80 соли Нозирҷон Арабзода – пажӯҳишгари мумтози осори фалсафии Саъдӣ, Розӣ, Носири Хусрав

Агар умр вафо мекард, Нозирҷон Арабзода – ин файласуфи шинохтаву пажӯҳишгари донишманди осори фалсафии адибони классики форсу тоҷик ба синни мубораки 80 қадам мегузошт. Устод Арабзода аз ҷумлаи касонест, ки тӯли солҳои дароз фаъолият дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар садҳо шогирдонро дарси фалсафаву ҳикмат додаву даҳҳо нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои илмӣ навиштаанд.

Фишурдаи зиндагинома

Нозир Арабзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор. 20 декабри соли 1940 дар деҳаи Ашт дар хонадони зиёӣ ба дунё омад. Мактаби миёнаи Умари Хайёми деҳаи мазкурро бо медал хатм кард (1957). Факултаи филология ва таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо дипломи сурх хатм намуд (1962). Аспиранти шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1962-65), ходими хурди илмӣ (1965-68), ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Точикистон (1968-70), дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1970-94), дотсенти кафедраи фалсафаи маданияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994-96), дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат (1996-1999), профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (1999-2004). Нозир Арабзода 5 марти соли 2004 дар Душанбе чашм ба дунё пӯшид.

Ӯ муаллифи китобу мақолаҳои сершумори илмӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафаи тоҷик буда, пажӯҳишҳои бунёдии ӯ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахруддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон арзиши вежа доранд. Ба қалами Нозир Арабзода беш аз 30 мақолаи илмӣ дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” (Душанбе, 1978-1988) тааллуқ доранд, ки ба шарҳи мафҳуму масъалаҳои гуногуни фалсафӣ ихтисос доранд. Саҳми Нозир Арабзода дар таълифи китобҳои дарсии фалсафӣ низ қобили мулоҳиза аст. Аз ин қабил осор, ки ӯ дар ҳамкорӣ бо донишмандони тоҷик офаридааст, метавон “Очеркҳои таърихи фалсафа” (Душанбе, 1982) ва “Фалсафа”-ро зикр намуд. Ғайр аз навиштани мақолаю рисолаҳои илмӣ, ӯ дар таълиф, таҳрир ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим саҳм гузошта, муаллифи барномаҳои дарси фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик мебошад.

Яке аз вежагиҳои барҷастаи осори Нозир Арабзода диққат, вусъат ва умқи мавзӯи пажӯҳиш аст. Ӯ нахустин бор таҳлили комилу ҷомеи таълимоти диниву фалсафии Носири Хусравро пешниҳод кардааст, масъалаҳои илоҳиёти Носири Хусрав, аз ҷумла тавҳид, офариниши олам, шаккокӣ, таъвили Қуръон, нубувват ва имоматро мавриди таҳлил қарор додааст, масъалаҳои муаммои ҳастиро мавриди пажӯҳиши муфассал қарор додааст, таълимоти мутафаккир дар бораи аърози ҳастиро батафсил баён кардааст, ба гунаи нав моҳияти нафс ва масъалаи психофизикиро шарҳ додааст, дар бофтори таҳлили муаммои ҳастӣ мақоми инсон дар силсилаи маротиби ҳастиро арзёбӣ кардааст, ташобуҳ ва тафовути назарияи маърифати Носири Хусрав ва Ибни Синоро баррасӣ карда, таҳлили қиёсии таълимоти ахлоқии Носири Хусрав ва Абубакри Розиро пешниҳод намудааст, хирадгароии фалсафии мутафаккир дар шеърро бозтоб карда, ҷойгоҳи ахлоқии суханро мавриди баррасӣ қарор додааст. Номи рисолаи номзадиаш: «Таълимоти ахлоқии Саъдӣ» (Душанбе, 1968), рисолаи докториаш: «Фалсафаи исмоилияи Носири Хусрав» (Душанбе, 1998).

Нозирҷон Арабзода 5-уми майи соли 2004 аз олам даргузашт.

Матлабе, ки дар зер меояд, соли 2001 дар маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” чоп шудааст.

