт ва санъат. –1990. – 27 сентябр.
Қурбон, М. Шавҳаркуш: Қисса. – Душанбе, 1998. – 189 саҳ.
Қурбон, М. 1 лаҳзаи сард аз 75 баҳори генерал: Абдулло Ҳабибов генерали тоҷик 75- сола шуд // Нигоҳ . – 2015. – 28 апрел.
Як мушт хок, ҳубоби рўи об: Мусоҳибаи рўзноманигор Муҳибуллоҳ Қурбон бо табиби халқӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ // Нигоҳ . – 2015. –10 июн.
Қурбон, М. Шикасти қолаби 80- сола: Дар Тоҷикистон пас аз 80 сол аввалин бор 29 рўз рўза доштанд // Нигоҳ . – 2015. –15 июл.
Қурбон, М. Навбат дар шаш миллион...сол мерасид!: Доир ба сафар ба ҳаҷ // Нигоҳ . – 2015. – 22 июл.

Таҳияи Истампулод Ормонов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