Зодаи Тоҷикистон, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад
Нашр шуд 2020-02-05 16:20
Тоҷикистон олимони варзидаи соҳаи тиб дорад, ки дар радифи шинохтарин табибони олам ёдоварӣ мешаванд. Китобҳои таълифкардаи иддае аз олимони тибби тоҷик китобҳои маъруфи тибби ҷаҳонианд. Профессор Алексей Ким низ аз ҷумлаи табибони шуҳратёрест, ки дар Тоҷикистон зода шуд, таҳсил кард, таҷриба омӯхт ва ҳоло профессори кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои факултаи такмили ихтисоси Донишгоҳи тиббии стоматологии Маскав мебошад.
Ким Алексей Иванович 3-юми феврали соли 1960 дар шаҳри Кулоб ба дунё омадааст. Ҷарроҳи дил, доктори илмҳои тиб (2001), профессор (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1983). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №1 ДДТТ дар назди Беморхонаи клиники шаҳрии №5 (1983-1985), духтури ҳамин беморхона (1985-1987).
Аспирант ва ходими илмии шўъбаи кўдакони хурдсоли Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ Русия (1987-1990), ходими илмӣ, мудири хадамоти ҷарроҳии шуъбаи ҷарроҳии оҷил ва муолиҷаи интенсивии навзодон (1991-1999), мудири шуъбаи ҷарроҳии таҷдидии кўдакони навзод ва хурдсоли гирифтори нуқси модарзодии дили Маркази номбурда (аз1999).
Оид ба масъалаи барқарорсозии унсурҳои осебёфтаи дил бо истифода аз технологияи генӣ ва ҳуҷайрагӣ тадқиқот мебарад. Муаллифи зиёда аз 180 таълифоти илмист.
Таҳти роҳбарии ў панҷ нафар рисолаҳои номзади дифоъ намудаанд. Солҳои 1996-2003 ассистенти кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои Академияи тибии Москва ба номи Сеченов буд.
Аз соли 2003 профессори кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои факултаи такмили ихтисоси Донишгоҳи тиббии стоматологӣ. Бо Ҷоизаи умумироссиягии ба номи В.И. Бураковский, нишони фахрии Вазорати тандурусти ва рушди иҷтимоии «Милосердия», Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Саха - Якутия қадр шудааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи давлатии тиббии Тоҷикистон. – Душанбе, 2009. – С. 339.
Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