Библиография дар тарғиби китоб чӣ нақш дорад?

Дар семинари “Нақши библиография дар тарғиби китоб”, ки баъд аз зуҳри дирӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии библиографияӣ доир гардид, ба муҳим будани тадбирҳо барои таблиғи китобу китобдорӣ таъкид шуд.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхона дар сухани ифтитоҳиии худ ба то кадом ҳад муҳим будани нақши библиографияро дар таблиғи китоб ишора кард ва гуфт дар фаъолияти умуми китобдорӣ библиография ҳамеша нақши калидӣ доштааст.  
Дар ин нишаст  Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ –фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҶумҳурииТоҷикстон   Қ. Ғуломзода, директори Хонаи китоби Тоҷикистон Қурбоналӣ Бўриев суханронӣ карданд.   
Б. Боев, директори  Китобхонаи давлатии патентию техникииТоҷикистон дар мавзўи «Нақши китобхона дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» ибрози назар намуд ва Сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар мавзўи «Нақши китоб дар афкори хонанда» суханронӣ кард. Номбурда иброз дошт, ки китоб ва танҳо китоб рушангари маърифати инсон аст ва мутолиаи он касро аз касодии маънавӣ раҳо месозад. Ёдовар шуд, ки  китоб калиди ганҷи маърифат аст инсонҳо маҳз аз мутолиаи китоб ба иззату бузургӣ ва донишу маърифат мерасанд.   
Сарвари бахши маълумотдиҳӣ–библиографии Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Меҳриниссо Каримова таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба захираҳои китобхонаи электронӣ ҷалб кард. Вай аз ҷумла гуфт:  «Имрўз мо китобхонаи электронӣ ва захираи бои электронӣ дорем, ки донишҷўён ҳамарўза аз он  истифода мебаранд. Пайдо намудани мавод тариқи феҳристи электронӣ ба донишҷўён аз тарафи кормандони китобхона омўзонида шуда, компютерҳо барои пайдо кардани захираҳои электронӣ ба монанди феҳристи электронӣ, маҷаллаҳои илмӣ –тиббӣ ва ғайраҳо ҷудо карда шудаанд».
Вай ҳамчунин гуфт, ки  “ҷамъбасти таҳлили кори маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар китобхонаи донишгоҳи тиббӣ худ гувоҳи он аст, ки ҷорӣ намудани воситаҳои электронӣ дар раванди таълим ва хизматрасонӣ ба корбарон имкон медиҳад, ки шахси ниёзманд ахбори лозимаро  зуд пайдо намуда, аз он самаранок истифода барад».
Ҳамзамон, саркитобдори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Н.Аҳмадова дар мавзуъи «Омилҳои рушди библиографияи адабиёти кўдакону наврасон» маърўза кард.
Мавсуф роҷеъ ба омўзиши вазъи кунунии библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон ва муайян намудани роҳҳои инкишофи минбаъдаи он таҳқиқи ду намуди библиография: библиографияи илмӣ –ёрирасон ва библиографияи тавсиявиро мувофиқ донист.
Дар поёни семинар миёни иштирокдорон як баҳси судманд ҳам доир шуд.