Дар ин китобча нахустин нигоштаҳои талабаи синфи 5-и МТМУ рақами 47-и ноҳияи Сино Мадина Каримзода гирд оварда шудааст. Мадина узви фаъоли махфили «Ҳамешабаҳор» аст, ки ба он шоири шинохта Хайрандеш роҳбарӣ мекунад. Ба китоби нахустинаш «Ҳамешабаҳор» ном гузоштани Мадина низ арҷгузорӣ ба устодаш Хайрандеш ва маҳфили “Ҳамешабаҳор” аст. Албатта, нигоштаҳои Мадина ҳанўз шогирдонаанд ва аз камбуд орӣ нестанд. Вале аз азми устувор ва меҳру муҳаббати самимиаш ба сўханварӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Ин ду шеър чун муште аз хирвор аз китоби “Ҳамешабаҳор”-и
Аз мавлуди олими забардаст ва донишманди фозил Зоҳир Аҳрорӣ 90 сол мегузарад ва аз маргаш 11 сол. Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст.
Ҳадиса аз шоираҳои пурмаҳсули тоҷик аст. Муаллифи китобҳои «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ. мебошад.
ҲАДИСА (Ҳадиса Қурбонова) 17 феврали соли 1940 дар деҳаи
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 30 нусха китобҳои бадеии тозанашр тақдим намуд.
Акнун хонандагон метавонанд бо китобҳои М. Тоҷиддинӣ: «Мусоҳиба бо Ҳофиз», С. Аюбӣ