Activities calendar

20 февраля 2020

Хушхабар: Девони Аҳмади Дониш дар шаҳри Тошканд пайдо шудааст

 Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон девони ашъори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш пайдо шуд. Дар ин бора Файзхоҷа Маҳмудов, муҳаққиқи бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, зимни матлабе дар сомонаи рӯзномаи  «Овози Самарқанд» иттилоъ додааст. Дар ин мақола  Файзхоҷа Маҳмудов навиштааст, ки то ҳол аз осори Аҳмад Махдуми Дониш китобҳои

Китоби нав: Шарқ дар оинаи Ғарб

 Дар китоби нави устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Абдурашид Самадов «Шарқ дар оинаи Ғарб» сухан аз боби тарҷумону муҳаққиқони Аврупо ва Амрико меравад. Хотирнишон бояд сохт, ки ҳарчанд Э.Браун, В.Ҷонс, А.Арбери, Р.Николсон, Н.Контесед, А.Маришимил, Гертруда Бел, А.Хансбергер ва Ситсилия Бону барин мусташриқону тарҷумонҳо дар бахши тарҷума ва тарғиби осори гаронбаҳои адибони форсу тоҷик хизматҳои зиёде ба харҷ додаанд, вале хонандагони тоҷик ба хусус, устодону шогирдони шуъбаҳои тарҷумонии макотиби олии кишвар аз эшон маълумоти кофӣ надоранд. Китоби мазкур, ки ба забони содаю равон таълиф гардидааст, барои донишҷўёну магистрантон ва аспирантону

“Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”

 Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чорабинии идона бахшида ба Артиши миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” доир гардид.

 Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини  

Худкушии Владимир Маяковский (1893-1930)

 Владимир Маяковский шоир, намоишноманавис ва бозигар (актёр)-и рус дар таърихи 19 июли соли 1893 дар Гурҷистон ба дунё омад. Дар Русияи сезарӣ бар зидди сезар мубориза мекард ва ба зиндон афтод. Маяковский қабл аз инқилоби соли 1917 ба шуҳрат расид. Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид.

  Ӯ шоире футурист буд. Футурист ба ин маъно ки 

Барқияи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

 
 

“Роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

​ Баъд аз зуҳри рӯзи 19-уми феврали соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Муассисаи давлатии  «Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон» мизи мудаввар бо иштироки коршиносони соҳаи  китобдорӣ  зери  унвони  “Роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ  дар  фаъолияти  китобхонаҳои  Ҷумҳурии