Activities calendar

26 февраля 2020

Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Аврупо муаррифӣ мегарданд

​Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон бояд ба мардуми Аврупо муаррифӣ гарданд. Ин нуктаро 25 феврал Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон зимни мулоқот бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии 

Нақши пешвои миллат дар рушди китобу китобдорӣ

​ Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин лиҳоз, мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром китобҳо, ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрўз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

 Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи .

Дарахтшинонӣ дар Китобхонаи миллӣ

​Дирӯз дар Китобхонаи милли ба истиқболи баҳор рӯзи ободонӣ буд. Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд. Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.

Саҳифаҳои дурахшони 70 соли пуршараф

 Ин китоб ба таъсиси факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки соли гузашта 70-солагии худро ҷашн гирифт. Ректори пешини он академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар с арсухани китоб навиштааст: Мояи ифтихору шарафмандист, ки дар рўзҳои таҷлили ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дурнамои рушди Тоҷикистони азизро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд муайян намудааст, 70-умин солгарди таъсисёбии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро бо шукргузорӣ ва сиёсати маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ваҳдату созандагии  ҷашн мегирем.

Модарномаи муҳоҷири овора

​ Эссеи  «Модарномаи  муҳоҷири  овора» дар  эҷодиёти  Сайдаҳмади  Зардон  ҷойгоҳи  вежа  дорад. Онро  ба  далели   латофати  баён  ва  ҷазобияту  салосати  сухан  метавон  шеъри  мансур  низ  номид. Ёди  Модару  Ватан, меҳри  сарзамини  адждодӣ  ва  азизону  пайвандон  ягона  дороӣ, буду  шуди  қаҳрамони  асар  аст, ки  дар  шакли  нома  ба  модар  баён  шудааст. Ин  меҳру  муҳаббати  бепоён   муаллифи  номаро  дар  муҳликтарин  лаҳзаҳо   низ  чун  тумори  балогардон  ҳифз  менамояд, то ўро  ба  сарзаманзили  мақсуд   бирасонад.

 

Таърихи адабиёт дар ҷаҳон: Фоҷианомаҳои Юнони Бостон

​ Аз имрӯз тарҳи нав оғоз мекунем. Ҳадаф муаррифии хонандагон бо чеҳраҳои адабии олам ва таърихи рушди ададбиёти ҷаҳон аст. Тарҳи навро аз Юнони Бостон шуруъ мекунем, чун эҳтимолан хелеҳо таърихи адабиёт дар ин қитъаи оламро, ки бузургтарин адибону файласуфонро ба ҷаҳониён додааст, камтар медонанд.

Фоҷианомаҳои Юнони Бостон

 Фоҷианомаҳои Юнон шабаҳи асосии худро аз сурудҳои умумиҷаҳони (хор) гирифтааст, ки пайдоиши онҳо ба ибодати худо Дионис алоқаманд аст. Барои ҳамин хор дар фоҷиа (традегия) ва