Файласуфи дақиқназар

Донишманди фарзона ва файласуфи намоён, доктори илмҳои фалсафа, профессор Нозир Арабзода анқариб чил сол дар муассисаҳои гуногуни илмиву таълимии кишвар ба таҳқиқу  тадрис машғул ҳастанд. Он кас ҳанўз дар соли 1968, дар сини 27 солагӣ, дар мавзўи «Таълимоти ахлоқии Саъдӣ» рисолаи номзадӣ дифо намуда буданд. Рисолаи докториро устод дар соли 1998 дифоъ менамоянд. Ба қалами мавсуф  китобу мақолаҳои зиёди пурмоя ва арзишманд андар таҳқиқи афкори фалсафии ниёгони бузургворамон чун Ибни Сино, Носири Хусрав, Фахриддини Розӣ, Насриддини Тусӣ, Саъдии Шерозӣ, Масъуди Саъди Салмон, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон таалуқ дошта, чанд китоби дарсии муфиду шоиста низ дар соҳаи фалсафа  зери килки ҳикматгўи он кас арзи андом кардаанд.

Аз вижагиҳои барҷастаи нигоштаҳои устод ҳамоно диди дақиқи фалсафӣ бо тамоми муқаррароти назариву амалии он илми куҳан мебошад. Ба баракати пажуҳишҳои ин донишманди фарохназар ва жарфнигор ба бисёр паҳлуҳои  торики маънавиёти халқи тоҷик рўшанӣ андохта шудааст, ки онро метавон дар рўзгори фарҳангии кишварамон ва хориҷ аз он бе ҳеҷ гуна муболиға ҳамчун воқеаи муҳимми илмӣ ба қалам дод. Гузашта аз таҳқиқу тадқиқ хидмати устод дар таълиму тарбия низ шоёни таҳсин ва тамҷид аст. Эшон даҳҳо мутахассисони соҳибхирад ва лоиқу пуртавонро монанди боғбони гулдаст ва ғамхор парваридаанд.

Файласуфи дардошною  нуқтакушо Нозирҷон Арабзода андарзи пурҳикмати Федор Достоевский «ҷафо кашидан, ҷафо кашидан, ҷафо кашидан» сармашқи кори созанда ва судманди худ  қарор додаанд, ки бо ин сурудаҳои  равонбахши Мавлоно Ҷомӣ  ҳаммаънӣ мебошанд:

Шамъ шав, шамъ шав, ки худро сўзӣ

То бадон базми касон афрўзӣ

Устод аз пуштибонон ва ҷонибдорони пуршўру сарсахти чандгароӣ (плюрализм)-и андешаҳо буда, бо схоластикаву муҳофизакорӣ (консерватизм) ва томравоӣ (тоталитаризм)-и афкор рўи хуш надоранд. «Ман, - бо лаҳни тунд навишта буд Волтер,- шуморо мурданивор бад мебинам, вале барои ақидаатон лаҳзаеро аз даст надода омодаам, ки ҷон нисор кунам». Маҳз ғояҳои фардофарини плюрализм барои дарки мўҳтавиёти нави фалсафӣ, ки маърифати оламро ба тамаддуни башарӣ ворид сохтааст, мусоидат намудаанд. Дар ин маврид баҳсу андешаҳои Ибни Сино ва Беруниро ба хотир овардан лозим аст, ки он ду абармард мисоли бориз аз ҳимоят ва тарвиҷи чандгироии андешаву пиндорҳо буда, дар ҷодаи усули маърифат ва тавсифи воқеъият фидокорона хидмат кардаанд.

Халқи тоҷик, ки зотан мардуми соҳибмаслаку воломақом ва бошандаи асливу бумии Осиёи Миёна мебошад, феълан дар чаҳорсўи марҳилаи мураккаб ва пурпечутоби гузариш ба чомиаи воқеан ҳуқуқбунёди демократӣ қарор дорад. Аз ин рў, аз воҷиботи аввалиндараҷаи аҳли зиёи Тоҷикистон аст, ки рисолати масъулиятнок ва бузурги таърихии тарбия ва ба мақсадҳои ростини воло раҳнамун сохтани миллатро ба дўш бигиранд ва аз ҷаҳду талош дар эҳёи фарҳанг ва маданияти асили миллӣ фурўгузорӣ накунанд. Ва устод Нозир Арабзода дар ин рамзгоҳ бо хидматҳои беғаразона ва фидокоронае, ки ба миллат тавассути афрўхтани чароғи  маърифат кардаанд ва мекунанд, бешак ҷойгоҳи басе баланду барозанда доранд. Дар фароварди ин мухтасар, бо истифода аз фурсат, мехостем бо устоди гиромиқадр Нозир Арабзода бори дигар рўзи милодашонро табрик гўем, ба он кас гуна ба гуна хушиҳои зиндагиро таманно намуда, барояшон дар корҳои эҷодиву илмиашон комёбиҳои нав ба нав орзу бикунем.

