Академик Пӯлод Бобоҷонов-ахтаршиноси маъруфе, ки ба ҷаҳониён ошност
Номи академик Пӯлод Бобоҷонов аз доира ва маҳдудаи Тоҷикистону атрофи он кайҳост берун шуда ва ба як шахсияти ҷаҳонӣ, олими пухтакору донишманд табдид ёфта. Дар адабиётҳои қаблии соҳаи кайҳоншиносии шуравӣ ва ҷаҳон дар кайҳон кашфи 400 метеор ва 20 сели метеориро ба номи олими тоҷик Пўлод Бобоҷонов пайванд медонанд.
Пўлод Бобоҷонов 15 октябри соли 1930 дар шаҳри Ўротеппа – Истаравшани имрўза ба дунё омадааст. Ходими давлатӣ, астрофизик, академики Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон (соли 1973), аъзо-корреспондент (соли 1966); доктори илмҳои физика ва математика (соли 1970), профессор (соли 1973).
Соли 1949 Институти педагогии шаҳри Хуҷандро хатм карда, дар шуъбаҳои аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов хондааст. Дониши фитрии ин олими ҷавони фалакшинос диққати хадамоти амниятии замони шуравиро ба худ кашид ва барои рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат намуд.
Солҳои 1954-1958 ходими калони илмии Расадхонаи астрономӣ, солҳои 1958-1959 ва соли 1971 мудири шуъбаи астрономияи метеории институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, солҳои 1959-1971 ва солҳои 1992-2002 директори ҳамин институт буд. Солҳои 1963-1967 роҳбари сохтмони Расадхонаи астрономии Ҳисори Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон буд.
Аз соли 1971 то 1982 ректори Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Солҳои 1980-1989 узви Президиуми Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва солҳои 1986-1989 ноиби президенти АИ Тоҷикистон буд.
Тадқиқоти илмии Бобоҷонов дар соҳаи астрофизика асосан ба мушоҳида ва муайян кардани мадор, табиати физикӣ ва тадқиқи тақсимоти моддаи метеорӣ дар фазои байнисайёравӣ алоқаманд аст.
Бо роҳбарии Бобоҷонов дар Институти астрофизикаи АФ ҶШС Тоҷикистон асбоби наззори метеорӣ сохта шуд, ки он усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии метеорҳоро дар ИҶШС асос гузошт.
Пўлод Бобоҷонов дар Душанбе соли 1958 ва бо супориши Шурои астрономии АФ ИҶШС дар Ҷумҳурии Сомалӣ дар соли 1967 стансияи мушоҳидаи фотографии радифҳои маснуи Заминро ташкил дод.
Хизматҳои Пўлод Бобоҷонов бо бисёр мукофотҳо, аз ҷумла мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (соли 1977), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва «Нишони фахрӣ», медали ба номи С. И. Вавилов ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Номи Пўлод Бобоҷоновро дар аксар энсиклопедияҳои ҷаҳонӣ, Энсиклопедияи Русия ва энсиклопедияҳои давлатҳои узви ИДМ дидан мумкин аст.
Дар адабиётҳои қаблии соҳаи кайҳоншиносии шуравӣ ва ҷаҳон дар кайҳон кашфи 400 метеор ва 20 сели метеориро ба номи олими тоҷик Пўлод Бобоҷонов пайванд медонанд.
Пўлод Бобоҷонов ҳанўз дар замони сохти тоталитарӣ ба барномаҳои бузурги таҳқиқотии «Соли байналхалқии геофизикӣ», «Соли ҳамкории байналхалқӣ», «Соли байналхалқии офтоби ором» ҷалб шуда, параметрҳои физикаи минтақаи метеориро дар қабатҳои болои атмосфераи Замин бо ёрии мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионӣ таҳқиқ кардааст.
Ҳоло ҷабҳаи тадқиқотии фалак ба воситаи киштиҳои байнисайёравии сунъӣ анҷом меёбад, ки дар он кулли тадқиқоти анҷомдодаи ин олим тасдиқи худро ёфтаанд.
Ин шабу рўз ягон дақиқаи кории худро бе шабакаи интернетӣ, ки бо барномаҳои махсуси нодир таъмин аст, намегузаронад. Расадхонаи машҳури «Ҳисор» ва дигар расадхонаҳо дар манотиқи Бадахшон андак бошад ҳам, ба замони нанотехнологии муосир мувофиқ гардонида шудааст. Ин ҳама корҳои дарёфт, талаб ва ройгон овардану насб намудан аз обрўю эътибори ҷаҳонӣ доштани Пўлод Бобоҷонов аст.
Бо пешниҳоди Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ солҳои 1968-1970 Пўлод Бобоҷонов ҳамчун роҳбари экспедитсияи шуравӣ оид ба омўхтани кайҳон ба давлати Сомалӣ, ки дар Африқои Шарқӣ воқеъ аст, рафта буд. Дар он ҷо бо роҳбарии ў ҷойивазкунии изҳои метеорӣ дар экватор чен карда шуд. Дар ин давлат бо пешниҳод ва роҳбарии ин олими забардасти тоҷик пойгоҳ – стансияи омўзиши кайҳон ба востиаи мушоҳидаҳои фотографии радифҳои маснуи Замин созмон ёфт. Ҳамин хел пойгоҳро ў дар ватани худ – Тоҷикистон соли 1961, соле, ки аввалин инсон аз Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ ба кайҳон парвоз намуда буд, бунёдкард.
