Даҳгонаи қадимтарин китоб: “Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ

“Дувалронӣ ва Хизирхон” аз шоҳкориҳои адабиёти форсу тоҷик аст, ки бешт ар аз 6 аср ба инҷониб мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва аҳамияти илмиву бадеии он заррае кам намешавад.  Амир Хусрави бинни Лочин Деҳлавӣ (таваллуд 651/1253 – вафот 725/1324) аз ҷумлаи шуарои форсигӯи Ҳинд буда, дар адабиёти форсу тоҷик аз мақому дараҷаи вижа бархӯрдор аст. 
Гузаштагонаш аз шаҳри Кешанд, вале замони истилои муғул ба Ҳинд ҳиҷрат кардаанд.  
Хусрав дар охири соли 651 хиҷрӣ, яъне 1253 мелодӣ дар шаҳрчаи Патёли наздикии Деҳлӣ дида ба олам кушодааст. Вале чун қисмати бештари умраш дар Деҳлӣ сипарӣ шудааст ва мазораш низ дар ин шаҳр аст, ӯро Деҳлавӣ мегӯянд.  
 Бино ба иқрори худаш хеле дер, дар синни 36-солагӣ ба навиштан оғоз кардааст. То замони мо аз шоир панҷ девони ашъори лирикӣ, бештар аз 300 қасида, ки гуфта мешавад 10 дарсади он фалсафист, омада расидааст.  
Сар аз соли  1289 Амир Хусрав ба навиштани достонҳо оғоз мекунад ва ба “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ бо номҳои «Матлауланвор», «Ширин ва Хусрав», «Маҷнун ва Лайлӣ», «Ҳафт биҳишт», «Оинаи Сикандар» низ ҷавоб гуфтааст.  Достони  “Дувалронӣ ва Хизирхон” аз ҷумла се достоне мебошад, ки баъди “Хамса” эҷод кардааст.  
Ин маснавӣ  байни солҳои 715/1315- 716/1316 навишта шуда, аз 4519 байт иборат мебошад ва он ҳикояти ишқи писари калонии Султон Аловуддин – Хизрхон бо духтари ҳокими Гуҷрот – Дувалрониро ба риштаи тасвир мекашад. 
“Дувалронӣ ва Хизирхон” яке аз беҳтарин асарҳои шоир ба ҳисоб меравад, ки аз иртиботи мусалмонон ва ҳиндуҳо дар Ҳинд ҳикоят мекунад.  
Дастнавис  таҳти рақами инвентарии 1613 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.
 Ноқисӣ: варақҳои 1, 2 дарида ва матни варақи 187 кўр шуда аст. 
Соли китобат- 989/1581/ дар варақи 191б буда, вале дар куҷо рўйбардор шуданаш номаълум аст.
Достонро  Маҳмуд ибни шайх Аҳмад Зоҳидӣ китобат кардааст. Гирдогирди матн хати тиллоҷадвал аст. 
Хаташ – навъи настаълиқи хушхату хоно. Қоғазаш – навъи шарқӣ, муқоваю шерозаи ҷилд – мутаассил аз чарми булғории қирмизист. 
Дар ҳошияи нусха достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Мавлавӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ҷой дода шуда аст. Варақи 1 лавҳаи зебо дорад. Ҳаҷмаш – 14,5 × 22,5. Ҳаҷми матн бидуни ҳошия – 11 × 20,5. 
Аз 191 варақ иборат аст. Дар ҳар рўи варақ ғайри ҳошия 12 сатрӣ ҷой дода шудааст.