Нақши пешвои миллат дар рушди китобу китобдорӣ
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз, мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳо, ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрўз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Агар ба таърихи тамаддуни ин миллат аз диди таҳқиқ назар афканем, мебинем, ки дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ, новобаста аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ миллати тоҷик ба китобхониву китобдорӣ ва ҳифзу нигоҳдории онтаваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд.
Дар заминаи суннатҳои мавҷудаи фарҳангӣ ва анъанаҳои арзишманди китобу китобдории миллӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои давлатҳои рушдёфта ва меъёрҳои байналмилалӣ соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон такмил дода шуд.
Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардўсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни миллатҳо пештозу пешрафта ба шумор меравад. Ин миллат дар ҳама давру замон рўи дасташ китоб буд. Кору рўзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст. Ин маъниро Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зикр кардаанд. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2019 қайд намудаанд, ки: «Мо бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рў оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷўи илму донишро ҷой кунем».
Ҳанўз 4 сентябри соли 2007 Пешвои миллат зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «бо назардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рўзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рўзи китоб муқаррар карда шавад».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат ва Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин анъанаи варзида- эҳтироми китобу китобхонӣ корҳои шоёне анҷом дода шудааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.
Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, нашри силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд, таҷлили «Рўзи китоб», бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва баргузории озмунҳо оид ба китобу китобхонӣ муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд.
Иқтибос аз суханронии Пешвои муаззами миллат дар маросими ифтитоҳи бинои КМТ «Имрўз, ки ҷашни Наврўз дар Китобхонаи нави миллӣ доир мегардад, ҷоиз медонам, ки оид ба таърихи китобдории мардуми фарҳангпарварамон ва нақши китоб дар ҳаёти ҷомеа чанд сухан иброз дорам. Мехоҳам бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқиммат эҳтиёт мекарданд.
Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд.
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Ҳамзамон дар Паёми хеш Пешвои муаззами миллат (26.12.2019) боре дигар нақш ва манзалати китобу китобхонаро дар рушди ҷомеаи муосир қайд намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Зимни ироаи Паём баён гардида буд, ки: «ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».
Шоиста ба зикр аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷўён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.
Соли дуюм аст, ки бо ибтикор ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва тамоми қишрҳои ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида истодааст.
Таваҷҷуҳи хос ва таъкиди ҷузъиёти баргузории озмуни мазкур аз ҷониби Пешвои миллат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан камолоти насли навраси тоҷик беандоза бузург аст.
Ин иқдоми фарҳангӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархўрди тамаддуну қудратҳо ва ҷой доштани равияву гурўҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ аст. Ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона намегарданд.
Мо итминони комил дорем, ки бо эълон гардидани ин озмун на танҳо таваҷҷуҳи аҳли илму адаб, мактаббачагон ва донишҷўён ба мутолиа ва китоб бештар мегардад, балки як такони ҷиддие барои ба китоб рў овардани қишрҳои дигари ҷомеа низ хоҳад буд.
Дар воқеъ, мутолиа намудани китоб фаъолияти боарзише мебошад, ки муҷиби пешрафти ҷомеа дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фановарӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Чуноне донишманду файласуф Суқрот мегӯяд, «ҷомеа вақте фарзонагиву саодат мебинад, ки хондану мутолиа кори ҳаррўзаашон бошад». Аммо бисёре аз афроди ҷомеаи имрўза ин муҳиммиятро нодида гирифта, вақти пурарзиши умри худро сарфи мутолиаи китоб қарор намедиҳанд.
Донишмандон китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор номидаанд. Зеро китоб чун хуршед фазои зиндагиро равшан мекунад, чун борон бар сарзамини қалбҳо меборад ва андешаҳову кирдорҳоро равнақу зебоиву тароват медиҳад. Китоб нақше ба монанди парандагон ба одамӣ дорад, ки ўро барои бол кашидану парвоз намудан омада месозад. Дар партави китоб аст, ки шукуфоӣ, сарсабзиву боландагии фарҳангу маърифати мо ба авҷ мерасад. Китоб волотарин ҷойгоҳро дар густурдаҳои фардиву иҷтимоӣ дорост, ки бар қалбҳову андешаҳо медурахшад ва пайваста бар зиндагӣ нўрафшонӣ хоҳад кард.
Гадобек Маҳмудов,
муовини директори КМТ