Маҳфили навбатии “Дар суҳбати соҳибдилон” бо ширкати шоираи маъруф Раънои Мубориз баргузор шуд ва ширкаткунандагон имкон доштанд бо шоира дар бораи ашъораш баҳс кунанд.
Мавзуъи Ватан, модар, замон дар муколамаи ширкаткунандагони маҳфили Дар суҳбати соҳибдилон бо шоираи маъруф Раънои Мубориз баҳс шуд.
Он ки донишомӯзон меоянд, боз ҳам мояи хушнудист. Пас маълум мешавад, ки Китобхонаи миллӣ ниёзҳои ҳамагонро бароварда месозад. Китобҳои дарсӣ ё гаронанд ва ё камёфт, вале ин мушкилро Китобхонаи миллӣ ҳалл мекунад. Ҳар сол садҳо номгӯ китобҳои тозачоп бо ҳар роҳ вориди ин боргоҳи маърифат мешаванд, ки дар миёнашон китобҳои илмиву дасрӣ кам нестанд. Ва бо чизи дигар: хонадагони мактабҳои миёна бештар меоянд. Аз ин гарм истиқбол мекунем. Онҳо, ки наврасонанд ва чун дар ин синну сол роҳи китобхона ёфтанд, яқинан дигар онро гум нахоҳанд кард.
Инсон дар ҳаёти хеш чанд маротибаҳо лағжишу афтишҳоро аз сар мегузаронад. Борҳо ин мушкилиҳо сабаби тарки фаъолияти касбӣ ё худ дурӣ аз ҳадафҳои пешгузошта мешавад. Андеша сари ин мавзўъ меравад, ки чаро мо бештар дар мушкилоти зиндагӣ дармемонем ва дар