Таърихи адабиёт дар ҷаҳон: Фоҷианомаҳои Юнони Бостон
Аз имрӯз тарҳи нав оғоз мекунем. Ҳадаф муаррифии хонандагон бо чеҳраҳои адабии олам ва таърихи рушди ададбиёти ҷаҳон аст. Тарҳи навро аз Юнони Бостон шуруъ мекунем, чун эҳтимолан хелеҳо таърихи адабиёт дар ин қитъаи оламро, ки бузургтарин адибону файласуфонро ба ҷаҳониён додааст, камтар медонанд.
Фоҷианомаҳои Юнони Бостон
Фоҷианомаҳои Юнон шабаҳи асосии худро аз сурудҳои умумиҷаҳони (хор) гирифтааст, ки пайдоиши онҳо ба ибодати худо Дионис алоқаманд аст. Барои ҳамин хор дар фоҷиа (традегия) ва ҳам дар мазҳака (комедия) мавқеи асосӣ дошта, аз унсурҳои муҳимми он ба ҳисоб меравад. Дар хор шаклу усулҳои гуногуни сурудҳои лирикӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, сурудҳоеро, ки хор ҳангоми баромадан бо оркестр иҷро мекунад, парад ва сурудеро, ки рост истода ва ҳангоми ҳаракат хондааст, стасимов, суруди ҷамъбасткунандаи хорро эксодом, саҳнае, ки бо якҷоягии хор ва актёрон иҷро мегардад, комос гуфтаанд.
Ана ҳамин аст рукнҳои асосии трагедияи Юнон. Трагедияи Юнон монанди эпос ба мифология алоқаи наздик дорад. Аммо ба назар гирифтан лозим аст, ки драматургияи Юнон ва пешрафту инкишофи он ҳарчанд сужетҳои мифологӣ дорад, аммо аз он эҷодкорона баҳра бардоштааст. Ҳодисаҳое низ ба назар мерасад, ки драматургҳои гуногун ба айни як миф муроҷиат кардаанд, аммо ҳар яки онҳо бо тарзи хоси худ баҳра бардошта, ба тарзи хоси худ маънидод намудаанд. Аз ҷумла «Хоефор» - и Эсхил, «Электра» - и Софокл ва «Электра» - и Еврипид ҳамин гуна хусусият доранд. Фоҷианависони асосии Юнон сужетҳои мифологиро барои баёни масъалаҳои умдаи сиёсӣ, фалсафӣ ва мадании худ истифода бурдаанд. Фоҷианависони асосии Юнон Эсхил, Софокл ва Еврипид мебошан, ки осори онҳо дар байни ганҷинаи театри ҷаҳонӣ мавқеи боифтихор дорад.
Эсхил
( 525 – 456 то мелод )
Эсхил дуюмин трагедиянависи Юнони Бостон пас аз Феспис аст ва осори ӯ боиси такомули забони трагедия дар Юнони Бостон шуд. Ҳаёт ва эҷодиёти «падари фоҷиа» Эсхил ба муборизаи юнониён барои озодӣ ва истиқлолашон ба муқобили форсҳо ва дар бораи барқароршавии демократияи ғуломдорӣ алоқаи зич дорад. Маълумот дар бораи тарҷумаи ҳоли Эсхил торик аст ва танҳо маълум аст, ки дар оилаи заминдор таваллуд ёфтааст ва худи ў иштироккунандаи ҷанги Юнону Форс буд. Ў дар набардҳои назди Марафон, Саламин ва Плитея иштирок намудааст ва соли 456 то солшумории мо дар Силитсия вафот кардааст.
Тахмин мекунанд, ки Эсхил қариб 90 асари драмавӣ эҷод намудаатст, аммо аз танҳо 7 фоҷианома боқӣ мондааст. Дар соли 472 то мелод фоҷианомаи таърихии Эсхил «Форсҳо» намоиш дода шудааст, ки он дар бораи пахши флоти форсҳо аз ҷониби юнониён дар ҷазираи Саламин дар соли 480 то милод маълумот медиҳад.
Ғайр аз фоҷианомаи «Форсҳо» фоҷиаҳои қаблаи эҷод намудани Эсхил «Илтиҷокунандагон», «Хохишкунандагон», «Прметейи занҷирбанд», «Орестон», «Агамемнон» маълуманд.
Асоси фоҷаномаи «Прометейи занҷирбанд» -ро асотир дар бораи паҳлавон Прометей ва барои инсоният оташро аз Зевс дуздидани ў ва ба ҷазои сахт гирифтор шуданаш ташкил медиҳад. Воқеаҳои ин фоҷиа дар як гўшаи замин, дар Скиф мегузарад. Ба ин ҷо ғуломони Зевс Прометейи занҷирбандро меоранд. Бо фармони Зевс ўро ба харсанг занҷирбанд мекунанд. Баъд Прометей ба табиат муроҷиат менамояд, аз золимӣ ва ноадолатии Зевс шикоят мекунад.
Ба назди Прометей Океанида (духтари худо Океан) меояд ва ба паҳлавони занҷирбанд ҳамдардӣ баён намуда, пурсон мешмавад, ки барои чи Зевс ин қадар зулмро дар ҳаққи ў раво дидааст. Прометей аз муҳаббати ба инсоният доштааш ва некии ба онҳо кардааш ҳикоят мекунад. Дар ин лаҳза худо Океан пайдо мешавад ва Прометейро розӣ карданӣ мешавад, ки бо Зеве сулҳ бандад ва бадбиниашро нисбат ба Зевс хотима диҳад, аммо Прометей ин таклифро рад мекунад.
Прометей аз Зевс ҳарос надоранд, чунки ў аз модари худ асрори Зевсро шунида буд.Дар охир Зевс ба назди Прометей Ҳермесро равон мекунад, аммо тамоми хоҳиш ва таҳдиди Ҳермес таъсир намерасонад ва Ҳермес пеш аз рафтан таҳдид менамояд, ки ҷазои сахте дар пеш аст. Зевс дар охир таҳдидҳои худро амалӣ мекунад. Харсанг ҳамроҳи Прометей нобуд мешавад.
Дар сегонаи «Орестея» дар бораи тақдири Орест нақл карда мешавад, ки бо фармони худо Аполлон модари худаш Клитемастраро мекушад, зеро модараш замоне падари ўро куштааст. Орест барои ин гуноҳаш боиси сарзанишҳои зиёд мегардад ва дар қисми охири сегона «Эвминидаҳо» Орест суд карда мешавад ва трилогия сафедшавии Орест ба охир мерасад.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.