Муаллифон: И. Шарифов, А. Самиев, Н. Сайфуллоев

Илм ва ҳаёт. – 2001. –  №4-6

Дар Китобхонаи миллӣ аз Нозирҷон Арабзода матолиби зерро ҳам метавонед мутолиа намоед:

Плани машғулиятҳои семинарии курси материализми диалектикӣ. –Душанбе, 1980 (ҳаммуаллиф).

Примерные планы семинарских занятий по курсу диалектического материализма. – Душанбе, 1980 (соавтор).

Примерные планы семинарских занятий по курсу исторического материализма. – Душанбе, 1980 (соавтор).

Фахриддини Рози. Краткий анализ философских концепции. –  Душанбе, 1980.

Плани машғулиятҳои семинарии курси материализми таърихӣ. –  Душанбе, 1980 (ҳаммуаллиф).

Программаи курси «Асосҳои этикаи марксистӣ - ленинӣ».  –  Душанбе, 1980 (ҳаммуаллиф).

Носири Хусрав: Таҳқиқи назариёти фалсафӣ. – Душанбе, 1984.

Ақидаҳои ахлоқии Саъдӣ. – Душанбе, 1986.

Программаи имтиҳони давлатӣ аз марксизм - ленинизм.  –  Душанбе, 1988 (ҳаммуаллиф).

Фахруддин Розӣ. – Душанбе: Ирфон, 1993. – 88 с.

Носири Хусрав. – Душанбе: Маориф,1994. – 176 с.

Исмаилитская философия Носири Хусрава. – Душанбе, 1997.

Ҳикмати амалии Саъдӣ. – Душанбе, 2002.-132 с.

Ҷаҳони андешаи Носири Хусрав. – Душанбе: Нодир,2003. – 260 с.

Мир идей и размышлений Носири Хусрава. – Душанбе, 2003.- 264 с.

Шарифов, И.  Самиев, А. Сайфуллоев, Н.  Файласуфи дақиқназар: Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Н. Арабзода // Илм ва ҳаёт. – 2001. –  №4-6. – С. 6-7.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.

Номгӯи Китобҳои Нозирҷон Арабзода:

  1. Этические взгляды Саади. Душанбе, «Дониш», 1968. 129 с.
  2. Фахриддин Рози (краткий анализ философской концепции). Душанбе, “Дониш”, 1980. 67 с.
  3. Фахруддини Розӣ. Душанбе, “Ирфон”, 1993. 88 с.
  4. Носири Хусрав. Тадқиқи назариёти фалсафӣ. Душанбе, «Маориф», 1994. 176 с.
  5. Ҳикмати амалии Саъдӣ. Душанбе, “Нодир”, 2002. 133 с.
  6. Ҷаҳони андешаи Носири Хусрав. Душанбе, «Нодир», 2003. 259 с.
  7. Мир идей и размышлений Носира Хусрава. Душанбе, “Нодир”, 2003. 264 с.

Номгӯи мақолаҳое, ки дар маҷаллаҳо чоп шудаанд:

ба забони тоҷикӣ

  1. Оҳангҳои иҷтимоӣ дар “Ҳабсиёт”Масъуди Саъди Салмон// Садои Шарқ. 1965.
  2. Мафҳуми замон дар фалсафаи Носири Хусрав// Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон. Шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ. № 1, 1985.
  3. Расионализми шоирона// Мактаби советӣ. № 10, 1986.
  4. Муҳити маърифат// Садои Шарқ. № 12, 1986.
  5. Андешаҳои илмии Носири Хусрав// Мактаби советӣ. № 3, 1988
  6. Тавсифи категорияи макон дар фалсафаи Носири Хусрав// Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон, серияи фалсафа, иқтисодиёт ва ҳуқуқшиносӣ. № 1, 1988.
  7. Сирати ахлоқии Абубакри Розӣ// Садои Шарқ. № 11, 1988.
  8. Зарурти маърифати олам аз назари Носири Хусрав// Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон, серияи фалсафа, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ. № 4 (16), 1989.
  9. Ҳаракат аз диди Носири Хусрав// Илм ва ҳаёт. № 12, 1989.
  10. Андарзи Ҳакими Қубодиёнӣ// Садои Шарқ. № 12, 1989.
  11. Андешаи офариниш дар фалсафаи Носири Хусрав// Фарҳанг. № 7, 1991.
  12. Ҷавҳарияти ҷисм, модда ва сурат аз назари Носири Хусрав// Илм ва ҳаёт. № 2, 1991.
  13. Эҷодиёти Носири Хусрав// Маърифат. № 2, 1992.
  14. Шаккокии Носири Хусрав// Адаб. № 5, 1992.
  15. Носири Хусрав дар бораи нубувват ва имомат// Илм ва ҳаёт. № 7-8, 1993.
  16. Таъвили Қуръон дар илоҳиёти Носири Хусрав// Фарҳанг. № 1/3, 1993.
  17. Одоби сухан гуфтан дар таълимоти ахлоқии Носири Хусрав// Адаб. № 7, 1996.
  18. Фазилати некӣ ва накӯкорӣ дар таълимоти ахлоқии Носири Хусрав// Илм ва ҳаёт, 1999.
  19. Саъдӣ ва масъалаи ташаккули ахлоқ бо таъсири тарбият// Адаб. № 1, 2002.
  20. Нигоҳи нав ба зиндагиномаи Саъдии Шерозӣ// Адаб. № 3, 2002.
  21. Таълимоти расионалистии фалсафаи Носири Хусрав// Адаб. № 1, 2004.