Пўлод Бобоҷонов узви даҳҳо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла узви Иттиҳоди астрономҳои ИҶШС, ҳоло Русия, Анаҷумани байналхалқии геомагнетизм ва аэрономия, раиси шуъбаи душанбегии Ҷамъияти умумиҷаҳонии астрономиву геодезӣ мебошад.
Ў узви таҳририяи як қатор маҷаллаҳои байналмилалӣ оид ба омўзиши кайҳон мебошад. Маҷаллаҳо ба устоди худ Пўлод Бобоҷонов мақолаҳои дигар олимони ҷаҳонро барои иҷозати чоп мефиристанд. Танҳо баъди омўзиши дақиқ бо имзо иҷозат дода мешавад, ки ин ё он мақола рўи чопро бинад.
Ҳамсари Пўлод Бобоҷонов Муҳаббат Абдураҳмоновна Бобоҷонова мебошад, ки ҳоло доктори илмҳои биологӣ, профессор, мудири кафедраи физиологияи растании факултаи биологияи ДМТ аст. Онҳо аз аввал то имрўз зиндагии намунавии инсониро соҳибанд. Танзими оиладориро онҳо ҳанўз аз солҳои 60-уми қарни гузашта риоя карда меоянд.
Созмони Милали Муттаҳид хизматҳои Пўлод Бобоҷоновро оид ба илм ва маориф қадршиносӣ намуда, ўро ба ҷоизаи таъсисдодааш сарфароз гардонидааст.
Муаллифи 18 кашфиёт аст. Соли 1994 узви Ҷамъияти шоҳии астрономии Британия гардид. Соли 2003 ба гирифтани Ҷоизаи ба номи С. У. Умаров мушарраф гардид. Аз соли 2003 директори фахрии Институти астрофизика ва мушовири Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин соли 2010 сазовори Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» - ИДМ дар бахши «Илм ва маориф» гардид. Ба номи Пўлод Бобоҷонов астероиди № 7164 гузошта шудааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.468-469
ва сомонаи tg.wikipedia.org/wiki/
Пўлод Бобоҷонов ва рўзномаи // Тоҷикистон. – 2010. – 15 апрел.
Аз Пӯлод Бобоҷонов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:
Исследование скоростей извержения вещества из ядер комет. – Сталинабад, 1955.
Бобоҷонов, П. Сохти олам. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1957. – 33 с.
Бобоҷонов, П. Ҳамсафарҳои сунъӣ ва киштиҳои фалакпаймои советӣ. – Душанбе, 1963. – 68 с.
Методы и некоторые результаты фотографических исследований метеоров. – Москва, 1963.
Радиометеорные исследования циркуляции верхней атмосферы. – Душанбе, 1974.
Бобоҷонов, П. Астрономия дар ривоҷ: Нақли директори Институти астрофизикаи АФ РСС Тоҷикистон, аъзо-корреспонденти АФ РСС Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 17 октябр.
Бобоҷонов, П. Астрономия дар Душанбе // Комсомоли Тоҷикистон. – 1967. – 5 ноябр.
Бобоҷонов, П. Сайёҳони фалак: Нақли директори Институти астрофизика, аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 15 январ.
Бобоҷонов, П. Роҳи ситораҳо: Доир ба таърихи расадхонаи астрономии шаҳри Душанбе // Садои Шарқ. – 1972. – №10. – С.92-99.
Бобоҷонов, П. Б. Муҳаққиқони ситораҳо: Мусоҳиба бо мудири шуъбаи шиҳоби Институти астрофизикаи АФ РСС Тоҷикистон, академик П. Б. Бообоҷонов // Агитатори Тоҷикистон. – 1986. – №4. – С.23-25.
Бабаджанов, П.Б. Вклад Назаршо Додхудоева в науку: К 90-летию со дня рождения // Курьер Таджикистана. – 2005. – 15 декабря.
Бобоҷонов, П. Чаро дар бораи ман менависед: Суҳбати К. Аҳмад бо академики тоҷик, ситорашиноси маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Пўлод Бобоҷонов // Тоҷикистон. – 2010. – 15 апрел.
Дар бораи олими маъруф
Шагалов, Е. Кашфи асрори кайҳон: Дар бораи олими астрофизикаи тоҷик Пўлод Бобоҷонов // Тоҷикистони советӣ. – 1966. – 6 ноябр.
Абдуллоев, Н. Астрофизик: Ректори Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, роҳбари шўъбаи метеори Институти астрофизикаи Академияи фанҳои Тоҷикистон Пўлод Бобоҷонов // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 28 декабр.
Бобоҷонов П. Б. Астрономия // Энсиклопедияи советии тоҷик. – 1978. – Ҷ.1. – С. 468-469.
Ҷумъабоев, Қ. Дурахши истеъдод: Аз фаъолияти илмии олими ситорашинос, астрофизик, ректори Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин Пўлод Бобоҷонов // Садои Шарқ. – 1982. – №9. – С.55-62.
Шарофов, Б. Илмат ба амал чу ёр гардад: Дар бораи фаъолияти мудири шуъбаи метасфераҳои Институти астрофизиологияи АФ РСС Тоҷикистон, академик П. Бобоҷонов // Роҳи Ленинӣ. – 1988. – 19 июл.
Орипов, А. Мактаби академик Бобоҷон: Аз дафтари хотироти Пўлод Бобоҷонов – ситорашинос // Садои мардум. – 2002. – 28 декабр.
Расулӣ, Х. Шаст соли ҳамкорӣ бо ситораҳои калон: Суҳбат бо академик Пўлод Бобоҷонов // Ҷумҳурият. – 2010. – 12 октябр.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