Activities calendar

25 февраля 2020

Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигохдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.  

Китоби нав: “Мафҳуми «иҷтимоӣ” дар илмҳои иҷтимоӣ”

 Дар  дастури  таълимии  мазкур  оид  ба  таърихи  пайдошавии   мафҳуми  иҷтимоӣ  ва  баҳсҳои  илмӣ  нисбат  ба  моҳият, мундариҷа  ва  шарҳи  мазмуни  он  маълумотҳои  ҷолиби  диққат  оварда  шудаанд. Муаллифон Х.Зеваров ва О.Расулова мебошанд.

 Ҳангоми  омўзиши  таърихи  кори  иҷтимоӣ,  фанҳои  назарияи  кори  иҷтимоӣ  сотсиология, забони  русӣ   ва  англисӣ  дар  ихтисосҳои  соҳаи  иҷтимоӣ  ин  мавод  дастури  муфид  мебошад.

 

БАҲМАНЁР Сулаймонӣ. “Ҳазор ҳикмати ҳакимон”

​ Инсоният  аз  нахустин  рўзҳои  шинохти  хеш   ба  андешаи  ноб  ниёз  дорад  ва  умедвор  аст,  ки   матолиби  дарккардааш  манфиати  миллӣ   дошта   бошта  бошанд. Аз  ин  рў, дар ҳама  давру замон афроди  алоҳида  талош  меварзанд, ки  шахси  фаромарзӣ   бошанд. Тамоми  аҳдоф  ва  хоҳишоти  мусбии  инсон  он   гоҳ  дар  амал   татбиқ  мегарданд, ки  худи   шахс  болотар  аз  хоҳишҳои  аразиаш   қарор  гирад  ва он  гуна  андешаи  дурбин   дошта бошад,  ки  дар хотираи  наслҳои  имрўзу  оянда  чун  симои  рўбарўи  оина  ҳамеша  равшану  мунаввар  боқӣ   монад.

 

УБАЙД РАҶАБ: Адабиёти бачаҳо ва тарбияи ахлоқ

 Вазифаи адабиёти кўдакон пеш аз ҳама тавассути каломи бадеъ ва образҳои ибратомўз дар кўдак тарбия кардани накўтарин хислат ва сифатҳои инсон аст. Роҳи  паймудаи адабиёти тоҷик дурустии ин матлабро тасдиқ мекунад. Собит шудааст, ки маҳз кўдак аз адабиёт беш аз ҳама ибрат мегирад. Чунон ки мегўянд, кўдак ду маротиба тавлид мешавад.