ба хати форсӣ

  1. Мақоми инсон дар силсилаи маротиби ҳастӣ// Мероси Эрон, № 58, Ню-Ҷерси, ИМА, 2010.
  2. Шарҳи аҳволи Носири Хусрав// Мероси Эрон, № 59, Ню-Ҷерси, ИМА, 2010.

ба забони русӣ

  1. Диалог души и тела в философии Фахриддина Рози// Изв. АН Тадж. ССР, отделение общественных наук. № 1 (95), 1979.
  2. Сущность души. Трактовка психофизической проблемы в философии Носири Хусрава// Изв. АН Тадж. ССР, серия: философия, экономика, правоведение. № 1, 1991.

ба англисӣ

  1. Nasir-i Khusraw// Encyclopedia of Religion, Second Edition. USA, 2005.

Феҳристи мақолаҳое, ки дар рӯзномаҳои кишвар чоп шудаанд:

  1. Тарбия ва ташаккули шахсият ба ақидаи Саъдии Шерозӣ// Маориф ва маданият, 1965.
  2. Фалсафаи Насриддини Тӯсӣ// Маориф ва маданият, 1968.
  3. Фалсафаи Ибни Сино// 1969.
  4. Роҷеъ ба фалсафаи Ҳофиз// 1971.
  5. Нақши Ғаззолӣ дар фалсафа ва тасаввуф// 1976.
  6. Пажӯҳандаи ҳақоиқ// 1973.
  7. Фалсафаи ахлоқии Ибни Ямин// 1976.
  8. Умри бардавоми анъана// 1977.
  9. Назарияи маърифати Фахриддини Розӣ// 1977.
  10. Саъдӣ ва тасаввуф// 1977.
  11. Муҳовараи рӯҳу ҷисм дар фалсафаи Фахриддини Розӣ// 1979.
  12. Кори идеологӣ ва талаби айём// Маданияти Тоҷикистон, 1983.
  13. Қимати ҷинси сухан боло кунам...// Комсомоли Тоҷикистон, 1984.
  14. Гуманизми Носири Хусрав// Адабиёт ва санъат, № 37, 1989.
  15. Сухани тоза аз мавзӯи куҳан// Садои мардум, 1996.

Бо ҳаммуаллифӣ бо Мусо Диноршоев:

  1. Ибни Сино ва Фахриддини Розӣ// 1980.
  2. Баҳси мутакаллим бо файласуф// 1980.
  3. Маънии лаззат. МуНозирҷонаи Носири Хисрав бо Абӯбакри Розӣ// Адабиёт ва санъат, № 14, 1990.
  4. Насириддини Тӯсӣ ва исмоилиён//, 2000.

Бо Ғаффор Ашӯров:

  1. Сайқали хирад//, Тоҷикистони советӣ, № 156, 1970.

Бо   Умар Султонов:

  1. Шаҳиди Балхӣ – шоири файласуф// Маориф ва маданият, 1977.

Бо Раҳим Мусулмонқулов:

  1. Бо чашми кам мабин// Тоҷикистони советӣ, 1972.

Бо Н.Рустамов:

  1. Кошифи асрори фалсафӣ// Комсомоли Тоҷикистон, 1967.

Бо гурӯҳи муаллифон:

  1. Суруди дили Барно// Тоҷикистони советӣ, 1966.
  2. Таърих гувоҳ аст...// Газетаи муаллимон, № 15, 1983.
  3. Фурӯғи фитрати маънии Бедил// Омӯзгор, № 48, 2003.