Тоҷикистон олимони варзидаи соҳаи тиб дорад, ки дар радифи шинохтарин табибони олам ёдоварӣ мешаванд. Китобҳои таълифкардаи иддае аз олимони тибби тоҷик китобҳои маъруфи тибби ҷаҳонианд. Профессор Алексей Ким низ аз ҷумлаи табибони шуҳратёрест, ки дар Тоҷикистон зода шуд, таҳсил кард, таҷриба омӯхт ва ҳоло профессори кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои
Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашри дуюми иловадори китоби дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода бо номи «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар ҳаҷми 640 саҳифа ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи кишвар дар арсаҳои мухталиф ва ба ин хотир фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ – бахшида шудааст.
Эдвард Фитсҷералд кист?
Фитсҷералд дар 31 моҳи март (мусодиф бо айёми Наврўзи Ҷалолӣ) 1809 дар Инглистон ба дунё омад ва дар 14 моҳи июн 1883 падруди ҳаёт гуфт. Фитсҷералд ба соли 1826 аз колеҷи Тринти вобаста ба донишгоҳи Кембриҷ фориғуттаҳсил шуд. Рафту омад ва омўзиши ў бештар бо донишгоҳиён ва шоирон ва аҳли адаб буд. Дар 1844 бо ҷавони ҳаждаҳсолае ба номи Ковел ошно шуд, ки ғарқа дар пажўҳиши адабӣ дар кутуби форсӣ ва испониёӣ буд.
Фитсҷералд аз хонаводаи мутамаккин (сарватманд) буд,