Он ки донишомӯзон меоянд, боз ҳам мояи хушнудист. Пас маълум мешавад, ки Китобхонаи миллӣ ниёзҳои ҳамагонро бароварда месозад. Китобҳои дарсӣ ё гаронанд ва ё камёфт, вале ин мушкилро Китобхонаи миллӣ ҳалл мекунад. Ҳар сол садҳо номгӯ китобҳои тозачоп бо ҳар роҳ вориди ин боргоҳи маърифат мешаванд, ки дар миёнашон китобҳои илмиву дасрӣ кам нестанд. Ва бо чизи дигар: хонадагони мактабҳои миёна бештар меоянд. Аз ин гарм истиқбол мекунем. Онҳо, ки наврасонанд ва чун дар ин синну сол роҳи китобхона ёфтанд, яқинан дигар онро гум нахоҳанд кард.
Инсон дар ҳаёти хеш чанд маротибаҳо лағжишу афтишҳоро аз сар мегузаронад. Борҳо ин мушкилиҳо сабаби тарки фаъолияти касбӣ ё худ дурӣ аз ҳадафҳои пешгузошта мешавад. Андеша сари ин мавзўъ меравад, ки чаро мо бештар дар мушкилоти зиндагӣ дармемонем ва дар набард бо нобарориҳо мағлуб мешавем? Ва ман посухашро дар он дидам, ки шояд аз он ки бештар вақт аз ҳамнишини хубу розҳои танҳоӣ худро канор мекашем. Китоб аст, ки бузургонам “аниси кунҷи танҳӣ” ном ниҳодаанд. Яъне, ҳамдаму ҳамнишин ва рафиқи касест, ки гумон мекунад дар ин олам тани танҳост. Маҳз мутолиаи китоб ғамҳои танҳоиву андешаҳои мубҳамро мебарад.
Инсон ҳангоми мутолиаи китоб ба бисёр хостаҳову суолҳои беҷавобаш посух меёбад. Ҳамин аст ширинии ҳамнафасиву ҳамнишинӣ бо китоб!
Ҷое хонда будам, ки олиме менавишт: «Шахс агар як рўз аз мутолиа канора монад, солҳо аз пешравиҳои дунё дур мемонад». Шахс аз мутолиаи пайвастаи китоб сабақи ҳаёт мегирад, китоб роҳеро нишон медиҳад, ки гумон аст каси дигар қодир бошад туро ба он роҳ ҳидоят созад.
Дар ҷомеае, ки сатҳи ахлоқу маънавият коҳидааст, иллаташ дар ҳамин дурӣ аз мутолиа аст. Шахсе китоб мехонад, гумон аст даст ба пастӣ занад, чун ҳамнишинӣ бо китоб ҳидояти роҳу равиши зиндагист. Ва китоберо наметавон пайдо кард, ки инсонҳоро ба ҷурму ҷиноят ташвиқ кунанд.
Аммо мутаассифона, ҷойи китобро интернету дигар воситаҳои таблиғотӣ гирифтаанд ва ин воситаҳо, ки аз ҳар ҷо ва аз ҷониби ҳар гуруҳу ҳар даста одамон идора мешаванд, барномаи ягонаву муназзами тарбияи инсон надоранд. Аксаран фаҳшро таблиғ мекунанд, зӯровариву шиканҷаву хушунатро дар саргаҳи иттилоъи худ қарор медиҳанд, то расонаи худро пурхонандаву пурбинанда ёбанд.
Аммо баръкси ин китобҳо равиши дигари таъсир доранд. Муаллифонашон дақиқанд, ҷойи чоп мушаххас. Хонанда медонад, ки аз кӣ чӣ мехонад.
Имрӯз Китобхонаи миллӣ ба маконе табдил шуда, ки ҳама ташнагони дониш рӯ ба он меоранд. Ва воқеъият ҳам ин аст, ки шароитҳои зарурӣ барои мутолиа муҳайёанд. Толорҳои барҳаво, интихоби густарда аз миёни на яку ду, балки миллионҳо китоб, толорҳои хониши электронӣ, тафреҳгоҳҳо ва ғайра.
Имрӯз толорҳои пур аз ҷавонони донишомӯз хотири касро болида месозад. Аммо тааасуф ҷойи дигар аст: аксари ин афрод донишҷӯёнанд ва ё хонандагони мактабҳои миёна, ки барои омодагӣ ба дарсҳо омадаанд. Дил мехоҳад сафи китобхонҳои ҳамешагиро афзун бубинад. Инҳо каманд ва ҷойи нигарониву таассуф низ ин ҷост.
Дар китобхона мутолиаи китоб осонтар аст чун имкони интихоби китоби беҳтар зиёд аст. Моро дил мехоҳад ин гуна китобхонҳо дошта бошем, ки барои иҷрои саривақтии дархосташон талош кунанд. Моро ин хуш меояд, чун мебинем, ки аз заҳмати созандагони ин бинои пурҳашмат имрӯз хуб истифода мешавад.
Вале он ки донишомӯзон меоянд, боз ҳам мояи хушнудист. Пас маълум мешавад, ки Китобхонаи миллӣ ниёзҳои ҳамагонро бароварда месозад. Китобҳои дарсӣ ё гаронанд ва ё камёфт, вале ин мушкилро Китобхонаи миллӣ ҳалл мекунад. Ҳар сол садҳо номгӯ китобҳои тозачоп бо ҳар роҳ вориди ин боргоҳи маърифат мешаванд, ки дар миёнашон китобҳои илмиву дасрӣ кам нестанд.
Ва бо чизи дигар: хонадагони мактабҳои миёна бештар меоянд. Аз ин гарм истиқбол мекунем. Онҳо, ки наврасонанд ва чун дар ин синну сол роҳи китобхона ёфтанд, яқинан дигар онро гум нахоҳанд кард.
Абдуғаюр Саломов,
корманди Шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ
Расм Фейсбук